Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шероз Комилов: "Ман аз сиёсат канор рафтам"


Шероз Комилов

Шероз Комилов – зодаи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд – яке аз шореҳони фаъол дар мавзӯи равобити Русияву Украина дар шабакаи "Фейсбук" аст. Ӯ бо имзои мустаори "Эмир Гурган-Мусави" менависад.

Дини ман ҳузур дар ҳама гуна ҷунбишҳо ва бозиҳои сиёсиро манъ мекунад. Шавқам ба сиёсат тамоман гум шуд. Намехоҳам, ҷомеаеро, ки маро ба сафаш пазируфт, беэътибор кунам.

Мақомоти Тоҷикистон Комиловро ҳамчун узви “Гуруҳи 24” ба феҳристи беш аз 1300 нафари “алоқаманд ба терроризм” шомил кардаанд. Аммо ӯ рӯзи 17-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳаргиз узви ин гуруҳ набуд ва мехоҳад, ки мақомот ба хонаводааш кордор нашаванд.

Радиои Озодӣ: Агар узви “Гуруҳи 24” нестед, чӣ гуна ба ин рӯйхат афтидед? Ё Шумо иштибоҳан каси дигар гумон карданд?

Шероз Комилов: “Мақомоти тоҷик иттиҳоми худро бар асоси як суханронии ман дар рӯзи 29-уми сентябри соли 2014 дар театри “Стрела”-и Екатеринбург бунёд кардаанд. Онҷо дар як радиф бо намояндагони “Гуруҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” будам. Видеои суханрониам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст. Дар онҷо ягон ҳарфи бад нагуфтаам. Танҳо мушкили ба ҳама маълуми кишварро ба забон овардаам – шуруъ аз қочоқи маводи мухаддир то харидуфурӯши одамон ва фасоди молӣ. Дар ин бора коршиносон оромона гап мезананд ва барои касе пӯшида ҳам нест. Ман аз номи худ гап зада будам, на аз номи кадом гурӯҳе. Дар робита ба ҳамин суханронии ман дар Тоҷикистон якбора се парванда боз карданд, ки номи Умаралӣ Қувватов, раҳбари собиқи "Гуруҳи 24" ва Одинаеви гумшуда низ шомил буд. Ман бо онҳо иртибот доштам, аммо дар сатҳи шавқи ҷавониам ба сиёсат. Таҳти раҳбарии онҳо ҳеч вақт кор накарда, дар ҳайати созмонашон ҳам набудам. Дар натиҷа, мақомоти Русия маро боздошт карда, як сол дар СИЗО-1-и шаҳри Екатеринбург нигоҳ доштанд. Ва ман ин муддатро дар интизори эҳтимоли истирдод ба ватан сипарӣ кардам. Ин боздоштгоҳ яке аз бадтарин боздоштгоҳҳо дар Русия аст ва тасвири даҳшати онҷо бароям мушкил аст. Агар, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ман гунаҳкорам, аллакай ҷазои худро гирифтаам. Додситонии кулли Русия истирдоди маро ба Тоҷикистон рад кард ва Хадамоти муҳоҷират бароям паноҳандагӣ дод. Баъдан тобистони соли 2016 маро заҳролуд карданд. Ба хотири инки ба ин қазия рангубори сиёсӣ дода нашавад, ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ фиристоданд. Гуфтанд, ки гӯё қасди худкушӣ доштам. Дар асл ин гап дурӯғи маҳз буд. Сипас бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тавонистам то Украина расам ва паноҳандагӣ гирам. Дар инҷо хонаи нав гирифтам ва Худо хоҳад ба зудӣ соҳиби шаҳрвандӣ мешавам. Аз ҳама муҳим, дар ин муддат, пас аз чанде

Шероз Комилов
Шероз Комилов

ҷустуҷӯ ба дини баҳоӣ имон овардам. Дини ман ҳузур дар ҳама гуна ҷунбишҳо ва бозиҳои сиёсиро манъ мекунад. Шавқам ба сиёсат тамоман гум шуд. Намехоҳам, ҷомеаеро, ки маро ба сафаш пазируфт, беэътибор кунам. Ман мехоҳам ба раҳбарияти Тоҷикистон расонам, ки онҳо ба хонаводаам кордор нашаванд. Мақомоти маҳаллӣ пайваста ба назди модарам рафта, таҳдиду талаб мекунанд, ки аз ман бихоҳад, ба ватан равам ва таслим шавам. Ё ба номи Додситонии кулли Тоҷикистон ариза навишта, ихтиёрӣ аз гуруҳҳои ифротӣ хориҷ шавам. Касе наметавонад маро баргардонад. Ман тақрибан шаҳрванди Украина ҳастам. Мехоҳам бигӯям, аз ҳама гуруҳҳое, ки онҳо тавассур доранд, шомилаш ҳастам, берун шудам. Аммо бори дигар такрор мекунам, ки ҳеч вақт дар ҳайати "Гуруҳи 24" набудам. Аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон мехоҳам, ба ниҳодҳои интизомии кишвар таъсир расонад, ки парвандаи ғайриқонунӣ алайҳи маро бибанданд. Ман ватани худро дӯст медорам ва мехоҳам дар оянда имкони сафари бе мушкил ба кишварро дошта бошам. Бо наздикон дидор кунам ва қабри бобои худро зиёрат кунам, ки ба ман ҳаққи падарӣ ҳам дорад."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки бо собиқ раҳбари "Гуруҳи 24" Умаралӣ Қувватов ва раҳбарони дигари созмон робита доштед. Дар бораи онҳо чӣ мегӯед?

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Шероз Комилов: "Умаралӣ Иззатович дар суҳбатҳои маъмулӣ ва хусусӣ як шахси пуртаъсир ва нек буд. Ман, ки бе падар бузург шудаам, ғамхории падаронаашро ба атрофиён дида, меҳрам афзуд. Ҳар ончи ки он вақт ба атрофиёнаш мегуфт, ҳақиқат буд. Куштори ӯро ба унвони фоҷиаи худам қабул кардам. Ман ба ӯ на ҳамчун раҳбари як ҷунбиши сиёсӣ, балки инсон арҷ мегузоштам. Ҳоло "Гуруҳи 24" ба як ҷунбиши ҳошиявӣ ва руҳонӣ табдил шудааст. Ба ин созмон чанде аз одамони ноогоҳ ворид шудаанд, ки идеяҳои пешниҳодиашон барои Тоҷикистон ғайривоқеист. Бисёриҳо мефаҳманд, ки ба қудрат расидани чунин афрод ба ҷуз мушкилии зиёдтар ба кишвар, чизи дигаре нахоҳад овард. Дар миёни онҳо, албатта, афроди соҳиби дониш ҳастанд, ки ҳанӯз рейтинги созмонро нигоҳ медоранд. Аммо мантиқу мақсади онҳоро намефаҳмам, ки чаро то ҳанӯз дар онҷоянд. Чи хеле гуфтам, ҳоло сиёсат ба ман шавқовар нест ва танҳо метавонам аз он хурсандӣ кунам, ки вориди ин гуруҳ нашудам."

Радиои Озодӣ: Ниҳодҳои Тоҷикистон шояд барои он Шуморо узви ин гуруҳ медонанд, ки мумкин аст, гуруҳ чунин мешуморад. Ё инки кадоме дар гуруҳ Шуморо ба ҳайси "одами худӣ" сабт кардааст?

Шероз Комилов: "Ин нукта истисно нест. Аммо бештари вақт худи ниҳодҳо моро ба сафи чунин "созмонҳо" шомил мекунанд. Барои мисол, дар оғози соли 2010 дар Русия будам. Он вақт як созмоне бо номи "БАС" зуҳур кард. Ба саҳифаи онҳо даромада, зери як матлаб назари худро навиштам. Он вақт ҷавон будам ва мисли аксари донишҷӯён мавзӯи марбут ба сиёсатро фаъолона баҳс мекардам. Баробари бозгашт ба хона, маро ба шуъбаи кофтукоби ҷиноии шаҳри Хуҷанд бурданд ва дар бораи узвиятам дар ин созмон пурсиданд. Он вақт ҳам узв набудам. Аммо дар ниҳодҳои мо аллакай феҳристе буд, ки ман дар он шомил будам. Вақте шарҳ навистӣ, фикр мекунанд, тарафдори онҳо ҳастӣ. Он вақт бар асоси фишори зиёд таҳсил дар донишгоҳро партофта, ба Русия рафтам. Баъди он суханронии рӯзи 29-уми сентябр шуд. Ҳодисае, ки пас аз он ба номи ман муҳри душманро заданд ва роҳи бозгашт ба ватанро бастанд. Созмонҳои сиёсие ба мисли «Гуруҳи 24» бино ба таҳдидҳо пӯшида ҳастанд ва бар асоси қоида ягон рӯйхати аъзоро надоранд. Ниҳодҳои тафтишотӣ танҳо дар шабакаҳо назорат мекунанд, шарҳи поёни матолиби марбут аб онҳоро ҷустуҷӯ менамоянд ва чунин хулсоа мебароранд, ки инҳо узв ва тарафдоранд."

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна баҳоӣ шудед? Ва чаро маҳз ин дин?

Ҷамъияти баҳоиҳо дар Белорус. Акс аз бойгонӣ
Ҷамъияти баҳоиҳо дар Белорус. Акс аз бойгонӣ

Шероз Комилов: "Баъди машаққати зиёд дар СИЗО нисбат ба онҳое, ки маро ба онҷо афканданд, хашму нафрати зиёд доштам. Дар фикри интиқом будам. Ба яке аз дӯстон дар бораи хашму нафратам нақл кардам. Вай маслиҳат дод, ки таърихи зиндагии Баҳоуллоҳ ва писараш Абдуд-Баҳоро бихонам. Баҳоулло ва писараш бадтарин ҷазоро гирифтанд. Чиҳил сол дар ҳошия ва зиндон буданд. Аммо боре ҳам дар бораи инқилоб ва эътироз фикр накарданд. Фаҳмидам, ин дин чизест, ки қалбам меҷуст. Дар оғоз даст кашидан аз қасос бисёр мушкил буд. Дар мағзи ман бархӯрди шадид сурат гирифт. Бо ин ҳол, қадаме ба пеш ниҳодам ва ба ҷамоаи баҳоиҳо дар Екатеринбург рафтам. Рӯзи 12-уми апрели соли 2016 дини баҳоиро пазируфта ва ҳоло аз қавли Абдул-Баҳо мегӯям, ки «хидмат ба одамият – дини абадии ман аст".

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG