Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳило Сиддиқӣ, шоири эронӣ боздошт шуд


Мақомоти Эрон рӯзи панҷшанбе Ҳило Сиддиқӣ, як шоири ҷавонро, ки дар эътирозҳои интихоботи президентии соли 2009 аз Мирҳусайн Мусавӣ ҷонибдорӣ кард буд ва дар хориҷ ба сар мебурд, боздошт карданд.

Ҳило Сиддиқӣ, шоири эътирозгари эронӣ рӯзи панҷшанбеи 8-уми январ дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон боздошт шудааст. Яке аз наздикони Ҳило Сиддиқӣ дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, хабари боздошти ин шоирро таъйид кард.

Вебсайти "Калима" наздик ба Мирҳусайн Мусавӣ ҳам дар гузорише аз боздошти Ҳило Сиддиқӣ ҳини ворид шудан ба Эрон дар фурудгоҳ навиштааст: "Гуфта шудааст, барои вай додситонӣ парванда боз намуда ва ӯро ба таври ғоибона маҳкум кардаанд."

Ҳило Сиддиқӣ пас аз эътирозҳо ба натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон дар соли 2009, чандин бор ба мақомоти додгоҳии он кишвар даъват ва бозҷӯӣ шуда буд. Вай дар соли 2011 боздошт шуд. Тибқи гузоришҳо, додгоҳи инқилоби исломӣ Ҳило Сиддиқиро ба чаҳор моҳ ҳабс ва дар зиндони машҳури Увейн зиндонӣ карда буд.

Ин шоири эронӣ дар соли 2011 ба ҳамроҳи 60 нависанда ва шоир аз 19 кишвари ҷаҳон барандаи Ҷоизаи озодии баён "Ҳеллман Ҳамметт" шуда буд.

Дар баёнияи Созмони ҳукуқи башар дар хусуси додани ҷоизаи озодии баён Ҳеллман Ҳамметт ба Ҳило Сиддиқӣ навишта буд, ки вай дар вокуниш ба саркӯби шадиди эътирозҳои мардум ба натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2009, шеърҳои гуногун сурудааст. Вай барои ҳамин ашъор дар соли 2010 боздошт шуд ва таҳти бозҷӯӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG