Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 10 ҳазор зиндонӣ дар Эрон афв мешаванд


Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, ҳудуди 10 ҳазор зиндониро афв хоҳад кард. Рӯзи 18-уми март расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки Хоманаӣ бо пешниҳоди раиси Додгоҳи олӣ барои озодсозии шуморе аз зиндониён мувофиқат кардааст. Бар асоси пешниҳоди раиси Додгоҳи олӣ, он зиндониёни сиёсие, ки ба беш аз панҷ соли зиндон маҳкум шудаанд, шомили ин афв намешаванд.

Ғулом Муҳсин Исмоилӣ, сухангӯи Додгоҳи олии Эрон, дар суҳбат бо шабакаҳои телевизионии Эрон гуфтааст, "касоне, ки дар ин афв шомил шудаанд, аз зиндон озод мешаванд, аммо дар афвҳои қаблӣ дар бархе мавридҳо, кам кардани мӯҳлати ҷазо буд ва фард дар зиндон мемонд".

Сухангӯи Додгоҳи олии Эрон дар идома гуфтааст, "теъдоди зиёде аз касоне, ки дар мураххасӣ ҳастанд, шомили ин афв ҳастанд ва мӯҳлати адои ҷазои онҳо поён меёбад ва ниёзе ба бозгашти дубораи онҳо ба зиндон нахоҳад буд".

Эрон дар пасманзари паҳн шудани бемории коронавирус, ҳазорон зиндониро ба рухсатӣ фиристод.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар Эрон, ахиран дар гузорише ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шумораи зиндониёнро дар Эрон 189 ҳазору 500 нафар эълом карда буд.

Ғулом Муҳсин Исмоилӣ айни замон гуфтааст, ин афв шомили "зиндониёне, ки озодии онҳо амнияти шаҳрвандонро ба хатар меандозад ё дубора ҷиноят содир кардаанд", нахоҳад шуд.

Дар ҳафтаҳои ахир ва бо паҳншавии вируси корона дар Эрон, дархостҳо барои озодии зиндониён боло гирифт ва аз ҷумла, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар дар Эрон, Созмони Афви Байналмилал, зиндониёни сиёсии собиқ ва гурӯҳҳо ва ниҳодҳои дигар, хостори раҳоии маҳбусон шуданд.

Пас аз он Додгоҳи олии Эрон аз додани рухсатӣ ба шумораи зиёде аз зиндониён хабар дод ва сухангӯи додгоҳ рӯзи 17-уми март гуфт, то кунун 85 ҳазор зиндонӣ бинобар паҳншавии коронавирус, ба рухсатӣ рафтаанд.

Аммо бархе аз вакилони порлумони Эрон ба ин омор ба шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ҳанӯз шуморе аз зиндониёни машкук ба коронавирус дар маҳбас ҳастанд.

Аз сӯи дигар, вазъияти зиндониёни сиёсӣ, ки аксари онҳо шомили афви раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ нашудаанд, низ эътирозҳоеро барангехтааст. Насрин Сутуда, ҳуқуқдон ва фаъоли ҳуқуқи башар дар яке аз зиндонҳои Теҳрон, рӯзи душанбе эълом кард, ки дар эътироз ба ҷилавгирӣ аз озодии зиндониёни сиёсӣ, даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Шуморе аз хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ низ дар рӯзҳои ахир гуфтаанд, наздиконашон на озод ва на ба рухсатӣ фиристода шуданд ва ҳанӯз дар зиндон ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG