Рӯҳониёни Қирғизистон, ки тоза ба омӯзиши кори шабакаҳои иҷтимоӣ пардохтаанд, мегӯянд, тоза дарк мекунанд, ки дар бораи имкониятҳои густардаи Интернет хабар надоштаанд. Барномаи таълимии мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ, ки дар саросари Қирғизистон шурӯъ шуда, ҳадафаш ба кор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб кардани рӯҳониёну имомхатибони масоҷиди маҳаллӣ аст, танҳо дар шаҳри Бишкек 150 нафарро фаро гирифтааст. Ба рӯҳониён тарзи кор бо компютер, Интернет, ширкат дар баҳсҳои мазҳабӣ тавассути Фейсбук, ВКонтакте, Одноклассники ва дигар роҳҳои фаъолиятҳои иҷтимоиро меомӯзонанд. Маҳз дар ҳамин шабакаҳо тарафдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки дар қаламравҳои Сурияву Ироқ зери парчами Ислом ба қатлу куштор машғуланд, ақидаҳои хатарноки худро таблиғ ва ҷангиёни бештарро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд.
Барномаи мазкур аз ҷониби бунёди ҷамъиятии “Ийман” дар саросари Қирғизистон роҳандозӣ шуда, ҳадафаш ин аст, ки 2,5 ҳазор имомхатиби масҷидҳои маҳаллӣ роҳҳои кор дар шабакаҳои иҷтимоиро азхуд ва талош кунанд пеши роҳи ҷалби ҷавонҳоро ба шабакаҳои террористиву экстремистӣ бигиранд.
Гузориши видеоии телевизини “Настоящее время” дар ҳамин бор аст: