Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари "эълоннашуда"-и вазири хориҷии Эрон ба Туркия


Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми август дар сафаре "аз пеш эълоннашуда", дар Анқара бо раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот ва даъватномаи Ҳасанӣ Рӯҳонӣ барои ширкат дар нишасти сарони ду кишвар ва Русия дар Эронро, ба ӯ супурд.

Вазири хориҷии Туркия таҳримҳои Амрикоро яке аз мавзӯъҳои эҳтимолии матраҳшуда дар мулоқоти Муҳаммадҷавод Зариф бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон зикр кардааст. Ба гузориши шабакаи TRT-и Туркия, оқои Зариф дар дафтари марказии Ҳизби адолат ва тараққӣ дар Анқара бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот кард.

Бино ба гузоришҳо, руасои ҷумҳури се кишвар -- Эрон, Туркия ва Русия рӯзи 8-уми сентябр дар Теҳрон қазияи Сурияро баррасӣ мекунанд.

Вазири умури хориҷи Туркия робитаҳои дуҷониба ва масъалаи Сурияро мавзӯи гуфтугӯи вазири хориҷии Эрон бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон унвон кард. Мавлуд Човушоғлу дар посух ба суоле дар бораи матраҳ шудани таҳримҳои Амрико алайҳи ду кишвар дар ин мулоқот гуфт, "мутмаин нестам, вале ба назар мерасад тарафи эронӣ ин мавзӯъро матраҳ кунад."

Туркия қаблан эълом карда буд, ки аз таҳримҳои Амрико пайравӣ намекунад, аммо ҷузъиёти омори Идораи назорати бозори энержии Туркия нишон медиҳад, ки хариди рӯзонаи нафти ин кишвар аз Эрон тайи моҳи июл назар ба моҳи қабл се баробар кам шуда ва ба ҳудуди 70 ҳазор бушка расидааст.

Хабаргузории эронии ИСНА сафари Муҳаммадҷавод Зарифро "эълоннашуда" хонд ва навишт, ки пеш аз анҷоми ин сафар, хабаре дар ин бора нашр нашуда буд. Пеш аз ин, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон хабар дода буд, ки Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи панҷшанбе ба Покистон сафар хоҳад кард.

Супурдани даъватномаи Ҳасани Рӯҳонӣ ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон яке аз далелҳои сафари Муҳаммадҷавод Зариф ба Туркия эълом шудааст. Оқои Зариф низ ҳамкориҳои ду кишвар ва нишасти ду кишвар бо ҳамроҳии Русия дар Теҳронро, аз мавзӯъҳои сафари худ ба Туркия гуфт.

Сурия -- меҳвари музокироти сеҷониба дар Теҳрон

Бино ба гузоришҳо, руасои ҷумҳури се кишвар -- Эрон, Туркия ва Русия рӯзи 8-уми сентябр дар Теҳрон қазияи Сурияро баррасӣ мекунанд. Дар сурати баргузорӣ, ин савумин нишасти дар ин сатҳ дар робита бо мавзӯи Сурия хоҳад буд.

Эрон ва Русия муҳимтарин пуштибонҳои Башор Асад ҳастанд ва Туркия тарафдори гурӯҳҳои мухолифи Асад ба шумор меравад. Ҳар се кишвар музокиротеро дар мавриди бӯҳрони Сурия дар Остона -- пойтахти Қазоқистон оғоз карданд, ки дар ниҳоят ба тавофуқҳое, аз ҷумла барои эҷоди минтақаҳои оташбас дар Сурия анҷомид.

Таниш миёни Анқара ва Вашингтон бар сари қазияи Брунсон

Аз сӯи дигар, робитаҳои Анқара ва Вашингтон дар пайи зиндонӣ шудани Андрев Брунсон, роҳиби амрикоӣ дар Туркия, дучори танишҳои нав шудааст. Амрико муҳокими ин роҳибро "ноодилона" номида ва Абдулҳамид Гул, вазири адлия ва Сулаймон Сайлу, вазири умури дохилии Туркияро ба хотири нақшашон дар боздошти оқои Брунсон таҳрим кардааст.

Танишҳо бо таҳримҳо маҳдуд нашуд ва Амрико таруфаҳои воридотӣ барои пӯлод ва алюминиюм аз он кишварро низ ахиран ду баробар кардааст.

XS
SM
MD
LG