Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Зулфиқоров гуфт, дар Тоҷикистон мемонад ва ба Русия барнамегардад. ВИДЕО


Темур Зулфиқоров

Темур Зулфиқоров, нависандаи машҳури русзабон ва зодаи Тоҷикистон, мегӯяд, тасмим гирифтааст, ки дигар барои иқомат ба Русия барнагардад. Ӯ, ки дар Душанбе ва Варзоб хона ва осоишгоҳи давлатӣ дорад, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, даврони пириашро дар зодгоҳаш сипарӣ кунад.

Радиои Озодӣ: Чаро ба Русия баргаштан намехоҳед?

Темур Зулфиқоров: "Ман дар Маскав тақрибан 60 сол зиндагӣ кардаам, аммо мафҳуме мисли зодгоҳ вуҷуд дорад. Гузашта аз ин, шаҳри бузург барои зиндагии нафари солхӯрда муносиб нест, зеро шаҳри бузург ба шахс имкон намедиҳад, ки бо табиат ва парвардигор дар муколама бошад. Агар манзили кӯчаку хоксоронае дар бешазор медоштам, шояд мавзӯи бозгашти ман ба ватани аҷдодӣ аҳамияти зиёд надошт. Ман тамоми умр дар як ҳуҷраи кӯчак дар табақаи 14-ум зистаам. Хостам, зиндагиву орому осоишта дошта бошам. Ҳатто Лев Толстой дар синни ман аз зиндагии осоиштаву хонавода фирор карда, озими як русто шуда буд, ҳарчанд дар як гӯшаи зебои табиат зиндагӣ мекард. Бароям ҳамеша ҷолиб буд, ки ҷонварон, аз ҷумла, сагҳову гурбаҳо чӣ тавр мемиранд. Онҳо барои мурдан ба дуриҳо мераванд. Чаҳор соли ахир ман пириро дар оғӯши табиат мегузаронам ва дар танҳоӣ асарҳои зиёде эҷод кардам. Ҳар қадар аз шаҳрҳои бузург дуртар шавӣ, ҳамон қадар об тозатару мардум самимитар мешаванд. Вақте аз шаҳр ба деҳа пиёда меравӣ, ту назди парвардигор ва Аллоҳ меравӣ, аммо вақте мошинсавор аз русто ба шаҳр шитобон меравӣ, ту ба назди шайтон бармегардӣ. Дар чаҳоруним соли бобаракат ман китоби афсонаҳо, масалҳо ва шеърҳоро навиштам. Як муллои пир ба ман гуфт, Ҷалолиддини Румӣ ба деворе наздик шуд, ки паси он Парвардигор одамро меофарид, ту бошӣ, болои он девор баромадӣ. Гуфтам, астағфуруллоҳ, ҳаргиз худро устод намеҳисобам. Дар китоби "Пиёлаи тиллоии муҳаббат" омезиши ҳамаи динҳои ҷаҳон дида мешавад. Аслан ҳар як инсон худ дорои ҳамаи динҳо мебошад."

Радиои Озодӣ: Тимур Қосимович, ҳукумати Русия иддао дорад, ки барои пиронсолон ҳамаи шароити зиндагиро фароҳам кардааст. Магар бароятон зиндагӣ дар Маскав роҳаттар набуд?

Темур Зулфиқоров: "Ман ба сиёсат эҳтиром дорам. Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар кишвар қарор доштам. Ҳамон вақт нахустин номаамро ба раиси ҷумҳури Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ фиристода будам. Ҳамон сол романе ҳам навишта будам. Шумо огаҳӣ доред, ки ман бештар бо Хоҷа Насриддини доно ва абадӣ мукотиба дорам. Ин пири ҳамешагӣ дар бархе маврид вориди ҷисми ман мешавад ва маро водор мекунад, ки чизе бинависам, ё бигӯям. Вай аз номи ман унвонии Борис Елтсин номаҳо навишт. Ба унвонии Ҷорҷ Буш ва Билл Клинтон (раисони ҷумҳури собиқи Амрико) нома навишт, ҳамчунин ба Барак Обама ва Трамп низ. Се номаи машҳури ман, аз номи дарвеш Хоҷа Зулфиқоров ба Путин дар расонаҳо нашр шудаанд. Ман дарк мекардам, ки мухотабонам ба ман посух намедиҳанд. Ман девона нестам. Бароям ин муҳим ҳам набуд. Ман мехостам, назари мардуми одии наздик ба мавқеи худро ба мақомдорон бирасонам."

Видеои суҳбатро дар ин ҷо бинед:

Темур Зулфиқоров гуфт, ба Русия барнамегардад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳамзамон мо навиштаҳои шуморо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи унсурҳои фашистӣ дар баъзе аз қишрҳои ҷомеаи Русия хондаем, ки бо зодагони кишварҳои шарқӣ бадрафторӣ мекунанд...

Темур Зулфиқоров: "Сиёсат аз худ харобиҳо мемонад ва фарҳанг осорхонаву китобхонаҳо. Калламушҳои сиёсат уқобҳои фарҳангро нобуд месозанд. Ба ман чанд даъфа ҷавонакҳои миллатгаро ё скинхед ҳамла карданд. Медонам, ки онҳо чунин дастур гирифта буданд. Инҳо ҷавонони фирефташудаву нимгурусна мебошанд. Дар маҷмӯъ, чунин рафтор хоси миллати рус намебошад. Бубинед, тоҷикон барои муҳоҷирати корӣ на озими Афғонистону Эрон ё Ҳинду Иморот мешаванд, балки ба Русия мераванд, зеро, тоҷикон ва русҳо ҳамнажод ҳастанд. Дарвозаҳои Русия барои ҳама боз аст. Ҳатто, агар аз ман вобаста мебуд, шояд, ман онро то ҳадде мебастам. Магар, шумо мехоҳед, ба ҳавлии шумо на 10 нафар, балки ҳазор нафар биёяд? Дар ин сурат ҳавлии шумо вайрон мешавад. Ба гуфтаи Хоҷа Насриддин, тамоми бадбахтиҳо аз он сар мезанад, ки мо аз макони худ дур меравем."

Радиои Озодӣ: Шумо барои ҳамин ба Тоҷикистон баргаштед?

Темур Зулфиқоров: (Механдад) "Шояд, то ҷое ба ҳамин сабаб бошад. Ҳарчанд эҷодиёти ман мансуби адабиёти рус аст ва дар ин ҷо хонандагонам бамаротиб камтар ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Тақрибан намондааст гӯем ҳам, хато намешавад?

Темур Зулфиқоров: "Вақте ба кӯча мебароям чанд нафар ба наздам омада мепурсанд, ки шумо Темур Зулфиқоров ҳастед? Маъмулан миёнсолон ҳастанд. Ҷавонон дар Тоҷикистон аслан китоб намехонанд ва ин даҳшатнок аст, ҳарчанд тоҷикон мисли яҳудиҳо миллати китобдӯстанд. Парвардигор ба тоҷикон ду боли асосӣ додааст – назм ва хирад. Ҳоло тоҷики сарсахт маҷбур аст, мисли ғулом дар кишвари дигар кӯча рӯбад. Аммо вай шеъри зиёде медонаду хиради воло дорад. Бештаре аз адибони классик дар тамоми ҷаҳон сиёсатшинос ҳам буданд."

Радиои Озодӣ: Ахиран шумо ба роҳбарияти Ҷоизаи Нобел номае фиристода, аз шеваи интихоби асарҳо интиқод кардед. Ҳадаф чӣ буд, мехоҳед, сазовори Ҷоизаи Нобел бошед?

Темур Зулфиқиров: "Ман ба шоҳи Шветсия муроҷиат кардам. Аз лиҳози сиёсӣ мавқеи ман наздик ба усулгароҳост. Ҳамаи империяҳо барои талоши мақомдорон барои ҷамъоварии сарват аз байн рафтаанд. Мақомот дар фикри афзоиши сарвати худ ҳастанд, аммо нафари бечора барои хӯронидани кӯдакаш ғизо надорад."

Радиои Озодӣ: Чунин ҳолат дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешавад?

Темур Зулфиқоров: "Ин мавзӯъро беҳтар аст, канор гузорем, зеро Тоҷикистон кишвари хурд аст ва ба империя ҳеч шабоҳат надорад. Кишварҳои хурд тибқи қонунҳои дигар зиндагӣ мекунанд, ҳарчанд талоши сарват андӯхтан кишварҳои кӯчакро низ аз байн мебарад. Талош барои ҷамъоварии сарват хоси инсонҳост. Ман миёна ҳастам, зеро ду кишвари ман – Тоҷикистон ва Русия қашшоқанд ва ман ҳамчун адиб наметавонам дар муқоиса бо мардум зиндагии беҳтаре дошта бошам. Дар мавриди номаи ман ба кумитаи Ҷоизаи Нобел бештари мардум онро ҳамчун талошам барои гирифтани ин ҷоиза фаҳмиданд. Дар синну соли ман бояд дар бораи охират фикр кард, на ҷоизаҳо. Ҳарчанд шаҳрвандони кишварҳои мухталиф ба Кумитаи Ҷоизаи Нобел дар робита ба ихтисоси ин ҷоиза ба асарҳои ман нома мефиристанд. Мушоҳида мекунам, ки солҳои ахир эътибори ин ҷоиза дар миёни мардум пойин меравад. Ин ҷоизаро ҳатто ба овозхонҳо медиҳанд, вале ин овозхонро наметавон бо Шолохов, Пастернак ва Бунин (адибони рус) муқоиса кард. Тамоми раванди интихоб ва ихтисоси ин ҷоиза ҳамчунон пинҳон аст, ки касе наметавонад, ҳатто ҷузъиёташро пайдо кунад. Танҳо баъд аз гузашти 50 сол ҳақ дорем бидонем, ки асареро барои гирифтани ин ҷоиза кӣ пешниҳод кардааст. Ин хандаовар аст. Охир раванди ихтисоси ҷоизаи Оскар дар Амрико комилан шаффоф аст. Бо чунин пинҳонкориҳо Ҷоизаи Нобелро муаллифони нолоиқ мегиранд. Аммо ин талош барои гирифтани Ҷоизаи Нобел барои худам набуд. Ман фақат хостам раванди интихоби барандаи ҷоиза шаффоф бошад. Асарҳои ман асосан ба мавзӯи Русия ихтисос ёфтаанд, ки онро ман кишвари осиёӣ медонам. Сарватмандони рус талош мекунанд ба Ғарб роҳ ёбанд, аммо дар асл онҳо осиёӣ ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Дар аввали сӯҳбат шумо аз китоб нахондани ҷавонони тоҷик ишора кардед. Вазъи адабиёти тоҷик дар солҳои ахирро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Темур Зулфиқоров: "Хуб аст, ки дар Душанбе китобхонаи бузурге сохта шуд. Аммо китобхонаи нимахолӣ аст. Дар мағозаву ресторану чойхонаҳои атрофи он мардум зиёданд, вале китобхона холист. Набояд навиштаҳои Ротшилдро фаромӯш кард, ки гуфтааст, ҷаҳон танҳо дар дасти китобхонҳо аст. Донишмандони Ҷопон собит кардаанд, ки агар инсон дар тӯли се моҳ китоб нахонад, сӣ дарсади мағзи сараш аз фаъолият бозмемонад."​

Шарҳҳоро бинед (16)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG