Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои ширкати "Осмон" идома дорад. ВИДЕО


Ба гуфтаи нерӯҳои наҷотбахши Эрон, амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои сарнагуншудаи ширкати "Осмон" барои рӯзи дувум идома дорад. Ин ҳавопаймо рӯзи якшанбеи 18-уми феврал дар роҳ аз Теҳрон ба Ясуҷ воқеъ дар вилояти Исфаҳон, ба садама дучор шуд ва даҳҳо тан аз сарнишинони он ба ҳалокат расиданд.

Раиси вилояти Каҳгилия ва Бувайр Аҳмад рӯзи якшанбе гуфта буд, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймое, ки суқут кард, бидуни натиҷа поён ёфт ва "рӯзи душанбе бо мусоид шудани ҳаво, дигарбора оғоз мешавад". Алимуҳаммад Аҳмадӣ, раиси ин вилоят гуфта буд, "бо вуҷуди 10 соат талоши нерӯҳои наҷотбахш, асаре аз ҳавопаймои суқуткарда дида нашудааст."

Ин ҳавопаймои ширкати "Осмон", ки суқут кард, аз навъи ATR-72-200 будааст. Ин ҳавопаймо барои парвозҳои кутоҳ истифода мешавад.

Масъули кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ин вилоят имрӯз, душабеи 19-уми феврал ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, "имрӯз эҳтимоли истифода аз чархболҳо дар сурати мусоид будани ҳаво вуҷуд дорад". Вай гуфтааст, ки 80 корманди техникӣ аз чанд вилояти кишвар дар маҳали ҳодиса ба ҷустуҷӯ идома медиҳанд.

Ҳавопаймои мусофирбари АTR-72-и ширкати "Осмон" рӯзи якшанбе аз радар хориҷ шуд ва сипас эълом шуд, дар кӯҳе дар наздикии шаҳри Семируми Исфаҳон суқут кардааст. Бинобар гузоришҳо, дар ин ҳавопаймо 60 мусофир, ду меҳмондор, ду халабон ва ду тан аз кормандони бехатарии парвоз ҳузур доштанд. Ширкати "Осмон" мегӯяд, ки ҳама сарнишинони ҳавопаймо ҷони худро аз даст додаанд.

Пас аз ҳодиса шуморе аз имдодгарон ва тимҳои кӯмакрасон аз дигар вилоятҳои Эрон, аз ҷумла Форс ва Исфаҳон ба минтақаҳое, ки гумон меравад ҳавопаймо дар он суқут кардааст, фиристода шуданд.

Амалиёти ҷустуҷӯ дар рӯзи якшанбе бинобар номусоидии обу ҳаво ва туман мутаваққиф шуд. Силсилакӯҳҳои Диноҳ -- ҷое, ки ҳавопаймо аз сафҳаи радар нопадид шуд, дар умум 70 то 80 километр дарозӣ дорад ва ҳудуди 40 қуллаи он беш аз 4 ҳазор метр баландӣ доранд.

Ҳавопаймои ширкати "Осмон", ки суқут кард, аз навъи ATR-72-200 будааст. Ин ҳавопаймо барои парвозҳои кутоҳ истифода мешавад. Хабаргузории давлатии Эрон мегӯяд, ин ҳавопаймо, ки ба садама дучор шуд, аз соли 1993 дар ихтиёри ширкати ҳавопаймоии "Осмон" қарор дошт ва дар маҷмӯъ 25 сол қабл тавлид шуда буд.

Тибқи гузоришҳо, ин ҳавопаймо чаҳор сол қабл низ ба мушкили фаннӣ рӯбарӯ шуда буд, аммо Ҳуҷаттулоҳ Фулод, халабоне, ки ҳавопаймои суқуткардаро ҳидоят мекард, тавониста буд онро ба замин биншонад.

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои сарнагуншудаи эронӣ идома дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:47 0:00

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG