Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Таълими ғайрирасмии динӣ дар маркази забономӯзӣ


Шаҳри Кӯлоб.
Шаҳри Кӯлоб.

Мақомоти интизомии Кӯлоб мегӯянд, ки маркази забономӯзии "Баҳор" дар ин шаҳр, наврасонро ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб кардааст.

Ба таълимоти ғайрирасмии динӣ фаро гирифтани ҷавонон дар маркази забономӯзии "Баҳор" дар шаҳри Кӯлоб, сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин марказ бештар наврасони водии Рашт, ноҳияи Қумсангир, Вахш ва шаҳри Душанбе ҷалб шуда буданд, ки тибқи иттилои ба даст омада, ин наврасон дарсҳояшонро баъди шомгоҳ оғоз мекардаанд.

Шодмон Алихонов, директори маркази забономӯзии «Баҳор» рӯзи 22 декабр ба Радиои Озодӣ таблиғоти диниро дар ин марказ тасдиқ кард ва гуфт, ки «мо огоҳ шудем, ки муассисони мо корҳои таблиғотро дар миёни хурдсолон ва наврасон мегузарониданд, зуд ба амният хабар додем.» Ба гуфтаи ҷаноби Алихонов, сарпарасти асосии маркази забономӯзии «Баҳор» сокини Туркия Гемир Чингиз будааст, ки номи он шахс дар ягон ҳуҷҷати расмии ин муассиса дарҷ нагардидааст.

Ӯ мегӯяд: «Мо дар марказ гурӯҳҳои шабона доштем, ки дар соли аввал 10 нафар, дар соли дуюм 16-20 нафар ва дар моҳи октябри ҳамин сол 50-60 нафарро ташкил доданд. Миқдори зиёди ин гурӯҳи шабонаро наврасони дурдаст ташкил медоданд, ки бисёрашон аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Қумсангир, Вахш, Рашт ва шаҳри Душанбе буданд, ки ҳуҷҷатҳояшон умуман дар дасти мо набуд.»

Маркази забономӯзии «Баҳор» соли 2009 аз сӯи шаҳрвандони турк таъсис дода шуда, дар он забонҳои арабӣ, русӣ, англисӣ ва технологияи коммуникатсионӣ (компютерӣ) таълим дода мешуд. Сар аз соли 2013 дар ин маркази таълимӣ хурдсолони водии Рашт, ноҳияи Қумсангир, Вахш ва шаҳри Душанбе ҷалб шуда, бидуни иҷозат шабона ба таълим фаро гирифта шуда будаанд.

Як корманди ШКД-и шаҳри Кӯлоб, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 22 декабр ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ин ҳолат ошкор шуд ва нисбати қонуншиканон парванда боз кардаанд.

Вай афзуд: «Дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб, ин ҳолатро ошкор кардем, ки дар ин муассиса 50 кӯдаки водии Рашт, Қумсангир, Вахш ва шаҳри Душанбе ба таълими динии ғайрирасмӣ фаро гирифта шуда будаанд, ки муассиси он як шаҳрванди турк будааст.»

Аммо Шодмон Алихонов, директории маркази забономӯзии "Баҳор" дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки баъди ошкор кардан ин ҳолат, ӯро ду нафар аз ҳамкоронаш таҳдид карда ва чанд миқдор маблағ низ пешниҳод карданд, то ин муассисаро тарк намояд ва ба кори онҳо халал нарасонад.

Баъди ошкор шудани таълими динии ғайрирасмӣ дар маркази забономӯзии «Баҳор», муассиси ва сарпарасти турки он аз Тоҷикистон фирор карда, ба Туркия рафтааст. Муҳассилин ин боргоҳ, ки аз навоҳи дурдасти Тоҷикистон буданд, аз сўи мақомот интизомӣ ба хонаҳои худ баргардонида шудаанд.

XS
SM
MD
LG