Пайвандҳои дастрасӣ

"Интерпол" трактор меҷуст, аммо шаҳрванди Тоҷикистонро ёфт


Ходимони полиси байнулмилал ё «Интерпол», ҳангоми ҷустуҷӯи як трактори рабудашудаи «GCD», ки ба Бритониё тааллуқ дошт, дар шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд.

Ходимони «Интерпол», ҳангоми тафтиши ин хабар, ки трактори дуздидашудаи «GCD»-и мутааллиқ ба Бритониёдар маҳалли як сохтмон дар кӯчаи «Лагерни»-и шаҳраки Колпинои Санкт-Петербург пинҳон карда шудааст, як шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистонро низ дарёфт намуданд, ки низ дар пайгарди байналмиллаӣ қарор дошт. Онҳо мегӯянд, пас аз кашфи трактор дар ин пойгоҳ ба тафтиши ҳуҷҷати бинокорон пардохтанд ва дар ин ҷо шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор намуданд, ки «Интерпол» ӯро аз соли 2012 ба ин сӯ ҷустуҷӯ мекард.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ному насабаш зикр нагардидааст, эътироф кардааст, ки дар моҳи августи соли 2012 бо автомати «Калашников» ба манзили зисти шаҳрвандони Чин, ки иҷора менишастаанд, ворид шуда бо зӯрӣ аз сейфи онҳо 18 ҳазор долларро рабуда, ғайб задааст. Ходимони «Интерпол» шаҳрванди Тоҷикистон боздошт намуда, ба шӯъбаи рақами 80-уми Раёсати корҳои дохилии шаҳри Колпинои Петербург месупоранд ва тавре намояндаи ин ниҳод ба хабаргузориҳо гуфтааст, дар рӯзҳои наздик вай ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд. Ин иттилоъ далели он аст, ки ҷустуҷӯи шаҳрванди мазкурро мақомоти Тоҷикистон дархост кардаанд.

Аммо Дафтари матуботи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 18-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки аз боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Петербург, аз тарафи «Интерпол» аз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ шудааст, вале бештар аз ин иттилое надорад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ба онҳо дар робита ба истирдоди ин гумонбаршуда иттилое нарасидааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон, ки 42 сола мебошад, аз таърихи 27 августи оли 2012 дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст. Вай дар моҳи августи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе бо автомати «Калашников» ба як манзиле, ки дар онҷо шаҳрвандони Чин зиндагӣ доштаанд, ҳамла мекунад ва аз сейфи онҳо 18 ҳазор доларро рабуда, ғайб мезанад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG