Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалолиддин Маҳмудов: "Дар маҳбас интернет нест ва "ҳизбиҳо" бо "ҳаётиҳо" муноқиша мекунанд" ВИДЕО


Ҷамолиддин Маҳмудов. Рӯзи 9-уми апрели соли 2019
Ҷамолиддин Маҳмудов. Рӯзи 9-уми апрели соли 2019

"Мебоист панҷ сол дар зиндон менишастам. Бехабар будам, ки маро се сол пеш шомили қонуни афв кардаанд. Мақомоти зиндон дар ин бора ба ман чизе нагуфта буданд ва интизор ҳам набудам, ки ин шабу рӯз раҳо мешавам. Ҳамагӣ даҳ дақиқа пеш аз он ки озод шавам, маро огоҳ карданд. Ногаҳонӣ буд," -- мегӯяд Ҷалолиддин Маҳмудов, узви собиқи раёсати олии ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ. Ӯ рӯзи 4-уми апрел аз зиндон озод шуд.

То моҳи сентябр ба ман аслан муроҷиат намекарданд, чун узви ҳизби расмӣ будам. Дар айбномаи ман ҷурми экстремизм ва терроризм ҳам набуд. Аммо моҳи сентябри соли 2015 намояндагони мақомоти интизомӣ омаданд ва масъалаи иртибот доштан ё надоштани маро ба ҳодисаҳо пурсиданд.

Маҳмудов 9-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли 2016, ҳангоми таҷлил аз 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, шомили афв шуда, даҳ моҳу шаш рӯз аз ҳукми зиндонаш кам шудааст.

Ҷалолиддин Маҳмудови 56-сола, ки намояндаи ҲНИТ дар Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон буд, соли 2015, дар остонаи интихоботи порлумонӣ, дастгир ва бо ҷурми нигоҳдории силоҳ панҷ сол зиндонӣ шуд. Ӯ рӯзи 4-уми апрели имсол озод гардид. Мегӯяд, чаҳор соле, ки дар зиндон гузаронд, то ҷое ба вазъи саломатиаш асар кардааст ва дар даҳ рӯзи оянда зери назорати пизишкон хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Се ҳафта пеш аз озодии Шумо чанд маҳбуси зиндони рақами чаҳорум (Советский-1) аз ҷой доштани шиканҷа ва мавридҳои гӯиё пулситонии масъулони маҳбас шикоят карданд. Чаҳор сол дар онҷо будед ва оё ин гапҳо воқеият дорад?

Ҷалолиддин Маҳмудов: "Ман аз номи худам гап мезанам. Дар маҳбас интернет нест. Дар рӯзномаву шабакаҳои радиоӣ, ки мехондем ва гӯш мекардем, ин гуна хабарҳо пахш намешаванд. Албатта, мо низ шунидем, ки ҳамин гуна шикоятҳо шудаанд. Баъди он ки дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ тағйироти кадрӣ шуд, аз рӯи инсоф бигӯем, дар муассиса беҳбудии зиёд ҷорӣ гардид."

Радиои Озодӣ: Рӯшантар метавонед бигӯед, ки кадом беҳбудӣ?

Ҷалолиддин Маҳмудов: "Масалан, мавридҳои пулгирӣ дар ҷойи мулоқоти маҳбусҳо бо наздиконашон кам шуд. Дар онҷо мулоқот се соат ва аз пушти шиша сурат мегирад. Баъдан наздикон ё ҳамсар ҳақ доранд, ки ду шабонарӯз дар назди Шумо бимонанд. Вақте тағйироти кадрӣ шуд, Мансурҷон Умаров омад. Ҳузури наздикон дар пеши маҳбусро се рӯз кард ва барои як шабонарӯз 13 сомонӣ пардохт мешавад. Қаблан пулситонӣ бештар буд ва ҳамаро аз байн бурданд. Дар бораи ин ки ба таври мушаххас шиканҷа буд ё не, ҳар кас аз номи худаш гап мезанад. Ман аз номи худам мегӯям, ки нисбати ман шиканҷае нашудааст."

Радиои Озодӣ: Дар мавриди шароити дигари зиндон чӣ мегӯед?

Ҷалолиддин Маҳмудов: "Дар мавриди ғизои маҳбас бояд гӯям, ки қаблан нон беҳад бесифат ва бемазза буд. Ҳоло беҳтар шудааст. Ғизоҳо низ бетабъ пухта мешуданд. Дар онҷо қисми тиббӣ фаъол аст ва ду кормандаш мутахассисанд. Чанд корманди дигараш аз ҳисоби маҳбусоне, ки ихтисоси пизишк доштаанду маҳкум шудаанд, ҷалб карда шудаанд."

Радиои Озодӣ: Дар хабаре, ки дар сомонаҳои интернетӣ нашр шуд, дар хусуси вуҷуди гурӯҳҳое бо номи "ҳизбиҳо" ва "ҳаётиҳо" сухан рафтааст. Инҳо чӣ гуруҳ ҳастанд ва муноқишаи онҳо то куҷо ҷиддист?

Ҷалолиддин Маҳмудов: "Бале, ин гуруҳҳо вуҷуд доранд. Ҳизбиҳо шахсоне ҳастанд, ки бо ҷурми терроризм ва тундгароӣ маҳкум шуда, бо "Салафия", "Ансоруллоҳ", ҲНИТ, "Ҳизбуттаҳрир" ва гурӯҳи Мулло Абдулло мансуб ҳастанд. "Ҳаётиҳо" маҳбусоне ҳастанд, ки бо ҷурми дуздӣ, авбошӣ, ришва ва гуноҳҳои дигар маҳкум шудаанд. Қаблан миёни ин ду гуруҳ не, балки дар миёни "ҳизбиҳо" муноқиша сар зад ва таҳрибан се дақиқа давом кард. Нозирони маҳбас пароканда карданд. Сабабаш маълум набуд ва тафтишот ҷараён дорад. Хусумати "ҳаётӣ"-ҳову "ҳизбиҳо" тарҳрезишуда ва ё махсус нест. Онҳо гоҳ дар ошхона ва гоҳе бар сари масъалаҳои кӯчак баҳс мекунанду хусумати худро нишон медиҳанд. Дар назди “ҳизбиҳо” “ҳаётиҳо” чандон эътибор ва эҳтиром надоранд."

ВИДЕОРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Ҷалолиддин Маҳмудов: "Дар маҳбас "ҳизбиҳо" бо "ҳаётиҳо" муноқиша мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00

Радиои Озодӣ: Дар моҳи сентябри соли 2015, тақрибан баъди ҳашт моҳи дастгир шудани Шумо, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд. Баъзе аз мақомҳои ҳизб дастгир ва зиндонӣ шуданд. Гурӯҳи тафтишотӣ ба суроғи шумо ҳамчун фарди бонуфузи ҳизб рафта буданд?

Ҷалолиддин Маҳмудов: "То моҳи сентябр ба ман аслан муроҷиат намекарданд, чун узви ҳизби расмӣ будам. Дар айбномаи ман ҷурмҳои экстремизм ва терроризм ҳам набуд. Аммо моҳи сентябр ва баъди кушта шудани Ҳоҷӣ Ҳалим намояндагони мақомоти интизомӣ омаданд ва масъалаи иртибот доштан ё надоштани маро ба ҳодисаҳо пурсиданд. Натиҷа ин шуд, ки ман ба ин ҳодиса ҳеҷ иртибот надоштаам. Рузи 29-уми сентябр фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон расман қатъ карда шуд ва ҳамон рӯз ба раҳбарияти муасаиса ариза навишта ва фаъолиятамро муваққатан боздоштам. Зикр кардам, ки агар дубора ба ҳизб расман иҷозаи фаъолият диҳанд, боз тасмимамро рӯшан хоҳам кард."

XS
SM
MD
LG