Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, гуфт, таниш бо Эрон бояд сулҳомез ҳал шавад, "вагарна ҷанги байни ду тараф метавонад иқтисоди ҷаҳонро нобуд кунад."
Баҳсҳо миёни Эрону Арабистон дар пайи ҳамла ба корхонаҳои нафти Саудӣ боло гирифтааст. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ Эронро масъули ҳамлаҳо медонанд, аммо Теҳрон чунин иттиҳомро рад кардааст.
Муҳаммад бин Салмон дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии CBS, ки ба тозагӣ пахш шуд мегӯяд, ба монанди Мойк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико ӯ низ ҳамла ба корхонаҳои тавлиди нафти Арабистони Саудиро "иқдоми ҷангӣ" медонад.
Саудӣ, Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо Эронро масъули ҳамла ба корхонаҳои нафтии "Арамко" ва майдони бузурги нафтӣ дар Арабистони Саудӣ хонданд. Теҳрон даст доштан дар ҳамлаҳоро рад карда, мегӯяд, ин иттиҳом ба хотири "барномарезӣ барои иқдомоти оянда" нисбат ба Ҷумҳурии Исломӣ аст.
Вале ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ меёбанд, масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифтаанд.
Валиаҳди Саудӣ ба шабакаи CBS гуфтаааст, "агар ҷаҳон барои муқобила бо Эрон як иқдоми ҷиддӣ ва устувор дар пай нагирад, мо шоҳиди афзоиши танишҳое хоҳем буд, ки манофеи ҷаҳонро ба хатар меандозад."
Бин Салмон ҳушдор дод, ки натиҷаи ин танишҳо метавонад қимати нафтро ба таври қобили мулоҳиза боло барад. "Ба тавре ки дар зиндагии мо бесобиқа хоҳад буд", -- гуфт ӯ.
Ҳамлаи рӯзи 14-уми сентябр ба корхонаҳои истихроҷи нафти Арабистон дар муддати кӯтоҳ панҷ дарсади тавлидоти нафти кулли ҷаҳонро кам кард.
Муҳаммад бин Салмон дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки ба роҳи ҳалли сиёсӣ бартарӣ медиҳад, чаро ки вуқуи як ҷанг байни ду тараф метавонад ба тахриби иқтисоди ҷаҳон бианҷомад. "Роҳи ҳалли сиёсӣ ва сулҳомез барои масъала ба маротиб беҳтар аз як роҳи ҳалли низомӣ аст", -- гуфт валиаҳди Арабистони Саудӣ.
Муҳаммад бин Салмон дар айни ҳол хостори мулоқоти раҳбарони Эрону Амрико ва музокироти нав бо Теҳрон шудааст. Ба таъкиди бин Салмон, ин гуфтугӯ барномаи атомии Эрон ва густариши нуфузи Теҳронро дар минтақа бояд дар бар гирад.
Талошҳои густурда барои он ки Ҳасан Руҳонӣ ва Доналд Трамп дар ҷараёни маҷмааи куллии СММ дар Ню-Йорк даври як миз биншинанд, бенатиҷа анҷом ёфт. Роҳбарони ҷаҳон хостори дидори Трамп ва Руҳонӣ буданд, аммо Теҳрон гуфт, шарти аввал "бардоштани таҳримҳо" аст ва сипас тарафҳо метавонанд дар ҷараёни нишасти сарони 5+1 рӯбарӯ шаванд.
Валиаҳд худро дар қатли Хошуқҷӣ масъул донист
Муҳаммад бин Салмон дар бахши дигари мусоҳибаи худ бо шабакаи CBS ба масъалаи қатли Ҷамол Хошуқчӣ, блогнавис ва рӯзноманигори мунтақиди хонаводаи Сауд ҳам дахл кард.
Ҷамол Хошуқҷӣ, ки барои рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" матлаб менавишт ва аз мунтақидони валиаҳди Арабистони Саудӣ буд, рӯзи 2-юми октябри соли 2018 дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Истанбули Туркия ба қатл расид ва ҷанҷолеро ба роҳ андохт.
Муҳаммад бин Салмон гуфт, ӯ дастури қатли Ҷамол Хошуқҷиро надодааст, аммо ба унвони валиаҳди кишвараш худро дар ин кор "пурра масъул" медонад.