Пайвандҳои дастрасӣ

С.Свердлов: "Умедворам, ҳукумат даъватҳои ҷомеаи ҷаҳониро мешунавад" ВИДЕО


Стив Свердлов
  • Стив Свердлов – пажуҳишгари созмони Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ – дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистонро зарур аст дар баробари ҳифзи субот ҳуқуқи башарро низ ҷиддӣ риоя кунад. Суҳбати хабарнигорони мо бо Стив Свердлов рӯзи 13-уми сентябр дар Варшава сурат гирифт.

Радиои Озодӣ: Баъди ду сол ҷониби Тоҷикистон розӣ шуд, ки ба ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА ба Варшава биояд. Иштироки онҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Стив Свердлов: "Дарвоқеъ, ин рӯйдоди бузург аст, ки имсол ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ба нишаст ҳайати худро фиристад. Нишасти САҲА ягона платформаи байналмилалист, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон метавонанд ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумат ва дигар фаъолони созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеони ҳуқуқ сари як миз нишаста, масъалаҳои муҳими кишварро баррасӣ кунанд. Медонем, ки чунин масъалаҳо дар Тоҷикистон кам нестанд. Ин бисёр муҳим аст, ки ҳукумат кӯшиш мекунад нишон диҳад, ки барои гуфтугӯ омода аст."

Навори видеоӣ дар инҷост:

Стив Свердлов: Ҳанӯз аз ҳайати Тоҷикистон ваъдаи хос нагирифтем
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:16 0:00

Радиои Озодӣ: Дар маҷмуъ вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Аз нигоҳи Шумо чӣ мушкил вуҷуд дорад ва барои ислоҳаш чӣ бояд кард?

Стив Свердлов: "Ман аз ончи ки мусбат аст, шуруъ мекунам. Мебинем, ки солҳои охир мубориза алайҳи хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон тақвият ёфтааст. Панҷ сол пеш қонун дар бораи хушунат дар оила қабул шуд. Кумитаи занон ва Вазорати корҳои дохилӣ барои татбиқи ин қонуни муҳим кор мекунанд. "Эпидимия"-и хушуант дар хонавода, бахусус хушунат алайҳи занон як падидаи бисёр роиҷ ва тарснок дар Тоҷикистон аст. Ва хушҳолем, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ин падида мубориза мекунад. Ин масъала, воқеан, дар авлавияти кори мо ва созмонҳои дигар аст, ки масъалаи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунанд. Аммо дар дигар бахшҳо вазъият бисёр вахим аст. Имсол Кумитаи ҳуқуқи башар ва як кумитаи дигари Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба ду маҳкумшуда, ки мо онҳоро зиндониҳои сиёсӣ

Зайд Саидов
Зайд Саидов

меномем – Зайд Саидов ва Маҳмадалӣ Ҳайит – хулосаи худро баровард. Созмони Милал хост, ки онҳо фаврӣ ва бе ягон шарт аз боздошт озод шаванд. Чунки ҷараёни мурофиаи онҳо бо қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифтааст. Созмони мо чанд сол боз вазъиятро дар Тоҷикистон таҳқиқ мекунад. Мефаҳмем, ки ҳукумат мехоҳад амнияту суботро дар кишвар ҳифз кунад. Ва мо ба ин эҳтиром дорем. Ман ба ин фикрам, ки ҳеҷ кас бе далел ибораи "зиндонии сиёсӣ"-ро истифода намекунад. Ин ибора барои он истифода намешавад, ки ба обрӯи ягон кишвар латма зада шавад. Мудофеони ҳуқуқ ин ибораро замоне истифода мекунанд, ки муҳокимаҳои додгоҳӣ бо қонуншиканӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон баргузор шавад. Ба мисли дастрасии озоди вакили мудофеъ ба зерҳимоя, тамоси муттаҳам бо наздикон ва инчунин бозу озод будани мурофиаи додгоҳӣ. Дар иурофиаи Зайд Саидов ва Маҳмадалӣ Ҳайит қонуншиканиҳои зиёд сурат гирифтааст. Барои ҳамин, бо як овоз Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ки ин одамон бояд озод карда шаванд. Умед дорам, ки ҳукумат даъватҳои ҷомеаи ҷаҳониро мешунавад. Аммо медонед, ҳузури ҳайати расмии Тоҷикистон дар нишасти Варшава оғози кор аст. Ҳоло ҳукумат ҳеҷ аломате надодааст, ки даъватҳоро барои озод кардани афроде, ки бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд,

шунидааст. Ва мо ба ин бисёр умед дорем. Гузоришҳо мерасанд, ки ҳукумат эҳтимоли афви тақрибан 200 нафарро барарсӣ дорад. Бино ба ин гузоришҳо, ба ин рӯйхат онҳое низ шомил хоҳанд шуд, ки солҳо боз дар бораашон мегӯем. Аз ҷумла, Мақсуд Иброҳимов, ки дар Русия рабуда шуд ва барои фаъолияти сулҳомези сиёсиаш ба 17 соли зиндон маҳкум гардид. Матбуот ҳамчунин аз эҳтимоли шомил шудани Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Маҳмадалӣ Ҳайит ба ин рӯйхат хабар медиҳанд. Ин номҳо дар бисёре аз санадҳои байналмилалӣ ва варақаҳои иттилоотии созмонҳои ҳуқуқи башар зикр шудаанд. Мо ҳанӯз аз ҳайати Тоҷикистон ваъдаи хос нагирифтем, ки онҳо даъвати ҷомеаи ҷаҳониро мепазиранд. Мо умедворем. Ва як бори дигар такрор мекунам, ки ҳузури онҳо дар нишасти Варшава нишонаи нек аст. Онҳо бо намояндагони созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва созмонҳои дигар мулоқот мекунанд. Мо ҳамаи корро мекунем, то ин мушкилҳо ҳал гарданд."

Радиои Озодӣ: Як муноқиша миёни ҳайати расмӣ ва намояндагони мухолифон рух дод. Оё ин ҳодиса метавонад ба раванди гуфтугӯҳо таъсир расонад?

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Стив Свердлов: "Бояд бигӯям, ки созмони Ҳюман Райтс Вотч аз фарзияи ҳеҷ тараф ҷонибдорӣ намекунад. Мо дар ҷараёни муноқиша ҳузур надоштем. Ман фақат гуфта метавонам, раҳбарияти БДИПЧ (ODIHR) ба яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ин ҳодиса иштирок дошт, ҳаққи ҳузур дар ҷаласаҳоро дод. Ин муноқиша эҳсосоти гарм ва фишори баландро намоиш медиҳад. Бисёре аз одамон маҷбур буданд, ки кишварро тарк кунанд. Дар се соли охир ҳодисаҳоеро сабт кардем, ки наздикони онҳое, ки дар хориҷа дар тазоҳуроти осоишта иштирок кардаанд, таҳти фишор қарор гирифтаанд. Мо чанд мисол дорем. Дар моҳи июли соли 2017 намояндагони мақомот дар як вақт ба хонаи афроде рафтанд, ки наздиконашон дар хориҷа ҳастанд. Онҳоро тарс доданд. Ин, албатта, моро амиқан нигарон мекунад. Мо даъват мекунем тарафҳоро ба гуфтугӯ даъват мекунем. Ва хоҳиш мекунем аз ин миз истифода кунанд. Мо дар инҷо натанҳо муноқишаро дидем. Балки дидем, ки

аъзои ҳайати расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна гарм бо якдигар ҳолпурсӣ карданд. Ин ҳам хурсандиовар аст. Ҳамаро зарур аст, ки оромиро нигоҳ доранд ва фишорҳоро поин биоранд. Чунин муноқишаҳо ба фоидаи касе нест. Ман бояд бигӯям, ки Ҳюман Райтс Вотч ҳамагуна хушунатро дар ҳама гуна вазъият маҳкум мекунад."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG