Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ширкатҳои чиниро барои суистифода аз мусалмонон таҳрим кард


Бурҷи дидбонӣ дар яке аз урдугоҳҳои Чин барои мусалмонон

Иёлоти Муттаҳида 11 ширкати чиниро ба рӯйхати то рафт афзояндаи саркӯбгарони ҳуқуқи инсон дар вилояти ғарбии Шинҷони Чин дохил кард. Пекин бо танқидҳое рӯбарӯст, ки аз соли 2017 ба ин сӯ 1 миллион уйғур ва ақаллиятҳои дигари мусалмонро дар урудугоҳҳо ё лагерҳои консентратсионӣ асир карда, мегӯяд, бо тарбияи сиёсии онҳо машғул аст. Чин ин кори худро бахше аз мубориза бо ифротгарӣ ва терроризм номидааст. Департаменти тиҷорати ИМА рӯзи 20 июл гуфт, як қатор ширкатҳои чинӣ мусалмонони Шинҷон, аз ҷумла қазоқҳо, қирғизҳо, тоҷикҳо ва ҳуғиҳоро, ки бо номи дунганҳо низ машҳуранд, ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мекунанд ва чунин ширкатҳо бояд таҳрим карда шаванд. Онҳо асосан ширкатҳои бофандагӣ ва технологӣ буда, дар миёнашон инчунин ду ширкате ҳаст, ки бо гузаронидани таҳлилу тарҷибаҳои генетикӣ бо аҳолии мусалмон машғуланд. ҳанӯз ягон вокуниши фаврӣ аз ҷониби Чин садо надодааст, аммо дар гузашта Пекин ба чунини танқид ва таҳрим карданҳоро дахолат ба корҳои дохилии худ шумурдааст.

XS
SM
MD
LG