Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти тоза дар қазияи Осия. Репортаж аз Шӯроби поён (ВИДЕО)


Ҷое ки ҷасади Осияро ёфтанд
Ҷое ки ҷасади Осияро ёфтанд

Мақомот бо вуҷуди гузашти 5 рӯз аз кашфи ҷасади Осияи 5-сола аз шарҳи ин қазия ва нашри натиҷаҳои ташхиси бадани ин духтараки ғурамарг худдорӣ мекунанд.

Ҷасади Сабоҳат Диловарова ё Осияи 5-соларо аз лаби замини кишти ҷуворимака дар канори деҳаи Шӯроби поёни ноҳияи Ҳисор пайдо кардаанд. Ду метр дуртар аз ҷое, ки ҷасад пайдо шудааст, ҷӯйборе вуҷуд дорад, аммо оби он имкони овардани ҷасадро надорад.

Вақте ки ҷасадро дидам...

Ин ҷасадро субҳи 13-уми сентябр Манзура Камолова, сокини деҳаи Шӯроб тақрибан 50 метр дуртар аз манзили зисташ дид. Хонуми Манзура дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, субҳ вақте мехост, ба ҷамъоварии ҳосили ҷуворимакка биравад, ба димоғаш бӯи баде расид.

Аз масофаи дур ҷасадро дид, аммо ҳеҷ гумон намекард, ки ин метавонад ҷасади як инсон бошад: “Вақте бо падарам наздик шудем, дидем, ки он ҷасади одам аст. Ду метр берунтар аз ҷуйбор якпаҳлӯ афтода буд. Ҷасад вайрон шуда буд ва мо зуд милисаро гоҳ кардем. Тақрибан соатҳои 9 ба 10 милисаҳо омаданд.”

Манзура Камолова
Манзура Камолова

Ин зан мегӯяд, ҳамин роҳро бегоҳи 12-уми сентябр низ убур карда буд, вале мегӯяд, он вақт ҳеҷ бӯеро эҳсос накарда буд ва ҷасаде низ ба назар намерасид. Аз ин рӯ, ба тахмини ӯ, ҷасади Осия шаби 12-ум ба 13-уми сентябр дар ин ҷо пайдо шудааст.

Фарзияи аз об пайдо шудани Осияро рад мекунанд

Шоҳидон бар ин боваранд, ки ин ҷасадро ба ин мавзеъ об наовардааст.

Азим Гулмирзоев, сокини дигари деҳаи Шӯроби поён мегӯяд, ин ҷуйбор танҳо дар баҳорон сероб мешавад, вале агар оби ин ҷуйбор чизеро ҳам биорад, то ҷои ҷасад қарор дошт, бо эҳтимоли зиёд дар шохаҳои дарахт банд мемонад ва ба ин мавзеъ намерасад.

Аммо Гулмирзоев мегӯяд, даҳ рӯзи ахир ин ҷӯйбор хеле оби кам дошт, ки ҳатто сабуктарин ашёро бурда наметавонист: “Ҳамин ҷо будам, ки милисаҳо омаданд, диданд ва ба хулосае омаданд, ки ҷасадро об наовардааст. Ба ҳар ҳол, ин кори онҳост, бовар кунед, мо ҳайронем ва чанд рӯз боз сарамон гаранг аст ва ҳеҷ фаҳмида наметавонем, ки ин кори даҳшатоварро кӣ ва ба кадом хотир кардааст?”

Парвандаи сарбаста

Бо вуҷуди талошҳои мо, ягон намояндаи мақомот розӣ нашуд, ки то дар мавриди парвандаи Сабоҳат Диловарова ё Осия сӯҳбат кунанд. Умед Каримзода, додситони ноҳияи Шоҳмансур, ки маҳали зисти наздикони ин кӯдак инҷост, мегӯяд, то ҳол натиҷаи ташхис маълум нашудааст. Аммо Яҳёҷон Одинаев, мудири маркази ҷумҳуриявию экспертизаи тиббию судӣ гуфт, ташхисро алакай анҷом дода, ба додситонии ноҳияи Ҳисор ирсол кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Карим Ҳакимов, як корманди додситонии ноҳияи Ҳисор гуфт, пас аз ҷамъоварии далелҳо аз ҷониби кормандони шӯъбаи умури дохилаи Ҳисор парванда ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур ирсол шудааст ва онҳо низ чизе дар ин робита гуфта наметавонанд.

Мо ба хотири пайгирии ин мавзӯъ қариб тамоми рӯзи 17 сентябр дар ноҳияи Ҳисор будем, вале аз сӯҳбат дар ин мавзӯи ҳассос, ки сарусадоҳои дар атрофаш бархоста мардумро сахт нигарон кардааст, фирор кардани мақомоти тафтишотӣ бароямон чандон қобили дарк набуд.

Чӣ тавр модар ҷасади духтарашро шинохт?

Назира Диловарова, модари Сабоҳат ё худ Осия, мегӯяд, вақте хабари пайдо шудани ҷасадро шунид, зуд ба он ҷо рафт. Ӯ мегӯяд, вақте нишонаҳои таҳпӯши духтарашро ба ӯ гуфтаанд, аз ҳуш рафт: “Зеро ин таҳпӯше буд, ки як дугонаам се дона аз Туркия оварда буд ва ман яке аз онҳоро барои духтарам харидорӣ карда будам.”

Осия
Осия

Дар ҳоле ки мақомот ҳеҷ фарзияи ин ҳодисаро ошкор намекунанд, модари ин кӯдак бовар дорад, ки ӯ рабуда ва кушта шудааст. Далели ӯ ин аст, ки як духтари 5-сола ҳеҷ имкон надорад, ки худаш то ноҳияи Ҳисор бирасад ва он ҷо ғарқ шавад.

Сабоҳат Диловарова, ки наздиконаш ӯро Осия меномиданд, ягона духтари Назира Диловарова аст, ки пас аз ҷудо шудан аз шавҳараш дар танҳоӣ ӯро то панҷсолагӣ расонд. Назираи 29-сола дар яке аз ороишгоҳҳои пойтахт кор мекунад. Осия рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, гум шуд. Ҷое ки Малика ва Сабина Араловаҳои 5-сола низ 25 марти соли 2013 гум шуда, то ҳол аз онҳо дараке нест.

Гум шудани Осия ва он ҳам дар ҳамон маҳаллае, ки соле пеш ду кӯдаки дигар гум шуданду то ҳол дараконшро наёфтаанд, боиси сарусадоҳои зиёде дар байни мардум шуда буд.

Ҳоло дар мавриди қазияи Осия ҷуз гумону тахминҳо ҳарфу шарҳи расмие вуҷуд надорад ва мақомот низ аз ироаи иттилои бештар дар ин бора худдорӣ мекунанд. Аз сари ин кӯдаки 5-сола чӣ гузаштаву ҷасади ӯ чигуна дар канори ҷӯйборе дар Ҳисор, дастикам 25 километр дуртар аз хонааш пайдо шудааст, мисли гум шудани Маликаву Сабина, то ҳанӯз асрори нокушодае боқӣ мемонад.

Сӯҳбат бо афроде, ки дар Ҳисор ҷасади Осияи панҷсоларо ёфтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

XS
SM
MD
LG