Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМТ: Таваррум коҳиш ёфт, аммо дар як сатҳ идома дорад


Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) мегӯяд, мизони таварруми нархҳо дар як моҳи ахир ҳарчанд то андозае коҳиш ёфтааст, аммо дар сатҳи мӯътадил идома дорад.

Масъулони дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзи чоршанбеи 24 июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “тибқи маълумотҳои омори расмӣ таваррум -- яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ, дар моҳи майи соли равон муътадилии худро нигоҳ дошта, 0,3 дар садро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 дар сад кам мебошад.”

Аммо ин масъулон афзуданд, ки “дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ мизои таваррум ба 2,6 дар сад баробар шуд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1, 69 дар сад паст аст.”

Ҳамчунин ба иттилои ин масъулон, “нишондиҳандаи мазкур дар зарфи 12 моҳи охир ба 5,5 дар сад баробар шуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 сад кам мебошад.“ Аммо бо ин ҳам намояндагони Бонки Миллӣ сабаби коҳиши мизони таваррумро баён накарданд. Ҳарчанд гуфта мешавад, маҳз уфти қурби сомонӣ – пули миллии Тоҷикистон далели аслии пойи рафтани мизони таварруми нархҳо дар Тоҷикистон будааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон аз пойин будани мизони таваррум, аммо дар сатҳи мӯътадил боқӣ мондани муҳимтарин нишондиҳандаи муҳими иқтимоди кишвар гузориш медиҳад, ки ҳафтаи гузашта Сандуқи Байналмилалии Пул гуфта буд, ки “Тоҷикистонро 12, 8 дар сади таваррум дар пеш аст.”

Сандуқи байналмилалии пул (СБП - IMF), як ниҳоди байналмилалии молии марказаш дар Вошингтон, дар таҳрири нави гузориши “Дурнамои рушди иқтисодии минтақаҳо” пешбиниаш нисбат ба ояндаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро бозбинӣ карда, навиштааст, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 ҳамагӣ 3 дарсад ва дар соли 2016 4,1 дарсадро ташкил хоҳад дод. Ин пешбинӣ беш аз ду маротиба камтар аз 6,7 дарсад мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2014 ва қариб дувуним маротиба камтар аз пешбинии худи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мизони рушди иқтисоди ин фақиртарин кишвари пасошӯравиро дар соли ҷорӣ 7,2 дарсад баровард кардааст.

Нуктаи дигари нигаронкунанда дар ин гузориш мизони таваррум (инфлятсия)-и нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аст, ки СБП дар соли 2015 барои Тоҷикистон 12,8 дарсад пешбиниаш мекунад.

Яъне тақрибан дар сатҳи 12,4 дарсад мизони таварруми соли 2011 ва ду маротиба болотар аз солҳои 2012-2014, ки ин нишондиҳандаи муҳими вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 5,8 – 6,1 дарсад нигоҳ дошта мешуд. Чунин сатҳи баланди таваррум ба маъноест, ки дар соли 2015 нархи маҳсулоти асосӣ, ба мисли орду нону равған, дар бозорҳои Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, пули миллии ин кишвар – сомонӣ боз ҳам беқурбтар хоҳад шуд ва ин ҳама ба ҷайби бе он ҳам касоди мардум зарба хоҳад зад.

Гузориш мегӯяд, фишори таваррумро дар ҳамаи кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ уфти қурби пулҳои миллиашон бештар кардааст ва Туркманистону Озарбойҷон дар ибтидои соли 2015 маҷбур шуданд, ба далели коҳиши содирот ва интиқоли пул пули миллиашонро девалватсия кунанд. Аммо меафзоянд коршиносони СБП, “Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хотири ҳимояти захираҳои байналмилалӣ ва қурби пули миллиашон ба уфти қурби онҳо дар муқобили доллар иҷозат доданд.”

Танҳо дар як соли охир қурби сомонӣ дар муқобили доллар беш аз 30 дарсад коҳиш ёфта, ҳоло қурби расмиии як доллар 6 сомонию 29 дирам таъйин шудааст. Аммо дар ҳоле ки дар саррофиҳо қурби фурӯши долларро 6,52 сомонӣ менависанд, дар асл, ба гуфтаи корафтодаҳо, доллар дар “бозори сиёҳ” ба нархи на камтар аз 6 сомонию 75 дирам фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG