Ӯро узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон медонанд.
Эълон рӯзи 26-уми сентябр нашр шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Шаҳром Пурсафӣ бо номҳои Меҳдӣ Ризоӣ ва Шоҳин Пурбахш низ машҳур аст.
Ҳукумати Амрико дар моҳи июни соли 2023 алайҳи раиси бахши истихбороти хориҷии Сипоҳи посдорон ва чанд узви дигари он, аз ҷумла Шаҳром Пурсафӣ, таҳрим эълон карда буд.
Шаҳром Пурсафӣ ду сол пеш аз сӯйи Вазорати адлияи Амрико ба он муттаҳам шуда буд, ки ба як қотил барои куштани Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико, 300 ҳазор доллар додааст.
Департаменти давлатӣ дар изҳороташ рӯзи панҷшанбе гуфтааст, Шаҳром Пурсафӣ аз моҳи октябри соли 2021 то моҳи апрели соли 2022 дар Иёлоти Муттаҳида буд.