Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти алоқа интернети олимони тоҷикро қатъ кард


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хатти интернети ширкати TARENA-ро қатъ кардааст. Ин созмон пажуҳишгоҳҳои Академияи улум ва донишгоҳҳои Тоҷикистонро бо интернет таъмин менамуд.

Ин созмон дар оғоз бо ҳимояти молии НАТО таъсис ёфта буд

Дар созмони TARENA рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чаҳор рӯз боз аз интернет маҳруманд ва наметавонанд муштариёни худро низ бо интернет таъмин кунанд. Мутахассиси навбатдори ин ширкат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз Хадамоти алоқа омада, интернети моро қатъ карданд. Сабабшро худи мо намедонем ва онҳо низ то ба ҳол шарҳ надодаанд”.

Ба гуфтаи масъулонаш, созмони TARENA интернетро бевосита аз антеннаҳои моҳвораӣ дарёфт мекард.

Баробари аз кор мондани хадамоти интернети созмони TARENA аксар пажӯҳишгарони Академияи улум ва донишгоҳҳо дар Тоҷикистон, ки аз ин созмон интернети ройгон ё дар баъзе ҳолат интернети арзон мегирифтанд, аз он маҳрум шуданд.

Баробари аз кор мондани хадамоти интернети созмони TARENA аксар пажӯҳишгарони Академияи улум ва донишгоҳҳо дар Тоҷикистон, ки аз ин созмон интернети ройгон ва ё дар баъзе ҳолат интернети арзон мегирифтанд, аз он маҳрум шуданд.

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон расман сабаби қатъ кардани дастрасии ин ширкат ба интернетро шарҳ надоданд. Аммо як ҳамсуҳбати мо дар ин идора гуфт, TARENA ягона ширкати интернетрасон дар Тоҷикистон буд, ки ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ пайваст нашуда буд ва бевосита аз моҳвора интернет мегирифт.

Аз ин рӯ, ҳоло Хадамоти алоқа мехоҳад ин созмон ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ васл шуда, тавассути он интернет бигирад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 бо судури як қарор Хадамоти алоқаро муваззаф карда буд, ки тамоми пайвастиҳои телефониву интернетиро аз ҷумҳурӣ бо хориҷи кишвар тавассути Маркази ягонаи коммутатсионӣ ба роҳ монад.

Хадамоти алоқа мехоҳад ин созмон ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ васл шуда, тавассути он интернет бигирад.

Ҳикмат Муъминов, доктори илмҳои физика ва ходими пауҳишгоҳи физикаи Академияи улуми Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "TARENA аксарияти пажуҳишгоҳҳои Академияро бо интернети нисбатан арзон ва суръаташ баланд таъмин мекард, ки дигар ширкатҳои интернетрасон таъмин карда наметавонанд."

Муъминов афзуд, қисме аз хароҷоти ин созмон тавассути грантҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо рӯйпӯш мешуд. Созмони TARENA, ки шакли кӯтоҳшудаи Анҷумани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва пажуҳишҳои академӣ аст, аз соли 2000-ум дар Тоҷикистон чун як созмони ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунад. Ин созмон дар оғоз бо ҳимояи молии НАТО таъсис ёфта, дар солҳои баъд бо маблағҳои грантии Бунёди Сорос, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид фаъолият кардааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар чанд соли охир бо чанд тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL масдуд шуда, арзиши телефонҳои мустақим бо хориҷа боло бурда шуд.

Интернети дастнорас
Интернети дастнорас

Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN маҳдуд шуда, хатари масдуд шудани дастрасӣ ба паёмрасонҳои интернетии “Вайбер” ва “Вотсапп” пеш омад. Инчунин, ин хадамот гуфт, ҳамаи ширкатҳои мухобиротӣ интернетро аз "Тоҷиктелеком", ниҳоди таҳти итоати Хадамоти алоқа бигиранд. Баъдан Хадамоти зиддимонополӣ онро рад кард.

XS
SM
MD
LG