Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юсуф Абдусаломов: Тоҷикистон ватани дувуми ман аст


Юсуф Абдусаломов
Юсуф Абдусаломов

Паҳлавони маъруфи доғистонӣ Юсуф Абдусаломов, ки соли 2008-ум медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекинро барои Тоҷикистон оварда буд, дар Олимпиадаи Рио-2016 ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Лаҳистон иштирок дошт.

Юсуф Абдусаломов рӯзи 23-юми август дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки се сол инҷониб сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Лаҳистон аст. Ӯ ба Олимпиадаи Рио бо чаҳор шогирдаш омадааст. "Агар шогирдони ман пирӯзӣ ба даст меоварданд, хеле шод мешудам. Орзу доштам, ки қаҳрамони олимпӣ ва ҷаҳон шавам, вале орзуям амалӣ нашуд. Аз ин рӯ, мекӯшам, ки шогирдонам ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гарданд”, - афзуд Абдусаломов.

Ӯ дар Бозиҳои олимпӣ се бор ҳамчун варзишгар дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ва ин дафъа ҳамчун сармураббии мунтахаби гуштии озоди Лаҳистон ширкат кардааст. Дар ҷараёни Олимпиадаи Рио Юсуф Абдусаломов дар Деҳаи олимпӣ меҳмони ҳайати варзишии Тоҷикистон шуд. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба ӯ тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

"Чор сол боз ба Тоҷикистон нарафтаам"

Ӯ интизор буд, ки масъулини варзиши Тоҷикистон ба ӯ мақоме, шояд мақоми сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди кишварро пешниҳод мекунанд, аммо аз сӯи масъулини варзиши кишвар ишорае нашуд.

Юсуф Абдусаломов зодаи рустои Ансалтаи Доғистон аст, рустое, ки чун рустоҳои Тоҷикистон дар канори кӯҳистон доман густурдааст. “Тоҷикистон ватани дувуми ман аст, дар он ҷо дӯстони зиёде дорам ва оё метавонам аз онҳо дил биканам? Охирин бор дар Тоҷикистон соли 2012-ум будам. Вале аз серкорӣ ҳоло наметавонам ба Тоҷикистон равам. Ҳамин ки фурсат ва имконият пайдо шуд, албатта ба дидорбинии дӯстонам меравам ”, - иброз дошт Юсуф Абдусаломов.

Вай меафзояд, бо Федератсияи гуштии озоди Лаҳистон барои чаҳор сол қарордод имзо намудааст, аммо охири ҳар сол, вобаста ба натоиҷи ба дастомада, ҷониби Лаҳистон қарордодро лағв ё тамдид хоҳад кард. Ба гуфтаи Юсуф, маоши ӯ ба меъёрҳои миёнаи аврупоӣ баробар аст ва дар сурати нишон додани натоиҷи баланд дар мусобиқоти ҷаҳониву аврупоӣ барои сармураббӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.

"Лаҳистон Доғистон ё Тоҷикистон нест"

Гуштигири маъруф иқрор мекунад, ки заҳмати сангин дар интизораш аст, зеро, аз як сӯ, дар Лаҳистон, дар қиёс бо Доғистон ё Тоҷикистон, гуштии озод оммавӣ нест ва дар ҳар шаҳр толорҳои гуштигирӣ бунёд нашудаанд ва аз сӯи дигар, маҷбур аст ҳар паҳлавонро дар алоҳидагӣ тамрин диҳад.

Юсуф ситоишро дӯст намедорад, метавонад дили ҳар касро ба даст оварад ва ҳамчунин шикоят кардан ҳам барояш бегона аст. Вақте ки баъд аз Олимпиадаи Пекин ба Юсуф Абдусаломов дар Душанбе хона надоданд, ӯ лаб ба шиква накушод ва ҳатто озурда шудан ё нашудани худро ошкор ҳам накард. Вай барои Тоҷикистон хизмати бузург кардааст ва аммо на ҳама вақт подош мусовӣ ба хизматаш буд. Ӯ интизор буд, ки масъулини варзиши Тоҷикистон ба ӯ мақоме, шояд мақоми сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди кишварро пешниҳод мекунанд, аммо аз сӯи масъулини варзиши кишвар ишорае нашуд.

"Дар Тоҷикистон ба варзиш кам аҳамият медиҳанд"

Юсуф мегӯяд, дар Тоҷикистон ба варзиш кам аҳамият медиҳанд, ҳарчанд дар бораи таваҷҷуҳ ба он зиёд ҳарф мезананд. Ба гуфтаи ӯ, “дар кишвар иқтисод заиф аст ва он ҷое, ки рушди иқтисодӣ нест, равнақ додани варзиш душвор аст, зеро варзиши ҳирфаӣ масрафи зиёдро тақозо дорад. Аз ин рӯ, дар се Олимпиада, ки аз Тоҷикистон намояндагӣ мекардам, бисёр вақт маҷбур будам барои хароҷоти сафар ва ширкат дар қувваозмоиҳо худам маблағ пайдо кунам."

Як мушкили дигар, аз нигоҳи гуштигири маъруф он аст, ки дар Тоҷикистон як низоми воҳиди омодасозии варзишгарон мавҷуд нест ва масъулини варзиш бештар ба тасодуф умед мебанданд. “Шахсиятҳои алоҳида, ҷавон ё духтари боистеъдод метавонад мустақилона ба комёбие ноил шавад, аммо система кор намекунад ва аз ин рӯ масъулини варзиш ба он умед мебанданд, ки дар ҷое корашон омад мекунад, дар ҷое қуръапартоӣ ба нафъашон мешавад ва ё дар ҷое худи варзишгар бо истеъдоди баландаш пирӯзӣ ба даст меоварад”.

Ба гуфтаи Юсуф Абдусаломов, дар Тоҷикистон гуштигирони боистеъдод хело зиёданд ва умедвор аст, ки чанд нафари онҳо, метавонанд қуллаҳои баландро фатҳ кунанд. “Дар Тоҷикистон намудҳои дастаиро инкишоф додан мушкил аст. Ва аммо ба гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, ҷудо, бокс таваҷҷуҳи мақомот бояд зиёд бошад, зеро ки аз ин намудҳо метавон ба натиҷаҳои баланд ноил шуд”, - гуфт Юсуф Абдусаломов.

Шарҳи ҳол

Юсуф Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шудааст. Ӯ дар миёни панҷ бародару шаш хоҳараш аз ҳама хурдист. Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хам кардааст. Ба гуштӣ аз сини 12-солагӣ машғул аст.

Устоди врзиши дараҷаи байналмилалист.

Юсуф Абдусаломов 2 сентябри соли 2008 бо Ордени Шараф дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.

Юсуф Абдусаломов барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ (соли 2002), қаҳрамони Осиё дар Ню-Деҳлии Ҳиндустон (2003), ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003), барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку (2007), барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (2008, 2012), барандаи медали нуқраи Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин (2008), ғолиби мусобиқоти интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012) мебошад.
Юсуф Абдусаломов алҳол бо аҳли хонаводааш дар Лаҳистон ба сар мебарад. Соҳиби 4 фарзанд, се духтару як писар мебошад.

XS
SM
MD
LG