Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймӣ Флай: Президент Раҳмон ваъда дод, ки мушкили Радиои Озодӣ ҳал мешавад. ВИДЕО


Ҷеймӣ Флай

Ҳафтаи гузашта дар Сюрихи Швейтсария президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дошт. Дар ин дидор ҷонибҳо шароити кори хабарнигорону кормандони Радиои Озодиро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Дар бораи натиҷаи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймӣ Флай дафтари раёсатҷумҳури Тоҷикистон ва баъзе аз хабаргузориҳои Русия иттилои зиддунақизро пахш карданд. Асли сӯҳбат чӣ буд? Ҷавоби ин суолро аз президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай пурсидем.

Ҷеймӣ Флай: "Мехостам бо раиси ҷумҳур Раҳмон дар бораи кори Радиои Озодӣ баҳс кунам. Мо эҳсос мекунем, ки радио нақши муҳимеро дар ҷомеаи Тоҷикистон иҷро мекунад ва садояш ба мардуми зиёде мерасад. Озодӣ аз тарафи ҳукумати раиси ҷумҳур Раҳмон зери фишор мондааст, баъзе аз хабарнигорони моро озор додаанд, баъзеи дигар аз аккредитатсия маҳрум шудаанд. Ман хостам, ба ӯ возеҳ кунам, ки агар мехоҳад, мо дар Тоҷикистон фаъолиятамонро идома бидиҳем, чунин муносибат ғайри қобили қабул аст, чун мо дар чунин шароит корро идома дода наметавонем. Ман, воқеан, мехостам, ба ӯ бирасонам, ки мо меъёрҳои хабарнигорӣ ва касбии худро сарфи назар намекунем. Агар мо дар Тоҷикистон монданӣ бошем ва дафтари худро дар Душанбе боз нигаҳ дорем, бояд муносибат бо Озодӣ ва шеваи рӯзмарраи рафтори ҳукумат бо он тағйир ёбад. Ман саъй кардам барои ҳамин аз ӯ замонат ба даст биёрам."

Видеои суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Ҷеймӣ Флай: Президент Раҳмон ваъда дод, ки мушкили Радиои Озодӣ ҳал мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00

Радиои Озодӣ: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гузоришҳоро дар бораи баста шудани дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе “дурӯғи маҳз” хонда, аз радио талаб кардааст, ки ба гуфтаи онҳо “ташвиқу тарғиби созмонҳои мамнуъ”-ро бас кунад. Бардошти Шумо аз ин ибрози назар чист?

Ҷеймӣ Флай: "Возеҳ аст, ки ӯ баъзе аз гузоришҳои моро хуш надорад, вале ин як бахши кори мо ҳамчун хабарнигор дар Радиои Озодӣ дар тамоми ҷаҳон аст, ки мансабдорони ҳукуматро ба чолиш бикашем ва назарҳои ҳамаи тарафҳо ва ҳамаи зовияҳоро бозтоб диҳем. Дар Тоҷикистон ҳукумат намехоҳад, ки мо баъзе аз мавзӯъҳои муайянро инъикос кунем. Ман ба ӯ бисёр возеҳ гуфтам, ки мо назорати таҳририяи худро ба касе дар ҳукумати Тоҷикистон намедиҳем ва намегузорем, ки мақомоти Тоҷикистон ба мо бигӯянд, ки чиро инъикос кунем ва чиро не. Ӯ ҳам, табъан, мехост, назару андешаҳояшро дар бораи баъзе мавзуъҳои мо бигӯяд. Чунин чизҳоро мо аз раҳбарони дигар кишварҳое, ки дар онҷо фаъолият дорем, низ мешунавем. Баъд аз ин ман ин нуктаро ба ӯ расондам, ки мо зарурат ба он дорем, ки бидуни фишору озор кор кунем ва мо мехоҳем, тамоми хабарнигорони мо аккредитатсия шаванд. Ӯ гуфт, ҳукумат дафтари моро дар Душанбе бастанӣ нест, вале воқеият ин аст, ки онҳо талош доранд, кори дафтарро маҳдуд кунанд. Онҳо талош доранд, назорат кунанд, кадом хабарнигор иҷоза дорад, аз дохили кишвар барои мо гузориш диҳад, кӣ ба кор гирифта шавад ва кӣ не. Ва ман гуфтам, ки чунин шароит қобили қабул нест ва агар вазъ бе тағйир монад, мо маҷбур мешавем, қарорҳои сахте дар бораи фаъолияти ояндаи худ дар Тоҷикистон қабул кунем."

Радиои Озодӣ: Шумори зиёди коршиносону корбарони сомонаи Озодӣ аз мулоқоти шумо бо президенти Тоҷикистон пешбинии нек дорад, дигарон каме нигарон ҳастанд. Шумо дар ин бора чӣ пешбинӣ доред? Оё 11 корманди Радиои Озодӣ соҳиби аккредитатсия хоҳанд шуд?

Мулоқоти Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон дар Швейтсария
Мулоқоти Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон дар Швейтсария

Ҷеймӣ Флай: "Ман комилан умедворам, ки дар баъзе аз масъалаҳои марбут ба аккредитатсия пешрафт хоҳем кард. Дар поёни мулоқот раиси ҷумҳур возеҳ гуфт, ки масъалаи аккредитатсия ҳал мешавад ва ӯ намехоҳад, ба ман чун мудири Радиои Озодӣ дикта кунад, киро ба кор гирем ва кадом хабарнигор дар Тоҷикистон кор кунад. Ман умедворам, ки мақомоти Тоҷикистон дастурҳои раиси ҷумҳурро иҷро мекунанд ва ба бақияи хабарнигорони мо иҷозаи кор медиҳанд. Ба 11 нафар аккредитатсия медиҳанд ва дигар ҳамкорон, ки чанде пеш барои мӯҳлати кӯтоҳ иҷоза гирифтанд, аккредитатсияи комил мегиранд. Ман эҳсос кардам, ки раиси ҷумҳур чунин аҳд дод. Ҳоло масъала дар дасти вазири умури хориҷӣ ва ё Вазорати умури хориҷӣ аст, ки вазифаашон додани аккредитатсия мебошад. Ҳоло мунтазирем, бубинем, ки онҳо чӣ гуна ваъдаи додаи раиси ҷумҳурро дар дидори ҳафтаи гузашта дар Сюрих иҷро хоҳанд кард. Баъд аз ин мо арзёбӣ мекунем, ки то куҷо Радиои Озодӣ метавонад, озодона дар Тоҷикистон фаъолият кунад ва чӣ гуна дафтари комиле бошад, ки тавонад ҳама мавзӯъҳоеро, ки мехоҳем дар Тоҷикистон инъикос кунад."

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG