Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзалшоҳи Шодӣ: Дилам гувоҳӣ медод, ки аз вазифа барканор мешавам. ВИДЕО


Афзалшоҳи Шодӣ

Афзалшоҳи Шодӣ (Шодиев), ҳунарманди шинохтаи тоҷик, баъд аз тақрибан шаш соли кор аз мансаби раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон барканор карда шуд. Таҳмина Убайдуллоева, сухангӯи Вазорати фарҳанг, гуфт, "ин тасмим дар чаҳорчӯби ҷойивазкунии кадрҳо гирифта шуд". ​Ҳоло Кароматулло Раҳимзода, мудири мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев ва падари овозхон Ситораи Кароматулло, роҳбари нави Филармония таъин гардид. ​

Афзалшоҳи Шодӣ, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки имсол ба синни 60 мерасад, бештар бо таронаҳое, ки бар пояи ашъори Лоиқ Шералӣ хондааст, маъруф аст. Таронаҳои ӯ дар бораи Самарқанду Бухоро дар Тоҷикистон ва Узбекистон ҳаводорони зиёд дорад. Ин овозхони шинохта дар се соли охир дар бораи даргириҳо дар Сурияву Ироқ ва Украина низ тарона иҷро кардааст.

Соли гузашта як таронаи ӯ, ки дар он мухолифони тоҷик дар хориҷа танқид шудаанд, дар интернет баҳсеро ба по кард. Бархе аз мухолифони тоҷик гуфтанд, “ин тарона бахше аз таблиғоти мақомот зидди мухолифон аст”. Вале ҳунарманди тоҷик гуфта буд, ҳадафи тарона ягон гуруҳи мушаххаси сиёсӣ нест.​

Афзалшоҳи Шодӣ рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Филармонияи давлатӣ фармони барканориашро хонда, дар бораи ба кори дигар гузаштани ӯ хабар додааст. То ба ҳол дар бораи вазифаи нави Афзалшоҳи Шодӣ иттилое дастраси расонаҳо нашудааст.

Барои огаҳӣ ёфтан аз ҷузъиёти ин барканорӣ, ба Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев рафтем. Утоқи кории овозхони саршиноси тоҷик пур аз одамоне буд, ки машғули кӯч додани ҷиҳоз буданд. Сӯҳбати кӯтоҳи мо бо Афзалшоҳи дар бораи сабабҳои барканории ӯ оғоз шуд.

Афзалшоҳ Шодиев: "Имрӯз ман бо фармони вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода аз вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон сабукдӯш шудам. Дар ин вазифа 5,5 сол кор кардам ва фурсати тарки ин мақом ҳам расидааст. Агар роҳбарияти кишвар ба вазифае маро мувофиқ донад, боз ҳам кор хоҳам кард. Агар не, боз ба сурудхонӣ барои мардум идома медиҳам. Овозхонӣ касби худодод аст. Мардуми тоҷик медонанд, ки 5-6 сол пеш Филармония дар ҳоли баде қарор дошт. Ман дар ин муассиса соли 37-ум аст, ки машғули кор ҳастам ва дилам ба вазъи он сахт месӯхт. Вақте маро роҳбари ин муассиса таъйин карданд, тавонистам то андозае онро обод созам. Мардум, кормандон ва ҳунармандон аз кори ман розианд. Аз роҳбарияти кишвар сипосгузорам, ки тӯли чаҳор моҳи бемориам дар Олмон маро аз вазифаи мудири Филармония барканор накарданд. Имрӯз як бародари мо директори Филармония таъйин шуд. Бо он кас сӯҳбат доштам ва барояшон дар фаъолияти минбаъда машварат низ додам. Мутмаинам, агар фаъолиятам дар тӯли 5,5 сол бад буд, ин нукта дар оянда ҳатман зикр мешавад."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Афзалшоҳи Шодӣ: Мансаб меросӣ нест
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳоло аз саломатӣ гуфтед, зимнан, вазъи саломатиатон баъд аз анҷоми ҷарроҳиҳо дар Олмон чӣ тавр аст?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Шукри Худо, баъд аз ҷарроҳиҳо ва табобат дар Олмон вазъи саломатиам сад дар сад хуб аст, метавонам ҳатто онро олӣ номам. Омода ҳастам барои санъати тоҷик хидмати худро идома диҳам ва агар зарур донистанд, метавонам дар ҳар бахше, ки пешниҳод шуд, хизмат бикунам. Зеро, мо хизматгори ҳамин давлат ҳастем."

Радиои Озодӣ: Пеш аз омадани имрӯзаи вазир ба Филармония оё бо шумо дар бобати барканорӣ аз вазифа сӯҳбате анҷом дода шуд? Ё мақомоти дигар дар ин бора бо шумо сӯҳбат ва пешниҳоди кори дигаре карданд?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Не, ҳеҷ пешниҳод ё сӯҳбате дар ин бора нашуда буд. Ҳатто, қаблан хабаре ҳам надода буданд. Танҳо дилам гувоҳӣ медод, ки аз вазифа барканор мешавам. Зеро, дарк мекардам, ки беш аз 5 сол дар вазифа кор кардаам ва бояд ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирад. Чанд муддат қабл ба вазири собиқи фарҳанг Шамсуддин Орумбекзода дар бораи истеъфои худ муроҷиат карда будам. Он кас гуфта буданд, ки якҷо вазифа гирифтем ва якҷо аз он меравем. Вале, он кас як-ду моҳ пештар аз ман вазифаи вазириро тарк карданд. Хушбахтона, имрӯз навбати ман ҳам расид. Мебинем, ки минбаъд чӣ мешавад."

Радиои Озодӣ: Сабаби барканориатонро нагуфтанд?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Не. Фикр мекунам, сабаб як аст – панҷ сол аст, ки дар ин вазифа кор мекунам. Вазири тозатаъйини фарҳанг гуфтанд, ки ба сабаби ба кори дигар гузаштан, аммо нагуфтанд ба кадом вазифа. Мутмаинам, рӯзҳои хубе ҳоло дар пеш аст."

Радиои Озодӣ: Аз он, ки ба ин тартиб шуморо аз вазифа барканор карданд, ҳеҷ озурдагие надоред?

Афзалшоҳи Шодӣ: "Не, не, вазифа ҳамин аст, он ба мо аз падару бобоҳо ба мерос намондааст. Рӯзе ба вазифа таъйин мешавӣ ва рӯзе мерасад, ки курсиро тарк мекунӣ. Ман ҷонибдори ҳар нафаре ҳастам, ки дар ин вазифа тавонад барои рушди фарҳангу ҳунар хидмат карда тавонад."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (24)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG