Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзохӯҷа Низомов: Чанд сол боз бо Ҳоҷӣ Ҳалим робита надоштам


Мирзохӯҷа Низомов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик
Мирзохӯҷа Низомов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик

Мирзохӯҷа Низомов - фармондеҳи Иттиҳоди мухолифони пешин мегӯяд, ки чанд муддат пеш мақомоти марзбонии Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки вориди қаламрави он кишвар шавад.

Генерал Мирзохӯҷа Низомов, муовини собиқи сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ, раиси Кумитаи гумрук ва аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони пешини тоҷик, хабареро, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба ӯ иҷозат надодаанд, аз кишвар хориҷ шавад, рад кард. Низомов 3 декабр дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаҳои наздик ба хориҷи кишвар сафар надоштааст. Ӯ ҳоло 64 сол дорад ва бознишаста аст.

Мирзохӯҷа Низомов, маъруф бо лақаби "Комиссар", гуфт, ҳоло ӯ қасди сафар ба хориҷи кишварро надорад. Аммо гуфт, "тақрибан чанд муддат пеш хостам духтари беморамро барои табобат ба Маскав барам, аммо дар фурудгоҳи Домодедово иҷозаи аз сарҳад гузаштанро надоданд. Ман дар ин сӯи марз мондаму духтарам дар он сӯ."

Генерал Низомов, ки 3 декабр дар манзилаш бо хабарнигори Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, духтараш аз бемории саратон ранҷ мебарад ва ҳоло таҳти назорати табибон аст. Ӯ мегӯяд, дертар аз мақомоти интизомии Русия нома гирифтааст, ки ба далели нақзи кадом як моддаи Қонуни асосии он кишвар ҳаққи вуруд ба Русияро надорад. Фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони пешини тоҷик афзуд, ҳафтаҳо дар хона менишинад ва зиндагии орому осуда дорад.

Ӯ аз вазъи ороми ҷомеаи Тоҷикистон тавсиф кард ва гуфт, ҳанӯз аз даврони фаъолият дар мақоми муовини раиси Сарраёсати сарҳадбонӣ, бо мақомоти интизомӣ ва қудратии кишвар робитаи нек дорад.

Мирзохӯҷа Низомов
Мирзохӯҷа Низомов

Мирзохӯҷа Низомов бо ёдоварӣ аз нооромиҳои моҳи сентябри соли равон ва ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон гуфт, тақрибан баъди се рӯзи баъди сар задани ин ҳодиса, мақомоти амниятӣ ӯро даъват карда, масъалаи то кадом андоза иртибот доштанаш бо Назарзодаро ҳамчун фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин пурсидаанд. ​"​Мақомоти интизомӣ суол карданд, ки бо Абдуҳалим Назарзода робитаи наздик доштам ё на. Дар ҷавоб гуфтам, қаблан, вақте дар сафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин фаъолият доштем, ӯро мешинохтам, вале дар ин чанд соли ахир ҳеч робита надоштем,​" -- афзуд мусоҳиби мо.

Ӯ нақл кард, "баъд пурсиданд, ки дар маҳаллаи Калинини пойтахт (маҳалли зисти Мирзохӯҷа Низомов) як мошини сафеди ҳомили силоҳҳои Калашниковро мақомоти қудратӣ ба қайд гирифтаанд ва ин ба шумо тааалуқ дорад? Дар ҷавоб гуфтам, ки аслан дарак надорам ва ҳоло ман дар Шӯъбаи амният нишастаам, марҳамат, равед, бинед ин чӣ мошин аст ва дар куҷост ва ба кӣ тааллуқ дорад. Баъд аз пурсишу посухҳо, кормандони интизомӣ маро раҳо карданд ва бо эҳтиром гусел намуданд."

Мирзохӯҷа Низомов мегӯяд, ду ҳафта қабл дар як маъракаи хурсандӣ дар ноҳияи Панҷ як нафар ба онҳо гуфтааст, ки гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва "Давлати исломӣ" дар Афғонистон эълон кардаанд, агар дохили Тоҷикистон шаванд, аввал фармондеҳони собиқ мухолифинро нобуд мекунанд, чунки онҳо бо ҳукумат сулҳ карданд ва шомили ҳукумат шуда, нақшаҳои онҳоро барбод додаанд: "Вақте ин хабарро ба мо расонданд, ҳамроҳи ман Ғайрат Адҳамов, собиқ муовини аввали вазири дифоъ, Саламшо Муҳаббатов ва Ҳаким Қаландаров, собиқ муовини сарраёсати марзбонӣ буданд ва тасмим гирифтем, ки ба мушовири президент Шералӣ Хайруллоев ин масъаларо расонем."

Низомов мегӯяд, ки ӯ бо Шералӣ Хайруллоев робитаи дӯстона дорад ва ба вай гуфтааст, ки вазъият чунин аст ва онҳо омода ҳастанд, ки дар хатти аввали марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хизмат кунанд ва барои ҳифзи амнияту суботи Тоҷикистон бо таҷрибае, ки доранд, саҳм гузоранд. Аммо Шералӣ Хайруллоев изҳори ташаккур намуда ва гуфтааст, ки агар лозим шавад, даъват мекунанд.

Мирзохӯҷа Низомов мегӯяд, ҳанӯз ҳам генерали нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон аст ва ҳуқуқи ба бар кардани либоси генералиро дорад ва дар ҷашни 20-солагии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон расман даъват шуда ва дар он иштирок кардааст. Вай мегӯяд, ҳоло бознишаста аст ва тақрибан ҳафтаҳо ба берун намебарояд ва ягона фаъолияте, ки дорад, ҳамкорӣ дар ширкати хусусии "Трейд" мебошад, ки ба писараш тааллуқ дорад.

"Ҳатто радио ва телевизионро ҳам тамошо намекунам, рӯзнома ҳам намехонам ва агар дар гузашта журналистҳо бо саволҳои худ оромам намегузоштанд, ҳоло касе занг ҳам намезанад. Охирин бор дар вақти кушта шудани Мирзо Зиёев (Мирзо Ҷага) як хабарнигори Радиои Озодӣ занг зада буд, ки ин ҳам панҷ-шаш сол пеш буд. Телефонҳои ман ҳеҷ гоҳ хомӯш нестанд," -- афзуд ӯ.

Мирзохӯҷа Низомов дар робита ба лақаби “Комиссар”, ки аз куҷо ба ӯ дода шудааст, гуфт, дар солҳои 80-ум дар вазифаи комиссари ҳарбии ноҳияи Рашт фаъолият дошт ва мардум ӯро дар вақти муроҷиат “Комиссар” хитоб мекарданд. Ӯ мегӯяд, дар ояндаи наздик ба навиштани як китоб дар бораи ҳаводиси солҳои ноороми Тоҷикистон шурӯъ хоҳад кард. Вай гуфт, китобе хоҳад навишт, ки мисли (бо ангушташ ишора мекунад) китобҳое, ки то ҳол навишта шудаанд ва аз тарафкашию ситоишу зиндабод не, балки воқеӣ ва ҳақиқат бошад.

XS
SM
MD
LG