Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Танҳо қонеъ кардани ниёзҳои аввал кам аст, ҷомеаҳо ба озодӣ ниёз доранд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як муҳаққиқи ғарбӣ мегӯяд, ҳукуматҳо бояд қонеъ набудани ҷомеаҳои худро нодида нагиранд. Майкл Грин, раиси созмони Social Progress Imperative, ки "Шохиси пешрафти иҷтимоӣ дар ҷаҳон"-ро таҳия мекунад, дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дар қатори кишварҳоест, ки "бояд дар заминаи фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба мардум андеша кунад".

Таҳқиқоти пешрафтҳои иҷтимоии ин созмон аз соли 2014, замони оғози "Баҳори араб" ҳамчун талоше барои таҳқиқи некӯаҳволии мардуми сайёра ба роҳ монда шудааст.

Тоҷикистон дар шохиси пешрафти иҷтимоӣ дар соли 2019 (Social Progress Index) дар миёни 149 кишвар мақоми 107-умро гирифт. Хулосаҳои таҳқиқот ва назари коршиносони мақомоти тоҷикро дар ин бора дар ин ҷо хонед.

Радиои Озодӣ: Муҳимтарин хулосаҳои Шумо дар робита бо Тоҷикистон чӣ аст?

Майкл Грин: Тоҷикистонро, ки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиаш бар сари аҳолӣ кам аст, бо кишварҳое муқоиса кардем, ки нишондоди ҳамсон доранд. Дар ин таҳқиқот паҳлӯҳои ҷолибе ёфтем. Дар қатори кишварҳое, ки нишондоди ҳамсон доранд, вазъи Тоҷикистон дар бахши ғизо, хадамоти бунёдии тиббӣ, об ва сарпаноҳ хуб аст. Дар бахши дастрасӣ ба маълумоти ибтидоӣ ва олӣ ҳам вазъаш хуб аст. Шояд дар муқоиса бо тамоми ҷаҳон нишондодҳояш чандон хуб набошад, чунки дар бахши ғизо ва маълумоти ибтидоӣ Тоҷикистон дар мақоми 101-ум аст. Айни замон, дар қиёс бо кишварҳое, ки вазъи ҳамсон доранд, Тоҷикистон се бахше дорад, ки заиф ҳастанд. Инҳо, пеш аз ҳама, сифати муҳити зист, дуюм – ҳуқуқи инфиродӣ ва ниҳоят фарогирӣ аст. Мо мебинем, ки пешравӣ, масалан, дар бахши сарпаноҳ (аз соли 2014 ба ин сӯ) бештар ба масъалаи таъминот бо васоили барқдиҳӣ робита мегирад. Коҳиш дар бахши амнияти хусусӣ мушоҳида мешавад. Ин бахш бино ба бад шудани нишондодҳои марбут ба қатлҳои сиёсӣ ва шиканҷа пойин рафтааст. Пешравии хурде дар масъалаи дастрасӣ ба маълумоти ибтидоӣ дида мешавад. Пешравии зиёде дар масъалаи дастрасӣ ба маълумот ва хадамот дида мешавад. Ин чизе, ки дар дигар нуқтаҳои дигари сайёра ҳам мушоҳида мешавад. Дастрасии бештар ба телефони мобил ва интернети мобилӣ робита мегирад. Поинравии башиддат дар нишондодҳои марбут ба ҳуқуқи инфиродӣ мушоҳида мешавад. Каме болоравӣ дар озодии инфиродӣ ва интихоб дида мешавад. Дар асл, нишондодҳои Тоҷикистон якранг нестанд. Дар маҷмӯъ мо мебинем, ки Тоҷикистон босуръат ҳаракат намекунад. Кишварҳои дигар тавонистанд босуръаттар пеш раванд.

Радиои Озодӣ: Дар масъалаи озодиҳои сиёсӣ гуфтед, ки нишондодҳои Тоҷикистон баланд нест...

Майкл Грин: Мо дар мисоли Тоҷикистон шоҳиди тағйирот ҳастем. Ин тағйирот мегӯяд, ки вазъи озодиҳои сиёсӣ хеле бад шудааст (аз соли 2014). Дар масъалаи озодии баён хеле бад шудааст. Дар бахши озодиҳои мазҳабӣ як каме беҳбудӣ ба назар мерасад. Дар заминаи дастрасӣ ба адолат ҳеҷ тағйирот дида намешавад ва инчунин тағйироти кам дар заминаи ҳуқуқи занон ба моликият дида мешавад. Яъне поинравии хеле шадид дар заминаи озодиҳои сиёсӣ ва озодии баён мушоҳида мешавад. Бояд бигӯям, ки бо вуҷуди болоравии нишондодҳо дар заминаи дастрасӣ ба телефонҳои мобилу интернет, дар бахши сензураи матбуот вазъ хеле бад шудааст.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти ин нишондодҳо, Тоҷикистон ба куҷо ҳаракат мекунад?

Майкл Грин: Баъзе бахшҳои пешраванда вуҷуд доранд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешрафти босубот, мо бояд бо суръати беҳтар кор кунем. Кишварҳое бо айни чунин нишондод ҳастанд, ки суръати пешрафти беҳтар доранд. Дар муқоиса бо кишварҳое бо даромад ва нишондодҳои ҳамсон, нишондиҳандаҳои Тоҷикистон ноумедкунанда ҳастанд. Агар мо дар сатҳи минтақавӣ қиёс кунем, хуб мешуд, ки ба вазъи Қирғизистон нигоҳ кунем. Қирғизистон нишондодҳои ҳамсони маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бар сари аҳолиро дорад. Қирғизистон дар маҷмӯъ беҳтар кор мекунад ва аз ин назар, вазъи Қирғизистон аз Тоҷикистон беҳтар аст.

Радиои Озодӣ: Шумо дар гузориши худ мегӯед, ки таҳқиқи некӯаҳволии иҷтимоии кишварҳоро баъд аз соли 2014 ва дар пайи "Баҳори араб" шурӯъ кардед. Далели асосии ин ҳодисаҳо норозигӣ аз вазъи иҷтимоӣ гуфта мешуд...

Майкл Грин: Бале, яке аз далелҳои оғози таҳқиқоти мо "Баҳори араб" ва вазъи Тунис буд. Қабл аз он ҳодисаҳо Бонки Ҷаҳонӣ ва ҷонибҳои дигар мегуфтанд, ки Тунис хеле хуб пеш меравад. Вале ногаҳон "Баҳори араб" шуд. Мусаллам аст, ки нишондодҳои иқтисодӣ ҳанӯз баёнгари тамоми вазъият нест. Аз ҳамин хотир, дарк мекунем, ки барои арзёбии вазъи воқеии кишварҳо бояд паҳлӯҳои мухталифро таҳқиқ кард. Яке аз ҳадафҳои мо бо ин таҳқиқот ин аст, ки ба сармоягузорон аз назари риск ё хатарҳои эҳтимолӣ маълумот бидиҳем. Яъне, мо ба сармоягузорон маълумот медиҳем, то рискҳои худро аз сармоягузорӣ дар кишварҳои мухталиф пешбинӣ кунанд. Ман наметавонам дар робита бо Тоҷикистон, ки онро дуруст намешиносам, пешгӯиҳое бикунам. Вале ҳаминро мегӯям, ки бо назардошти маълумоти бадастомада, дар кишварҳое, ки дар бахши "имконият" нишондодҳои паст доранд, эҳтимоли рӯбарӯ шудан бо мушкилоти зиёд дар заминаи ноқаноатмандии ҷомеа бештар аст. Бо назардошти баъзе ҷараёнҳои манфие, ки дар Тоҷикистон дида мешаванд, инро мешавад як тамоюли нигаронкунанда номид. Мо ҳаминро дарёфтем, ки барои хушбахтии ҷомеа фақат қонеъ кардани ниёзҳои аввалия кам аст, онҳо ба озодиҳо ниёз доранд, ки ҳамроҳ бо имкониятҳо фароҳам шавад. Ҳар кишваре, ки дар ин бахш нишондодҳои пойин доранд, бояд дар ин замина андеша кунанд, чунки мардум мухоҳанд, ки ин чизҳо бахше аз зиндагиашон бошад.

XS
SM
MD
LG