Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

Дастаҳои футболи тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Дастаҳои футболи тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Пас аз танаффуси сеҳафтаина бо сабаби омодагӣ ва иштироки тими миллии Тоҷикистон дар бозии ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин, бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 4-6-уми апрел баргузор мешаванд.

Нахуст дастаҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан 4-уми апрел дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд ба рақобат мепардозанд. Сипас дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар “Вахш” бо КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе рақобат мекунад.

Се бозии дигари даври сеюм рӯзи 5-уми апрел доир мешавад.

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор “Истиқлол”-и Душанбе бо “Равшан”-и Кӯлоб, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд “Парвоз”-и Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва дар варзишгоҳи “Ҳосилот”-и Фархор дастаи мизбон бо тими нави лигаи олӣ – “Сардор”-и шаҳри Турсунзода – вориди рақобат мешаванд.

Бозии охирини даври сеюм 6-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе байни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва “Эсхата”-и Хуҷанд сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дастаи “Вахш” бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Тимҳои “Ҳосилот” ва “Сардор” бо чаҳоримтиёзӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

Мавсими нави лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меафтад ва бошгоҳе, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026

Лигаи олӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа пас аз натиҷагирии бозиҳои даври дуюм:


ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1“Вахш”22004-16
2 “Ҳосилот”21103-04
3“Сардор”21103-04
4“Хуҷанд”21102-04
5”Истиқлол”21101-04
6 “Барқчӣ”21013-43
7“Истаравшан”20202-22
8 “Равшан”20112-31
9“Регар-ТадАЗ”20110-11
10“Парвоз”20112-51
11КМВА20110-31
12“Эсхата”20021-40


Даври 3-юм

4-уми апрел (шанбе)

«Хуҷанд» – «Истаравшан» (18:00)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«Вахш» – КМВА (16:30)

Бохтар. Варзишгоҳи “Вахш”

5-уми апрел (якшанбе)

«Истиқлол» – «Равшан» (18:00)

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» (17:00)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«Ҳосилот» – «Сардор» (17:00)

Фархор. Варзишгоҳи марказӣ

6-уми апрел (душанбе)

«Барқчӣ» – «Эсхата» (17:00)

Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG