Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои бархе мақомоти гурҷӣ маҳдудияти виза ҷорӣ мекунад 


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

ИМА гуфт, мақомоте, ки бо қабули қонун “Дар бораи агенти хориҷӣ” раванди демократӣ дар кишварро ба ҳам задаанд, бо маҳдудияти визаи амрикоӣ рӯбарӯ мешаванд.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 23 май гуфт, барои қонуни баҳсбарангез сиёсати нави маҳдудиятҳои виза ҷорӣ карда мешавад.

Дар миёни чунин мақомот ва аъзои оилаҳои онҳо нафароне хоҳанд буд, ки аз роҳи хушунату таҳдид даст ба саркӯби озодиҳои маданӣ ва гирдиҳамоиҳо задаанд, гуфта шудааст дар изҳороти Блинкен. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст: «Ҳар касе, ки ҷараён ваё сохторҳои демократӣ дар Гурҷистонро, аз ҷумла дар остонаи интихоботи моҳи октябри соли 2024 дар Гурҷистон ба ҳам мезанад, метавонад шахсе эътироф шавад, ки ҳақи гирифтани визаи амрикоӣ ва сафар ба Амрикоро надорад». Ӯ гуфтааст, ИМА метавонанд равобити дуҷониба бо Гурҷистонро бозбинӣ кунанд.

Блинкен гуфтааст, «мо ҳоло ҳам умедворем, ки раҳбарияти Гурҷистон тарҳи қонунро бозбинӣ карда барои пешбурди демократия ва татбиқи ормонҳои аврупоиашон иқдом хоҳад кард. Вақти бозбинии равобити миёни кишварҳоямон, мо рафтори Гурҷистонро ба инобат хоҳем гирифт».

Ҷиноҳи аксарияти порлумонии ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" тасмим гирифтааст, ки "вето"-и президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилиро ба қонуни “агенти хориҷӣ”-и ин кишвар бекор кунад. Қарор аст ин масъала 27 май баррасӣ шавад.

Президенти Гурҷистон ахиран эълом кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузоштааст. Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карданд.

Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ", ки тарҳи қонунро пешниҳод кардааст, имкон дорад бо ба даст овардани 77 раъй ветои президентро бекор кунад.

Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG