Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мехоҳад миёнарави сулҳ дар Сурия бошад


Эрон мегӯяд, тарҳеро барои сулҳ дар Сурия ба СММ ироа мекунад, ки ба гуфтаи яке аз мақомҳои вазорати хориҷии он кишвар, ҷузъиёташ барои ҳеҷ тарафи байналмилалӣ маълум нест ва ифшо намешавад.

Раҳбарони Эрон рӯзи 5–уми август гуфтанд, тарҳеро барои хотима додани ҷанг дар Сурия ба Созмони Милал пешниҳод мекунанд. Теҳрон аз муҳимтарин пуштибони ҳукумати Башор Асад ба шумор меравад.

Ҳусайн Абдулиллоҳиён, муовини вазири умури хориҷии Эрон 5 август бо Михаил Богданов -- ҳамтои руси худ дар Теҳрон дидор ва роҷеъ ба қазияи Сурия гуфтугӯ карда ва гуфтааст, ки Теҳрон пас аз анҷоми андешаронӣ ва маслиҳати дақиқ бо Димишқ, ин тарҳро ба Созмони Милали Муттаҳид иро мекунад. Русия аз пуштибонони дигари ҳукумати Башор Асад аст.

Ҳузури мақомҳои умури Ховари Миёнаи Русия дар Эрон, ҳамзамон бо ҳузури Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия дар Теҳрон аст. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Эрон, тарҳе, ки қарор аст ироа шавад, бар пояи "тарҳи чаҳормодаии Эрон", ки пештар ироа шуда буд, аст.

Дар айни ҳол хабаргузории "Тасним"-и эронӣ аз қавли Ҳамидризо Деҳқонӣ, раиси идораи умури Ховари Миёна дар вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, ин тарҳ "расонаӣ намешавад" зеро "сабаби шикасти тарҳҳо, расонаӣ шудани онҳо пеш аз тавофуқи тарафҳо дар ин замина будааст."

Маълум нест, кишварҳои мухолифи Асад, ки метавонанд бар поёни ҷанг дар Сурия таъсиргузор бошанд, ва низ гурӯҳҳои ҷангӣ, то чӣ ҳад бо чунин тарҳе мувофиқат мекунанд.

Ҳамзамон Алии Лориҷонӣ, раиси парлумони Эрон, ки дар Теҳрон бо Валид Муаллим дидор кард, гуфтааст, ки Эрон ба ҳимояти худ аз Димишқ идома медиҳад.

Дар ҷанги дохилии Сурия, ки беш аз чаҳор сол аз оғози он мегузарад, ҳудуди 250 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ин ҷанг бар пояи эътирозҳои умтадан эътирозомез ба ҳукумати Башор Асад барои анҷоми ислоҳот, ки бо хушанати густурда аз сӯи ҳукумат ва саркӯби он рӯбарӯ шуд, шакл гирифт.

Ҳукумати Башор Асад дар ҳозир танҳо бар бахше аз Сурия ҳукумат мекунад, дар ҳоле, ки гурӯҳҳои тундрав монанди Давлати исломӣ ва Ҷабҳат-ун Нусра ва дигар гурӯҳҳои шӯришии суриягӣ, ҳамчунин курҳои он кишвар, ҳар яке бахшҳое аз Сурияро дар ихтиёри худ доранд.

XS
SM
MD
LG