Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди "Кайҳон" аз созишномаи амниятии Эрон бо Тоҷикистон


Рӯзномаи "Кайҳон"-и чопи Теҳрон аз вакилони Маҷлиси исломӣ ё парлумони он кишвар барои имзои шитобкоронаи мувофиқатномаи ҳамкории амниятӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон ба шиддат интиқод кардааст.

Рӯзномаи "Кайҳон"-и чопи Теҳрон, ки ба ҳалқаҳои усулгароён дар Эрон наздик мебошад, дар шумораи рӯзи 12-уми январи худ тасвиби созишномаи амниятӣ ва низомӣ миёни Душанбе ва Теҳронро ба боди интиқод кашидааст.

Ҳусайн Шамсиён - муаллифи мақолаи "Ҳифзи иззати мардум вазифаи чӣ касе аст?" бо ишора ба мутаваққиф шудани ирсоли донишҷӯёни тоҷик ба Эрон бинобар "адами вуҷуди амният", вакилони парлумони он кишварро интиқод кардааст, ки созишномаи амниятӣ ва низомӣ миёни ду кишварро тасвиб кардаанд.

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 11 январ зимни нишасти хабарии ин ниҳод ҷониби Эронро ба ваъдахилофӣ дар интиқоли донишҷӯёни муттаҳам карда буд. Оқои Саид гуфта буд, ки соли гузашта он кишвар 91 довталабро қабул карда ва танҳо 43 тани онҳоро ба Эрон бурдааст.

Муаллиф дар ин мақола ба сурати умумӣ дар робита ба таниши ахири Риёз ва Теҳрон баҳс мекунад, ки чигуна мақомоти Арабистони Саудӣ бо молу пул кишварҳои дигарро ба сӯи худ ҷалб намуда ва дар онҳоро дар ҷабҳаи зидди эронӣ қарор додаанд.

Муаллиф дар идомаи ин баҳс менависад, ки "дар охирин намуна давлати Тоҷикистон эъзоми донишҷӯёнашро ба Эрон ба баҳонаи "адами вуҷуди амният" мутаваққиф мекунад! ва мутаассифона, намояндагони Маҷлис танҳо чанд соат пас аз иқдоми густохона ва бешармонаи Тоҷикистон, мувофиқатномаи ҳамкории амниятӣ ва низомии миёни Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасвиб карданд! Ва намеандешанд, ки барои эҳтиром ба иззати мардуми Эрон чанд рӯз даст нигаҳ доранд!?"

Маҷлиси Эрон рӯзи 12-уми январ тарҳи мувофиқатномаи ҳамкории амниятӣ ва низомӣ миёни Душанбе ва Теҳронро ба тасвиб расонд. Ҷузъиёти бештари ин мувофиқатнома маълум нест. Аммо баъзе аз расонаҳои Эрон дар ин замина чанд хабар нашр карда ва чунин гашти Теҳронро “посух ба эронситезии Тоҷикистон” номидаанд.

Ин мувофиқатнома, ки аз муқаддима ва 11 модда иборат аст, ҳамкории Эрону Тоҷикистонро дар бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризм, муқобила бо нерӯҳои кишвари севум дар қаламрави тарафҳо, мубориза бо қочоқи маводи муххадир, силоҳ, инсон ва ҷиноятҳои кибернетикӣ дар бар мегирад.

Интиқоди рӯзномаи наздик ба усулгароён аз парлумони Эрон дар ҳолест, ки Тоҷикистон Эронро баъди баргузории ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар охирҳои моҳи декабр ба ҳимоят аз мухолифони таҳти пайгардаш муттаҳам кард.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бар хилофи он ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалист ва барои ташкили ошӯбҳои моҳи сентябри соли гузашта муттаҳам мешавад, Эронро ӯро ба ҳамоиш даъват ва ӯро дар паҳлӯи намояндагони расмии Тоҷикистон ҷой додааст.

Аммо дар мулоқоти ахири худ бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, сафири Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷаттуллоҳ Фиғонӣ гуфтааст, ки кишвараш хоҳони таниш бо ҳеч кишвар нест.

Сафири Эрон, инчунин, гуфтааст, мо ҳамонгуна, ки дар солҳои гузашта ва дар шароити сахт бо ҳадафи ҳифзи оромиш ва ваҳдат дар канори миллат ва давлати Тоҷикистон будаем, дар шароити ҳассоси кунунӣ ҳам барои муқобила бо рушди ифротгароӣ дар ин кишвар ва кулли минтақа омодаи ҳамкорӣ ҳастем.

XS
SM
MD
LG