Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ пас аз танаффуси қариб якмоҳа бо бозиҳои даври 13-ум аз сар гирифта мешавад.

Ду бозии аввали даври 13-ум рӯзи ҷумъаи 31-уми июл барпо гардида, «Барқчӣ»-и Ҳисор бо «Равшан»-и Кӯлоб ва «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо «Сардор»-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд.

Ду бозии дигари даври навбатӣ рӯзи шанбеи 1-уми август миёни дастаҳои «Вахш»-и Бохтар – «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе сурат мегирад.

Дар ду бозии охирини даври 13-ум, ки рӯзи якшанбеи 2-юми август доир мегардад, дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор – «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 25 имтиёз аз 11 бозӣ зинаи аввалро касб кардааст. Бояд зикр намуд, “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло бохт надорад.

Дастаҳои “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” бо 24-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд.

Тимҳои “Сардор” бо 6 имтиёз ва “Истаравшан” бо 5 имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвал қарор доранд. Воқеъан, “Истаравшан” ягона дастаест, ки то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидааст.

Равзанаи гузариши тобистона ё давраи бақайдгирии футболбозон дар Тоҷикистон аз 1-ум то 29-уми июл идома кард. Дар ин муддат бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон бозигарони навро барои иштирок дар қисми дувуми мавсим ба ҳайати худ дохил намуданд.

Дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2026 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.

Даври 13-ум

31-уми июл (ҷумъа)

«Парвоз» – «Сардор» (17:15) – варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд

«Барқчӣ» – «Равшан» (19:00) – Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

1-уми август (шанбе)

«Хуҷанд» – КМВА (17:15) – варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд

«Вахш» – «Эсхата» (17:45) – варзишгоҳи “Вахш”-и Бохтар

2-юми август (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол» (19:00) – варзишгоҳи “ТАЛКО Арена”-и Шаҳри Турсунзода

«Ҳосилот» – «Истаравшан» (20:00) – Варзишгоҳи марказии ниҳояи Фархор

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶойДастаҳоБозӣТ/ТИмтиёз
1“Истиқлол”1114-325
2“Ҳосилот”1223-1124
3«Регар-ТадАЗ»1115-724
4 КМВА1114-1219
5«Равшан» 1216-1317
6 «Барқчӣ»1215-1916
7«Хуҷанд»1211-1016
8 «Эсхата»1214-2314
9“Вахш”1215-1614
10 «Парвоз»1210-1712
11«Сардор»1213-216
12«Истаравшан»109-175

Беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа:

Салоҳиддин Эргашев (“Ҳосилот”), Ҷозеф Акомади (“Ҳосилот”), Патрик Рудолф (“Ҳосилот”) – 5-голӣ, Ҷулиос Анани (“Ҳосилот”), Нуриддин Ҳамроқулов (“Вахш”), Самандар Қодиров (“Эсхата”), Шарафҷрн Солеҳов (“Ҳосилот”), Абдухалил Боронов (КМВА) – 4-голӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG