Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи якхела. Масъулияти аслии интихобот ба зиммаи шабакаҳои телевизионӣ афтодааст?


Яке аз овезаҳо дар бораи интихоботи президентӣ дар Душанбе

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон танҳо аз як нигоҳ ба Белорус монанд мешавад. Дар Минск ҳам розӣ шуданд, ки танҳо панҷ нафар ба сабқати асосӣ роҳ ёбад, дар мо ҳам. Як фарқи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар маъракаи интихоботии мо ягон бону номзад нест. Он ҷо ду нафар буданд, ки ахиран якеаш фазои интихоботӣ ва пас аз онро дигаргун кард.

Аслан дар таърихи сиёсии Тоҷикистон ҳамагӣ як бор кӯшиши иштироки бонувон ба чунин маъракаи муҳим дар соли 2013 сурат гирифтааст, ки он ҳам ба рақобати асосӣ роҳ наёфт. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки дар он аҳзоби мухолифи ҳукумат шомил буданд, моҳи сентябри ҳамон сол Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ эълон намуд. Аммо чанд рӯз пеш аз хатми расмии маъракаи имзоҷамънамоӣ гуфтанд, ки ҳамагӣ 202 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд, на 210 ҳазоре, ки он замон меъёр ба ҳисоб мерафт.

Як бор тамдид намудани мӯҳлати ҷамъоварии имзоро он замон чунин арзёбӣ карданд, ки дар сатҳи расмӣ омода буданд номзади ягонаи нерӯҳои мухолифро ба маърака ворид намоянд. Вале мухолифин, ки дар дохили худашон ихтилоф ба вуҷуд омад, розӣ нашуданд, то асноди заруриро ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кунанд.

Бо ин вуҷуд, ҳамин ҳолатҳои пурихтилоф низ як навъ аломатҳои фазои интихоботиро нишон медод. Кабирӣ, ки он вақт вакили парлумон буд ва ҳизбаш ҳам мамнӯъ не, Раҳматилло Зойиров, ки он замон мисли имсол маъракаро таҳрим (бойкот) эълон накарда буд, шахсан худашон ба хонаи мардум мерафтанд, имзо ҷамъ мекарданд ва хабару гузоришҳо дар ин бора нашр мешуд.

“Интихоботи хомӯшона”-и имсол аз соли 2013 ҳамин қадар фарқ дошт. Як тафовути нисбии дигар ҳам буд - шумораи номзадҳо. Ҳафт сол пеш шаш номзадро сабти ном карданд, аммо як парадокс ба миён омад. Дар соли 2006, ки низ панҷ номзад дар сабқат буд, КМИР ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 79,3% раъйи интихобкунандаро нисбат дод. Соли 2013, ҳарчанд теъдоди номзадҳо шаш нафар буд - ҳудуди 84 фоизро.

Яъне шумораи номзадҳо ҳар қадар бештар бошад, ҳамон қадар эътиқоди мардум ба Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад?

Воқеан, дар як матлаби дигарамон ишораҳоеро аз мардум оварда будем, ки мегуфтанд: “бархе номзадҳоро гӯё махсус ба маърака ворид мекунанд, то дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дида, барояшон овоз надиҳанд”.

Бубинед, дар миёни номзадҳо сабти ном шудани раҳбари нави коммунистҳо суол, баҳс ва шубҳаҳои мухталифро ба бор овард. Номзаде, ки на танҳо дар байни мардуми оддӣ, ҳатто дар доираҳои коршиносиву таҳлилӣ ва маҳфилҳои сиёсӣ аслан шинохт надорад. Дар фурсати кӯтоҳ ҷамъ овардани имзо барои ин номзади ношинос аз як тараф, аз ҷониби дигар ҳоло маълум мешавад ҳарф зада натавонистанаш дар байни мардум шубҳаҳоро боз бештар хоҳад кард. Дирӯз, агар иштибоҳ накунам, аввалин мулоқоти номзадҳо бо интихобкунанда дар шаҳри Бохтар сурат гирифт. Ду нафар буданд, ки ба ҷои номзадҳо шахсони боваринокашон ҳарф заданд: Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сабабҳои маълум дар чунин маъракаҳо иштирок намекунад ва ҳамеша шахсони боваринокашро мефиристад, Мироҷ Абдуллоев – раиси ҲКТ.

Аммо ба фарқ аз президент, раҳбари коммунистҳо дар ин мулоқот ҳузур дошт, бо ин вуҷуд на худаш, балки шахси боэътимодаш суханронӣ намуд. Хотиррасон мешавем, ки коммунисти №1 ҳамчун вакили калонсолтарин мебоист то интихоби раиси Маҷлиси намояндагон роҳбарии иҷлосияи навтаъини даъвати навро ба зимма мегирифт. Шояд таҷрибаи чунин корҳоро надорад, ки ин рисолатро каси дигар анҷом дод.

Баҳси дигари ба миёномада дар интихоботи имсола, ба қайд нагирифтани номзадии раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба ҳисоб меравад. Назарҳое гуфта шуданд, ки шояд ба хотири “сергапиаш” дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро аз ин ҳақ маҳрум карданд. Фикр мекунам, мусоҳибаи ӯ дар расонаҳои хабарӣ дар авҷи коронавирус, ки гуфта буд, бояд дар мамлакат “вазъияти ҷангӣ ва карантини сартосарӣ” эълон шавад, низ дар тасмими ниҳоӣ бетаъсир намонд.

Ӯ вобаста ба мушкилоти бӯҳронии он замон гуфта буд, ки мебояд роҳбарии ситоди зидди коронавирусро аз сарвазир Қоҳир Расулзода гирифта, ба зиммаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов вогузошт ва шояд барои эҳтиёт, то ӯро дигаргуна нафаҳманд, гуфт, муовини раиси ин ситод бояд Рустами Эмомалиро таъин кард. Ба эҳтимоли зиёд ӯро дигаргуна фаҳмиданд ва Усмонзода маҷбур шуд дар саҳифаи Фейсбукиаш дигарбора нависад, ки ӯ чӣ мехост.

Дертар бошад, раиси демократҳо дар посух ба мухолифони дар хориҷа қарордоштаи ҳукумат навишт, ки “дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ҳизби сиёсӣ, ҷараёни демократӣ ва гурӯҳе қудрат надорад, кишварро аз ин беҳтар пуштибонӣ кунад”.

Бо ин вуҷуд, натавонист ба маъракаи интихоботи президентӣ раҳ ёбад. Албатта, ворид шудани ӯ низ гумон буд чизеро тағйир бидиҳад. Ҳамон тавре, ки соли 2013 ҳамагӣ 1 фоизи раъйро КМИР ба ҷонибдории Саидҷаъфар Усмонзода эълон намуд, ки ҳатто аз Абдуҳалим Ғаффоров ним фоиз кам буд.

Бидуни шубҳа одамон дар интихоботҳои Тоҷикистон ба фикр фурӯ хоҳанд рафт: ба кӣ ва барои чӣ бояд овоз дод? Ба номзадҳои ношинос, ё на он қадар шинос? Ба онҳое, ки ҳатто намедонанд ситоди интихоботӣ доранд, ё не? Чӣ барномаҳои тафовутпазир аз ҳукумат доранд?

Ба ҳар сурат, интихоботи президентӣ бояд муборизаи идеологияву идеяҳо, баҳсҳои ҷиддии стратегӣ бошад.

Аз мулоқоти нахустини номзадҳо, ки рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Бохтар сурат гирифт ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон гузориши якхела дода, суханрониҳои айнанро такрор карданд, маълум шуд, ки онҳо баҳси ҷиддие надоранд.

Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ боз ҳам баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таҷдиди онҳоро дар миён гузошту гуфт дар замони шӯравӣ Тоҷикистон ҳамагӣ 500 колхозу совхоз дошту ҳоло қариб 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ. Манзураш ин аст, ки ин хоҷагиҳои хурди деҳқониро бояд ба хоҷагиҳои калон табдил дод. Дар интихоботи парлумонӣ, ки низ ин мавзӯъро мегуфт, пурсида будам, ки инро чӣ гуна роҳандозӣ карданианд, посух дод, ки ҳанӯз то охир баррасӣ накардаанд.

Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, ки бо мусоҳибааш дар бораи пулакӣ кардани воридшавӣ ба пойтахт “хеле машҳур” гардид, дар шаҳри Бохтар “гапи нав” гуфт, аммо мисле, ки популистона: «Ҳар зане, ки 5 тифл таваллуд кунад, бояд давлат барояш нафақа таъмин намояд!»

Аммо ин идеяро дар замони пас аз бӯҳрони коронавирусӣ, ки ҷаҳон дармондааст, бо чӣ роҳ метавон роҳандозӣ кард, посух надошт. Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло буҷаи ҳарсолаи худро бо мушкилӣ пур мекунад, чӣ расад ба барномарезиҳои дигар, ки ҳатто бисёр муҳим намоянд ҳам.

Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки “кисагӣ” номидани ҳизбашро таҳқир дониста, таҳдид мекунад, ҳар касе онҳоро чунин гуфт, “беҷавоб намемонад”, ба назар мерасад чандон ҷонибдори моликияти шахсӣ нест. Ба ҳар сурат, ӯ гуфт, ки 80 фоизи буҷаи Тоҷикистонро аслан 30 корхонаи бузурги давлатӣ таъмин мекунанд ва давлат бояд сафи ин корхонаҳоро афзоиш диҳаду баъзе фишангҳоро ба даст гирад. Ба ин номзад, соҳибкорону тоҷирони хусусӣ, ки дар Тоҷикистон ҳоло нақши муассир доранд, чӣ вокуниш хоҳанд кард, шояд рӯзи 11-уми октябр шоҳид шавем.

Муовини раиси ҲХДТ, ки ҳамчун шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ мекард, аслан гапи наве нагуфт ва бештар тамаркуз кард сари сохтмони нерӯгоҳҳои нав, ки як масъалаи баҳснок аст.

Ба ҷои Мироҷ Абдуллоев аз ҲКТ, ҳамон тавре гуфтем, шахси боэътимодаш Зарагул Мирасанова ба назди мардум баромад, ҳарчанд худи номзад дар нишаст ҳузур дошт. Он чи ки ду шабакаи телевизионӣ аз ӯ мисли дигарон такрор нишон дод, фарогири як мавзӯъ буд: робитаи мактабу оила. Он чи ки ҳукумати феълӣ бо амалисозии “қонуни миллии” “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” масъалаи ҳалшуда мепиндорад...

То имрӯз ҳарфи нав аз номзадҳо ҳамин аст. Бархеҳо акнун аз масъалагузориҳои қаблиашон худдорӣ мекунанд. Масалан, Рустам Латифзода дар бораи қонунӣ кардани дузанагӣ дигар ҳарф намезанад.

Таври маълум, онҳо сӯҳбату мулоқотҳои ҷудогона анҷом намедиҳанд ва танҳо аз рӯи нақшае амал мекунанд, ки КМИР барояшон таҳия кардааст. То имрӯз берун аз он чизе надидаем. Соли 2006 ё 2013, вақте аз як масъули маъракаи интихоботӣ пурсиданд, ки чаро номзадҳо дар алоҳидагӣ бо интихобкунанда мулоқот анҷом намедиҳанд, посух шуд, ки ба ин васила амнияти онҳоро таъмин хоҳанд кард.

Гӯё гап дар бораи одамони аз ҳад муҳим ва як кишвари ноамн меравад. Ҳол он ки дар як мамлакати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шахсиятҳои пуртаъсир вориди маърака мешаванд, худашон иқдомҳои ҷудогонаи ҷиддӣ ташкил мекунанд, ба муқобили рақибонашон сахт мубориза мебаранд ва ба амнияти онҳо чизе халал намерасонад.

Дар натиҷа гӯё мушкили аслии интихоботи президентӣ ба зиммаи шабакаҳои телевизионӣ афтодааст. Чизи наве нест ва онҳо фақат дар бораи “омодагиҳои сатҳи баланди ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ ба маъракаи муҳим” гузориш таҳия мекунанду бас. Ҳадди ақал бояд фазоро интихоботӣ нишон дод.

Ду рӯзи ахир хабарнигорони шабакаҳои ТВ аз сокинон мепурсанд, ки оё медонанд интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон кай баргузор мешавад?

Баъзан дар посухи ин саволи оддӣ ҳам ба назар мерасад, ки одамон ҳарфҳоеро аз рӯи варақи қаблан омодашуда мехонанд. Бигзор. Дар ин бора хабар ёфтани мардум чизи бад нест. Дар идомаи барномаҳояшон, агар ақаллан пурсанд, ки кадом ҳизбу номзадҳоро медонанд, шояд барои як қисмати мардум маълумоти нав мешуд. Ба ҳар ҳол, то интихобот рӯзҳои башумор мондаасту гузориши расонаҳои дигар ҳокӣ аз онанд, ки мардум фақат як номзадро мешиносанд. Аз ҷониби номзадҳои дигар талоше нест. Масъулияти асосӣ бошад, мисле, ки ба зиммаи шабакаҳои телевизионист...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG