Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани генерали эронӣ дар Ҳалаби Сурия


Ҳусейн Ҳамадонӣ, аз фармондеҳони баландпояи Сипоҳи посдорони интиқлоби исломии Эрон дар Сурия кушта шудааст.

Хабаргузории эронии "Форс" гузориш дод, ки Ҳусейн Ҳамадонӣ, аз фармондеҳони баландопояи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар наздикиҳои шаҳри Ҳалаб кушта шудааст.

Хабаргузории "Сипоҳ нюс", низ бо таъйиди ин хабар аз Ҳусейн Ҳамадонӣ ба унвони яке аз фармондеҳони "даврони дифои муқаддас, мушовири баландпояи Сипоҳи посдорони интиқилоби исломӣ ва мудофеи Ҳарам дар тӯли солҳои гузашта, ки нақши таъйинкунандае дар ҳифзи ҳарами Ҳазрати Зайнаб ва кӯмак ва тақвияти ҷабҳаи муқовимати исломӣ дар ҷанги террористии Сурия дошт", ном бурдааст.

Ин фармондеҳи баландпояи Сипоҳ посдорон дар даврони саркӯби ҷунбиши эътирозӣ пас аз интихоботи ҷанҷонбарангези президентӣ дар соли 2009 ва рӯзи Ошӯрои он сол, фармондеҳии сипоҳи "Муҳаммад расуллоҳ"-и Теҳрон бар ӯҳда дошт.

Номи ин генерали эронӣ бинобар ширкат дар саркӯби мардуми Эрон ва нақзи ҳуқуқи башар дар рӯйхати таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор дошт. Сипоҳ посдорон гуфтааст, ки Ҳусайн Ҳамадонӣ дар ҳоли анҷоми "маъмурияти машваратӣ" кушта шудааст.

Барои бори аввал нест, ки як генерали эронӣ дар Сурия кушта мешавад. Дар авоили соли равон як генерали дигари эронӣ бо номи Муҳаммадалӣ Аллоҳдодӣ дар ҳамлаи Исроил ба минтақаи Қанийтараи Сурия кушта шуда буд.

Сипоҳи посдорон аз Муҳаммадали Аллоҳдодӣ низ ба унвони як "мушовир" ном бурда буд, ки барои кӯмак ба давлат ва мардуми Сурия дар ҷанг бо террористони такфирӣ-салафӣ ба ин кишвар сафар карда буд. Мақомоти Эрон гурӯҳҳое монади Ал-Қоида ва "Давлати исломӣ"-ро гурӯҳҳои такфирӣ-салафӣ меноманд.

Эрон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз оғози даргириҳо дар Сурия дар панҷ соли пеш, аз режими Башор Асад пуштибонии сиёсӣ ва низомӣ кард. Нооромӣ дар Сурия бо эътирозҳои мусолиҳатмоез оғоз шуд ва ба даргириҳои хунин печид. Ҳамакнун ин кишвар дар оташи ҷанг месӯзад ва тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид, то кунун ҳудуди 250 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва миллионҳо нафари дигар овора шудаанд.

XS
SM
MD
LG