Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нони "сангак" - ноне, ки рӯи рег пухта мешавад


Дар Душанбе аввалин нонвойхонаи эронӣ ба кор шурӯъ кард ва нахустин маҳсулоташ бо номи "нони сангак" низ вориди бозор шудааст.

Ислом Ҳайдарӣ бо таҷрибаи 20-солаи нонпазӣ ду моҳи пеш аз Эрон ба Тоҷикистон омад ва пухтани як навъи маъруфи нон дар кишварашро инҷо роҳандозӣ кард. Ин нон “сангак” ном дорад. Дар нахустин нонвойхонаи эронӣ дар Душанбе дар як рӯз беш аз 700 чунин нон пухта мешавад.

Тамоми ин нонҳоро, Ҳайдарӣ ҳамвор ва вориди танӯр мекунад. Ба гуфтаи ӯ, тарзи рост кардану ба танӯр ворид кардани ин нон ҳам маҳорати хосро талаб мекунад. “Масалан, вақте хамирро мегирӣ, бояд 4 қабат рӯйи ҳам хобонда шавад. Корманди нонвой ҳадди ақалл бояд як моҳ кор кунад, то ин корро ёд бигирад. Тунук кардани нон ҳам тарзи махсуси кори худро дорад. Тамоми хамир бояд яксон тунук карда шавад. Нон ҳарчӣ хубтар тунук шуд, мондагориаш бештар мешавад,” -- меафзояд Ислом Ҳайдарӣ.

Танӯре, ки дар он нони “сангак” пухта мешавад, аз нигоҳи аввал аз танӯрҳои маъмулии тоҷикӣ фарқе надорад. Вале дохили он куллан дигар аст. Он пур аз санг аст ва нон ҳам рӯи сангрезаҳо омода мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир ҳам аз ин нон “сангак” ном мебаранд. Вақте нон аз танӯр берун мешавад, пайи сангчаҳо рӯйи он мемонад ва ба назар чунин мерасад, ки нон гулкорӣ шудааст. Ислом Ҳайдарӣ мегӯяд, маҳз рӯйи сангреза пухта шудан, нонро барои саломатӣ фоидаовар мекунад.

Нони "сангак" дар бозорҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Ӯ гуфт: “Доғ ё гармии рег аслан худаш дармонбахш аст. Илм собит кардааст, ки он барои дарди камар фоида дорад. Дар Эрон рӯйи ин рег маризро мехобонанд ва бо ин роҳ табобат мекунанд. Нон ҳам, ки рӯйи реги гарм гузошта мешавад, ҳамон хосияти дармонбахширо дорад.”

Хамири нони “сангак” ҳам мисли нонҳои маъмулии тоҷикӣ аст ва таркибаш аз орд, об ва намак иборат аст. Як фарқ ҳамин аст, ки хамири ин нон хеле мулоим аст ва намакаш ҳам камтар.

Дар нонвойи эронии нони “сангак” ба Ҳайдарӣ панҷ ҷавони тоҷик кумак мерасонанд. Мавлуда Муминова, ҳоло аз ӯҳдаи пӯхтани нони “сангак” намебарояд. Вазифаи ӯ аз тоза кардани нони пухташуда аз сангрезаҳо ва пешниҳоди он ба харидорон иборат аст. Ӯ мегӯяд, ки “мардум бештар нони нав аз танӯр канда ва кунҷитдорро мепурсанд. Кунҷитдораш бомаззатар аст. Хориҷиҳо ҳам мехаранд, ҳиндуҳову эрониҳо низ. Вале бештар аз ҳама мардуми маҳаллӣ аз ин нон харидорӣ мекунанд.”

Арзиши нони “сангак” бо кунҷид 4 сомонӣ ва бидуни он 3 сомонӣ аст. Ҷамшед, як сохтмончии тоҷик, ҳар рӯз барои ғизои нисфирӯзияш аз ин нон харидорӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, “мо дар сохтмони назди ин нонвойхона кор мекунем ва ҳар зӯҳр ё вақти хӯрокхӯрӣ аз ин ҷо нон мебарем. Аз нони худамон фарқият дорад. Барои одамони парҳезӣ хуб аст, намакаш камтар аст.”

Аммо онҳое ҳам кам набудаанд, ки аз маҳаллу нуқтаҳои дигари шаҳр барои нони “сангак” ба ин нонвойхона сар мезананд. Аввалин нонвойхонаи эронӣ дар маҳаллаи “Ҳаёти нав”-и пойтахт ҷойгир аст. Масъулони ин нонвойхона тасмим доранд дар сурати муваффақ шудан, дар дигар маҳалҳои Душанбе низ чунин нуқтаҳоро таъсис хоҳанд дод. Ҳоло барои огоҳ кардани мардуми бештар аз таъму манфиати ин нон, кормандони он ҳар рӯз ба кӯчаҳои атроф мебароянд ва ин нонро муаррифӣ мекунанд.

Нони эронии “сангак” дар ҳоле вориди бозори ғизои Тоҷикистон мешавад, ки дар ин кишвар даҳҳо навъи нонҳои маҳаллӣ пӯхта мешавад. Нонҳои тоҷикӣ вобаста ба ҳаҷм ва сифаташон аз 1 то 5 сомонӣ қимат доранд. Барои қазоват ҳанӯз барвақт аст, ки ин нон дар бозор нони Тоҷикистон то куҷо рақобатпазир хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG