Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳноза мегӯяд, "аксар ҳамсолонам танбалу беҳадафанд"


Шаҳноза Нуриддинова
Шаҳноза Нуриддинова

Шаҳноза Нуриддинова, аз ҷумлаи донишҷӯёни камшумори тоҷик аст, ки бо дарёфти стипендия бори рӯзгорашро мекашад.

Шаҳноза Нуриддинова, донишҷӯи Коллеҷи техникии Тоҷикистон, мегӯяд, бо стипендияи президентӣ зиндагии донишҷӯии худро пеш мебарад. Шаҳноза, ки аз падар маҳрум ва дар тарбияи модаркалонаш ҳаст, соли гузашта ба гирифтани стипендияи президентӣ муваффақ шудааст.

Стипендияи президентӣ сар аз соли 2005 бо супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон барои хонандагони беҳтарини мактабу омӯзишгоҳҳо пешниҳод мешавад. Гирандагони ин стипендия тариқи озмун интихоб мешаванд ва маблағи он ҳам дар муқоиса бо кӯмакпулии макотиби олӣ бештар буда, 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, то кунун шумори дарёфткунандагони ин стипендия дар Тоҷикистон ба 300 нафар расидааст. Дар ҳоле ки аксари ҳамсолони Шаҳноза аз камбуди стипендия ва дигар мушкилоти марбут ба таҳсили худ шикоят мекунанд, Шаҳноза мегӯяд, пешрафту муваффақияти ҳар шахс дар дасти худи ӯст ва бо талошу донишомӯзӣ шахс дар ҳар ҷодае муваффақ хоҳад шуд.

Ӯ дар мавриди он ки чӣ тавр барандаи стипендияи президентӣ шудааст, гуфт: "Озмун барои гирифтани стипендияи президентӣ аз ду давр иборат аст ва аз миёни чаҳор нафар соли гузашта дар ин озмун ман ғолиб омада, ба гирифтани стипендия муваффақ шудам. Дар ин озмун аз рӯи ҳамаи фанҳои мактабӣ имтиҳон супоридем."

-Стипендияи президентӣ то куҷо зиндагии Шуморо осон кардааст?

Шаҳноза: "Албатта, ҷои пинҳон кардан нест, ки донишҷӯён имрӯз шароити хубе надоранд, вале ин кӯмакпулӣ воқеан зиндагии маро осон кард. Маблағи ин стипендия беш аз 400 сомонӣ барои ҳар моҳ аст ва ҳамчунин аз сӯи донишкада ҳам чун донишҷӯи аълохон ҳар моҳ 80 сомонӣ мегирам ва бо ҳамин маблағҳо зиндагии донишҷӯиямро таъмин мекунам ва аз касе вобаста нестам. Ин мабалағҳоро бештар барои харидани китоб, истифода аз интернет ва роҳкиро ва дигар хароҷоти заруриям сарф мекунам."

-Чанде пеш як гурӯҳ гирандагони стипендияи президентии "Дурахшандагон" аз таъхир дар гирифтани кӯмакпулиҳояшон шикоят карда, ба унвони президент нома навишта буданд. Оё Шумо ҳам чунин мушкил доред?

Шаҳноза: "Не, ин стипендия ҳар 3 моҳ ба мо пешниҳод мешавад ва ман дар ин маврид ягон мушкил надорам."

-Дар мавриди зиндагии дигар ҳамсолонатон чӣ назар доред? Бо чӣ роҳе ҷавонон метавонанд вазъи зиндагии худро беҳтар кунанд?

Шаҳноза: "Фикр мекунам, муваффақият аз худи ҷавон вобаста аст. Мушоҳида мекунам, ки ҳамсолонам аксаран талош надоранд, ки дар зиндагӣ ба ягон ҳадафи худ бирасанд. Онҳо як зиндагии оромонаву якрангро пеш гирифта, ягон ҳадафи аслӣ, ягон мақсади ҷиддӣ надоранд. Онҳо танбаланд. Мехостам донишҷӯён аслан вақти худро беҳуда сарф накарда, ҳамеша дар талоши он бошанд, ки пеш бираванд ва зиндагии худро беҳтар кунанд."
XS
SM
MD
LG