Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имоми собиқи "Хоҷа Нуриддин"-ро пеш аз муҳлат аз зиндон озод карданд


Рӯҳиддин Фахриддинов. Акс аз соли 2019
Рӯҳиддин Фахриддинов. Акс аз соли 2019

Рӯҳиддин Фахриддинов, имоми пешини масҷиди "Хоҷа Нуриддин"-и шаҳри Тошкандро пеш аз муҳлат аз зиндон озод кардаанд. Ӯ соли 2006 ба ҳабдаҳ соли ҳабс маҳкум шуда буд.

Яке аз пайвандони Рӯҳиддин Фахриддинов ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, имоми собиқро субҳи 27-уми август, ду солу се моҳ пеш аз поёни давраи адои ҷазояш, раҳо карданд. "Вай дар номаи дархости афв аз президент Шавкат Мирзиёев имзо гузоштааст", -- афзуд мусоҳиби бахши узбекии Радиои Озодӣ.

Рӯҳиддин Фахриддинови 53-соларо тобистони соли 2006 ба сӯиқасд ба президент ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Узбекистон, ташкили созмони ҷиноӣ ва бетартибии оммавӣ гунаҳкор донистанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон гуфта буданд, Фахриддинов дар миёнаҳои солҳои 90-ум пешвои чанде аз ҷараёнҳои тундрави динӣ, аз ҷумла ваҳҳобия дар Узбекистон аст.

Аммо наздикони Фахридинов пайванди ӯро бо ҷараёнҳои ифротгарои динӣ рад карданд.

Рӯҳиддин Фахриддинов, писари вазири пешини хоҷагии қишлоқи Узбекистони Шӯравӣ, бахши шарқшиносии донишкадаи давлатии Тошкандро хатм кардааст.

Ӯ дар солҳои 1989-90 дар доираи барномаи омӯзишӣ дар Кувайт таҳсил карда, аз соли 1992 то 1997 имоми масҷиди "Хоҷа Нуриддин"-и пойтахти Узбекистон буд.

Ба қавли дӯстону наздиконаш, маҳз дар ҳамин давра зери фишори мақомот қарор гирифт ва ночор соли 1997 аз мансаби имомӣ рафт ва ба Қазоқистон кӯч баст. Соли 1998 Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ӯро таҳти пайгард ё ҷустуҷӯ қарор дод.

Рӯҳиддин Фахриддиновро 24-уми ноябри соли 2005 дар ҷараёни амалиёти муштараки нирӯҳои Узбекистону Қазоқистон дар шаҳри Чимкент дастгир карданд. Ҳамроҳи ӯ муаззини собиқи масҷиди "Тухтабой" Абдураҳмон Иброҳимов, коргари масҷид Абдурауф Холмуродов ва нӯҳ нафари дигар боздошт шуданд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон ҳамвора Рӯҳиддин Фахриддиновро зиндонии сиёсӣ донистаанд, вале мақомоти Узбекистон ба айбдории ӯ пойфишорӣ доштанд.

XS
SM
MD
LG