Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомуддин Сатторӣ: Дар навбати аввал эҳтиёҷмандон бармегарданд. ВИДЕО


Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, барои ширкат дар ҳамоишҳои идонаи марбут ба 75-умин солрӯзи пирӯзӣ бар фашизм вориди Маскав шуд. Ин аввалин сафари хориҷии раҳбари Тоҷикистон аст, ки дар шароити коронавирус иттифоқ меафтад. Дафтари матбуотии президент мегӯяд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёвараш дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазири дифоъ ва шахсони дигар ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамчунин 75 афсари тоҷик чанд рӯз пеш вориди Маскав шуданд, то дар гашти ҳарбӣ ширкат кунанд.

Аммо дар бораи барномаи сафари ҳайати давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии раисиҷумҳур маълумоти бештаре нашр намешавад, дар ҳоле ки қарор аст, ин сафар се рӯз идома кунад. Дар ҳамин ҳол, намояндагони бархе аз маҳфилҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия пеш аз оғози сафар аз президент Раҳмон хостаанд, ба хотири ҳалли мушкилоташон онҳоро ба ҳузур пазирад.

Аз эҳтимоли баргузории чунин дидор чизе гуфта намешавад, дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафараш ба Русия ё кишварҳои дигар талош кардааст, бо намояндагони ҷомеаҳои тоҷикон дар он кишварҳо мулоқот ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даъват кунад.

Ёдовар мешавем, ин сафар дар давраи паҳншавии бемории COVID-19, аз ҷумла дар байни муҳоҷирон, ҷараён мегирад ва рӯзҳои охир даҳҳо нафар барои бозгашт ба ватан дар назди сафорати Тоҷикистон ҷамъ омадаанд, то барои парвозҳои ғайринавбатӣ худро номнавис кунанд.

Пурсиши нахустини мо дар гуфтугӯ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ низ аз ҳамин талошҳо ва шикваи муҳоҷирон дар бораи шомил нашуданашон ба ин феҳрист оғоз ёфт.

Имомуддин Сатторӣ: "Фаъолияти сафорат ҳамеша вобаста ба хизмат расонидан ба шаҳрвандоне ҳаст, ки дар Русия қарор доранд. Ин як ҷузъи кор мост. Мо кори сафоратро аз ҳамкорӣ бо ҳамватанон ҷудо намекунем. Дар ҳоли ҳозир то пурра боз шудани ҳарими ҳавоӣ, танҳо парвозҳои чартерӣ сурат мегиранд. Мо мехоҳем, ин равандро ба танзим оварем, то дар навбати аввал онҳое баргардонида шаванд, ки воқеан дар шароити сахт қарор доранд. Ҳамаи корро мекунем, ки афроди қаллоб дар ин кор роҳ наёбанд ва аз ин вазъият суистифода накунанд. Чунки парвозҳо зиёд нестанд ва бояд хеле бодиққат буд, дар ибтидо шаҳрвандоне ба кишвар баргарданд, ки бештар аз дигарон ниёз доранд. Масалан, занон, занони кӯдакдор ва ҳомила ва афроде, ки барои табобат омадаанду дармондаанд ва онҳое, ки ба сафари корӣ омадаанду натавонистанд бинобар коронавирус бозгарданд. Онҳо дар як феҳраст ҷой дода мешаванд ва инҳо дар аввал парвоз хоҳанд кард. То 13-уми июл чаҳор парвоз дар назар аст ва эҳтиёҷмандон бираванд, хуб аст. Албатта, дар ин парвозҳо афроди дигар ҳам мераванд. Умедворем, дар ояндаи наздик ҳарими ҳавоӣ боз шавад ва шаҳрвандон бояд дар ташвиш набошанд, бояд тарсу ҳарос надошта бошанд, ки дар ин ҷо мемонанд, чаро ки парвозҳо барқарор хоҳанд шуд ва роҳҳо боз ва чӣ аз роҳи ҳавоӣ ва чӣ заминӣ метавонанд, баргарданд."

Радиои Озодӣ: Чаро фурӯши билетҳоро онлайн ба роҳ намондед, онҳое, ки ба назди сафорат омада наметавонанд, чӣ кор бояд кунанд?

Имомуддин Сатторӣ: "Чаро танҳо ба сафорат? Мо тариқи онлайн почтае, ки (charter-russia@mfa.tj) дорем ва онҳо сад дар сад метавонанд, бо ин роҳ ному насаби худро фиристанд. Аз он тариқ низ мардуми зиёде ҳуҷҷатҳояшонро фиристодаанд. Ҳоло мардум дар пеши сафорат кам шудаанд. Мо ҳамаи нафаронеро, ки дар назди сафорат дирӯз ҷамъ шуданд, қабул ва номнавис кардем. Пеш аз ин шанбе ва якшанбе ҳам кор кардем. Боз мегӯям, дар навбати аввал онҳоеро рӯйхат мекунем, ки эҳтиёҷ доранд. Хайр, бисёре аз мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз ба кор аз тариқи онлайн омодагии зиёд надоранд. Мо ҳам аввал эълони муроҷиати онлайнӣ кардем, вале интизори ин ҳолат ҳам будем, ки хоҳу нохоҳ бисёре аз онҳо худашон хоҳанд омад. Барои одилона ҳал шудани масъала дар ин ҷо комисcияи махсусе дорем. Аз ҳисоби сарони намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва диаспораҳо ҳузур доранд. Мехоҳем хеле шаффоф муносибат дошта бошем, то ки воқеан мардуми сахт ниёзмандро бифиристем. Дар байни онҳо беморон ҳам ҳастанд, солхӯрдагон низ ва онҳо дар навбати авваланд. Агар ин корро намекардем, шояд ба онҳо навбат ҳам намерасид. Инро ҳам бояд гуфт, ки ин муроҷиатҳо аз як рӯз ё ду рӯз пеш нестанд, қисме аз эҳтиёҷмандон як моҳу ду моҳ пеш муроҷиат карда буданд."

Радиои Озодӣ: Субҳи 23-юми июн президенти Тоҷикистон ба Маскав рафт ва дар ҷашни 75-солагии пирӯзӣ бар фашизм ширкат хоҳад кард. Бо назардошти вазъи имрӯза оё ӯ дар ҳошияи ин сафар мулоқоте бо муҳоҷирон анҷом медиҳад?

Имомуддин Сатторӣ: "Ин як ҷузъи анъанавист, ки вақте президенти Тоҷикистон ба ин ё он давлат меравад, бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирон мулоқот мекунад. Ман чӣ қадар соле, ки дар Русия сафир ҳастам, ёд надорам, ки президент зимни сафари худ бо муҳоҷирон мулоқот накарда бошад. Бори охир, ки президент дар Санкт-Петербург буданд, чунин мулоқот баргузор гашта буд ва ҳамчунин дар давлатҳои дигар низ. Аммо ҳоло ин шароити шадиде, ки барои пешгирӣ аз коронавирус дар кишвари мизбон, яъне дар Русия аст ва чораҳои бехатарие, ки ҷорӣ шудааст, имкон намедиҳад, ки бо муҳоҷирон мулоқот барпо карда шавад. Ҳарчанд аз пеш омодагӣ доштем ва мехостем, ки чунин мулоқот сурат гирад, мутаассифона, вазъ чунин аст ва кишвари мизбон ин шароитро фароҳам намеорад ва ин аз мо вобастагӣ надорад. Ин қоидаҳоро кишвари мизбон муайян мекунад ва мо бояд ба сухану машварати онҳо гӯш диҳем."

Чаро Иззат Амон мехоҳад, бо президенти Тоҷикистон вохӯрад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Радиои Озодӣ: Дар ин сафар президенти Тоҷикистон ба ҷуз ширкат дар паради Ғалаба боз дидору мулоқоте бо мақомоти Русия дорад?

Имомуддин Сатторӣ: "Дар ҷараёни ширкат дар тантанаҳои марбут ба Иди Ғалаба мумкин аст мулоқоту суҳбатҳое сурат мегиранд, вале дар ҷадвали ягон президент ҳеч гуна мулоқоти расмии дуҷониба ба назар гирифта нашудааст."

Радиои Озодӣ: То ҷое фаҳмидем, ҳайате, ки президентро ҳамроҳӣ мекунад, қабл аз сафар карантин шудаанд. Оё дар вақти бозгашт чӣ президент ва ҳайат таҳти карантин хоҳанд рафт?

Имомуддин Сатторӣ: "Бале, ба хотири эҳтиёт аз сирояти коронавирус ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Русия ҳайатҳое, ки президентро ҳамроҳӣ мекунанд ва аъзои ҳайате, ки аз ҷониби муқомоти Русия президентро пешвоз мегиранд, 14 рӯз дар карантин буданд ва се маротиба аз тест гузаштаанд. Ман ҳам чанд маротиба аз тест гузаштам. Ин чораҳо муҳим ва заруранд."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG