Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегафон" мегӯяд, ислоҳи "камбуди фаннӣ" дар дасти он нест


Ширкати «Мегафон» мегӯяд маҳдуд шудани дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳо бо сабабҳои берун аз масъулияти ин ширкат ба вуқӯъ пайвастааст.

Баёнияи ин ширкат нуктаи наверо ба паёми умумии ниҳодҳои интернетрасон илова мекунад, ки мегуфтанд, баста шудани як қатор сомонаҳо бо сабабҳои техникӣ иттифоқ афтодааст. Агар изҳороти «Мегафон» ҳақиқат дошта бошад, «иллати фаннӣ» на дар таҷҳизоти ширкатҳои интернетрасон, балки берун аз он ба миён омадааст, ки на ба ширкат, балки ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пайванд мегирад.

Фирӯза Бердиева, сухангӯи ширкати «Мегафон» дар посух ба суоли «Озодӣ» дар мавриди баста шудани шабакаҳои иҷтимоии Youtube, ҷӯяндаи Google ва оҷонсии хабарии Tojnews рӯзи 17-уми июн дар як номаи расмӣ навиштааст: «Дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба бархе пойгоҳҳои интернетӣ ба далелҳои новобаста ба ширкат қатъ шудааст».
Хонуми Бердиева аз додани шарҳи бештар дар ин маврид худдорӣ варзида, мегӯяд, бо пайдо шудани хабари нав дар ин бора, матбуотро дар ҷараён хоҳад гузошт. Агар «Мегафон» иқрор мекунад, ки сабаби қатъи дастрасӣ ба бархе аз торнамоҳо ба иродаи ширкат бастагӣ надорад, «Вавилон-Т» ҳанӯз ҳам талош дорад, бо истифода аз мутахассисони худ мушкилро бартараф намояд. Пас мушкил дар дастрасии ин ширкат аст ва аз доираи масъулиятҳои он берун нест.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати «Вавилон-Т» гуфт, ҳанӯз ҳам мушкили фаннӣ бартараф нашудааст ва мутахассисони ширкат дар пайи таҳқиқи омили сар задании ин мушкил ҳастанд. Аммо ба таъкиди вай, ширкати «Вавилон-т» аз ҳеҷ ниҳоде дастури бастани торнамоҳоро нагирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, шабакаи Youtube, барномаҳои гуногуни Google ва торнамои хабарии Tojnews-ро худи ширкатҳои инернетрасон бастаанд. Намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз он изҳори нороҳатӣ мекунанд, ки бисёриҳо бе ягон асос ин ниҳодро сабабгори баста шудани сомонаҳои Youtube, Google ва Tojnews медонанд ва созмонҳои байнулмилалӣ аз раҳбари он Бег Сабур шарҳу тафсир хостаанд.

Алибек Бекназаров, роҳбари департаменти таҳлил ва иттилооти Хадамоти алоқа рӯзи 16-уми июн ба радиои «Озодӣ» гуфт, изҳороти пахшкардаи САҲА ва “Хабарнигорони бидуни марз” ва ишораи онҳо ба сӯи Хадамоти алоқа иғвое беш нест: «Хадамоти алоқа ба ягон ширкат барои бастани ин сомонаҳо ягон дастур ҳам надодааст ва мактуб ҳам нафиристодааст. Дастури шифоҳӣ низ дода нашудааст. Ин кори худи интернет провайдерҳо аст. Дар ин ҷо худи интернет провайдерҳо гунаҳкор ҳастанд».
Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев
Ҷаноби Бекназаров дар посух ба иддаои, бархе аз интернет провайдерҳо, ки тибқи дастури шифоҳии Хадамоти алоқа ин сомонаҳо масдуд шудаанд, гуфт ширкатҳо интернетрасон ҳақ надоранд, бо дастури шифоҳӣ дастрасӣ ба ин сомонаҳоро маҳдуд кунанд.

Аммо донандагони соҳа мегӯянд дар сурате, ки ширкатҳои интернетрасон «худсарона» Youtube, Google ва Tojnews-ро баста бошанд, чаро Хадамоти алоқа ба онҳо дастури боз кардани ин торнамоҳоро намедиҳад.

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи интернет мегӯяд, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон масъули татбиқи сиёсати ҷумҳурӣ дар соҳаи интернет ва мухобирот аст: «Модоме, ки аз 9-уми июн инҷониб тамоми операторони алоқа, ки аз Хадамоти алоқа литсензия гирифтаанд, худсарона дастрасиро ба Youtube маҳкам карда бошанд, дар он сурат чаро худи Хадамот ягон вокуниш нишон намедиҳад!? Ҳадди ақал муроҷиат намекунад, ки сайтбандиро бас кунанду дастрасиро ба ин торнамоҳо муҳайё созанд?! Агар хадамот дастури бастани ин сомонаҳоро надода бошед, пас барои чӣ дастуре намедиҳад, ки онро кушоед».

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд ширкатҳои интернетрасон бо ин амалашон ҳаққи муштариёнро ба иттилоот поймол мекунанд. Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик
Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик
ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд: «Шахс барои гирифтани маълумот тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳаққи комил дорад. Аз ин нуқтаи назар ширкатҳои интернетрасон ҳаққи муштариёнашонро нақз карданд. Аз ин рӯ муштариёни ин ширкатҳо ҳақ доранд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва аз онҳо ҷуброни маънавӣ талаб кунанд. Чунки аксарияти муштариён маҳз барои ворид шудан Ба Youtube ва ё барои мисол Tojnews интернет харидорӣ мекунанд».

Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Youtube дар Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 9 июн маҳдуд шуда, аммо сабаби ин ҳолат номаълум боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки «бастан»-и Youtube-ро дар соли гузашта ба рӯ задани навори арӯсии писари раимиҷумҳури Тоҷикистон дар ин шабака дар соли 2012 ба амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон бастагӣ медиҳанд, ин бор рӯшан нест, чӣ чизе сабаб шудааст, ки мухлисони шабака аз истифодаи он маҳрум гарданд.
XS
SM
MD
LG