Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Қадам ба қадам"-ро ба идораи амният даъват карданд


Далер Шарифов
Далер Шарифов

Кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Қумсангир, Далер Шарипов, рӯзноманигори ҷавонро мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд.

Кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Қумсангир, Далер Шарипов, рӯзноманигори ҷавон ва раҳбари созмони ҷамъиятии сабтиномнашудаи «Қадам ба Қадам»-ро мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд.

Далер Шарипов, бегоҳии рӯзи 22-юми ноябр дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар идораи амнияти ноҳияи Қумсангир қарор дорад ва масъулини мақомот далели даъваташро шарҳ надода, бештар аз як соат аст, ки иҷозати берун рафтанро намедиҳанд.

Шарипов изҳор дошт, ки имрӯз ҳамроҳ бо ҳамкораш Раҷабалӣ Қаландаров ҷанозаи Домулло Муҳаммадии Қумсангириро ба навор мегирифтанд, ки кормандони амният омада, онҳоро барои сӯҳбат даъват кардаанд.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Шарипов, маросими ҷанозаро чанд нафар ба навор мегирифтанд, кормандони амният танҳо онҳоро даъват кардаанд.

Як нафар маъмури амнияти ноҳияи Қумсангир, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафарро барои муайян кардани шахсият ва мақсади наворгириашон даъват кардаанд ва дар зудтарин фурсат ҷавоб хоҳанд дод. Ин маъмур таъкид намуд, ки сӯҳбаташон ба хотири таъмини оромӣ дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ аст ва ангезаи дигаре надорад.

Зимнан Далер Шарипов изҳор дошт, ки чанд вақти охир дар бораи ҳаёти Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ як барномае таҳия мекард ва чун имрӯз домулло даргузаштанд, ба ҷанозаашон ҳозир шудаанд.

Далер Шарифов, собиқ хабарнигори шабакаи телевизионии "Сафина" ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи "Қадам ба қадам" бо ток-шоуи "Муошират" ва ҳамчунин барномаи "Қатрае аз баҳр" дар байни тамошобинон маъруф аст. Дар зимн Шарипов моҳи майи соли равон мавриди ҳамла ва латту кӯби тунди афроди номаълум қарор гирифта буд, ки омилони он то ҳол муайян нашудаанд.
XS
SM
MD
LG