Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳрубон Тӯраев: Ба Google баъд аз хатми донишгоҳ меравам


Меҳрубон Тӯраев
Меҳрубон Тӯраев

Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия - "Ҳотам ПВ" мегӯяд, танҳо баъд аз хатми донишгоҳ барои кор ба ширкати Google хоҳад рафт.

Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия -"Ҳотам ПВ" мегӯяд, танҳо баъд аз хатми донишгоҳаш дар Ҷопон дар ширкати Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет ба фаъолият хоҳад пардохт. Ӯ рӯзи 3 август аз Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба информатика - IOI-2015, ки дар Алмаато баргузор шуд, бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт, вале мегӯяд, аз ин ғолибият чандон хушҳол нест.

"То имрӯз касе аз намояндаи Тоҷикистон дар чунин озмун иштирок накарда ё соҳиби медал нашуда буд. Барои ҳамин, бисёр мехостам медали тило ба даст орам, вале нашуд. Зеро фурсати озмун хеле кам буд. Ба ҳар ҳол, бо вуҷуди норозигии ман, медали биринҷӣ ҳам бад нест, чунки ин медал ба ман имкон медиҳад, бидуни супоридани имтиҳон ба чандин донишгоҳҳо шомил шавам," -- афзуд ӯ.

Озодӣ: Бо ин медал шумораи медалҳоятон аз озмунҳои байнулмилалӣ ба чанд расид?

Меҳрубон Тӯраев: “Ростӣ, медалҳои зиёд дорам, аммо ҳисоб накардам. Агар хато накунам, танҳо аз озмунҳои байнулмилалӣ бештар аз 12 медал ба даст овардам. Миёни онҳо танҳо як медали нуқра аст, чаҳор медали биринҷӣ ва боқимонда - медалҳои тило. Чунки се бор пайиҳам дар Олимпиадаи Жаутиковск аз фанни математика, физика ва информатика ғолиб омадам. Баъдан, аз Олимпиадаи даставӣ оид ба

Меҳрубон Тӯраев бо парчами Тоҷикистон
Меҳрубон Тӯраев бо парчами Тоҷикистон

барномарезии умумирусиягӣ, Олимпиадаи боз оид ба барномарезӣ ҳам соҳиби медал гардида будам. Ҳамаи ин медалҳо барои ман имкони таҳсил дар кишварҳои хориҷиро фароҳам мекунанд.”

Озодӣ: Имсол чанд муассисаи таълимӣ, аз ҷумла аз Русия, Озарбойҷон ва Ҷопон ба Шумо даъватномаи таҳсил фиристодаанд. Кадомеро интихоб кардед?

Меҳрубон Тӯраев: “Аввал тасмим гирифтам, ки ба Санкт-Петербург равам дар яке аз донишгоҳҳои ин шаҳр таҳсилро шуруъ кунам. Танҳо моҳи декабр аз донишгоҳи Ҷопон ба ман посух хоҳанд дод, ки аз кай метавонам дарсро дар ин кишвар оғоз кунам. Фикр мекунам, ба Ҷопон меравам, чун фанновариҳои нав дар ин кишвар хеле рушд кардааст. Ин кишвар аз ҷиҳати сохтани роботҳо низ пешқадам аст, пас, чаро дар он кишвар таҳсил накунам?”

Сӯҳбат бо Меҳрубон Тӯраев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:20 0:00

Озодӣ: То ҷое медонем, ширкати Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет низ Шуморо ба кор даъват кардааст. Ин пешниҳодро қабул кардед?

Меҳрубон Тӯраев: “Бале, хабаре, ки Шумо фаҳмидед, дуруст аст. Ба ман аз корпоратсияи дар ҷаҳон маъруфи Google ба ҳайси барномасоз барои кор даъватнома омад. Аммо ба онҳо гуфтам, ки пас аз хатми донишгоҳ метавонам, барои кор ба ин ширкат равам. Чун ҳоло ки фурсати хондан аст, аввал таҳсил мекунам. Онҳо ҳам ин пешниҳоди маро қабул карданд ва гуфтанд, ки омодаанд, пас аз хатми донишгоҳ дар Google ба кор шуруъ кунам.”

Озодӣ: Шеваи даъвати ширкати Google барои кор чӣ тавр буд?

Меҳрубон Тӯраев: “Ин ширкат як олимпиада баргузор кард, ки дар он барномасозон иштирок доштанд ва ман ҳам дар он ҷойи намоёнро гирифтам. Баъд аз ин озмун онҳо ба ман ин пешниҳодро карданд, ки бо онҳо кор кунам. Фикр мекунам, аз ӯҳдаи кор дар ин ширкат мебароям. Бояд гӯям, ки ду соли пеш ҳам Афзали Беҳрӯз, яке аз дигар шогирдони гимназияи мо, ки муаллими ман буд, барои кор дар ширкати Яндекс даъват шуда, ҳоло дар он ҷо фаъолият дорад.”

Озодӣ: Аммо ҳамчун барномасози ҷавон аз сӯи ширкатҳои тоҷикистонӣ боре даъвати кор гирифтед ё не?

Меҳрубон Тӯраев: “Не. Вале сабабашро намедонам...”

Озодӣ: Агар гӯянд, ки Тоҷикистон кишвари дар ҳоли рушд аст ва ба Шумо барин барномасозони ҷавон ниёз дорад...

Меҳрубон Тураев

Меҳрубон Тӯраев 24 ноябри соли 1997 дар оилаи тоҷир зода шудааст. Ӯ 5 сол дар гимназияи "Тоҷикистон" таҳсил карда, баъдан 2 соли дигар дар гимназияи "Кафолат" таҳсилашро идома додааст. Баъд аз хатми синфи 8 барои идомаи таҳсил ба гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ” омада, имсол ин гимназияро хатм кард. Меҳрубон Тӯраев қаблан низ Тоҷикистонро дар олимпиадаҳои сершумори байнулмилалӣ намояндагӣ карда, ба диплому медалҳо шарафёб гардидааст. Ӯ се бор пайдарҳам медалҳои Олимпиадаи Жаутиковск аз фанни математика, физика ва информатика (соли 2013 - биринҷӣ, соли 2014 - нуқра ва тилло), медалҳои Олимпиадаи умумрусиягии даставӣ оид ба барномарезӣ (соли 2013 - биринҷӣ ва соли 2014 - нуқра), медали тиллои Олимпиадаи бози барномарезӣ, медали тиллои Asian Pacific International (Австралия) ва ғайраро ба даст овардааст.

Меҳрубон Тӯраев: “Ростӣ, ман дар ҳоли ҳозир кор дар Тоҷикистонро намепазирам. Чун аввал мехоҳам, дар ширкатҳое мисли Google карйиера созам ва ҳам соҳиби миллиард шавам. Шояд солҳои баъд барои Тоҷикистон, ки ватанам ҳаст хизмат кунам. Ҳамин аст, фикри ман. Чун вақте аз олимпиадаҳо бармегаштем, ғайр аз устодони гимназия ва ҳам волидонамон касе аз масъулин аз мо намепурсид. Ҳарчанд мо дар хориҷ Тоҷикистонро намояндагӣ мекардем.”

Озодӣ: Нигоҳи Шумо ба таҳавуллоти ахир дар ҷаҳону Тоҷикистон ва гароиши ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои тундрав чист?

Меҳрубон Тӯраев: “Дар ин бора бисёр мебинаму мешунавам. Аммо гуфтанӣ ҳастам, бояд ҳар як ҷавон ҳар сухане, ки мешунавад аввал дар тарозуи ақлаш баркашад. Ин ҷо ду чиз ҷавононро гумроҳ мекунад. Якум - ваъдаи маблағи зиёд ва дувум – камсаводӣ ё бесаводии худи ҷавонон. Фақат як назар дорам, Ислом ҳеч гоҳ ҷангро намехоҳад.”

XS
SM
MD
LG