Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба гадоҳо бо шубҳа менигарам


Шабнам Комилова, муаллифи қисса
Шабнам Комилова, муаллифи қисса

Салом ба аҳли эҷоди радиои Озодӣ ва хусусан кормандони сомонаи он, ки рӯз то рӯз ҷолибтару шавқовартар мешавад. Ворид шудан ба сомонаи Озодӣ шахсан барои ман беҳтарин машғулият аст ва ҳамеша барои худ чизе аз он ҷо мегирам.

Хусусан, гӯшаи «Қиссаҳои шумо», ки нав ташкил шудааст, бисёр писанди ман аст, зеро он моро бо шахсиятҳову тақдирҳо ва ҳодисаҳои гуногуни зиндагии одамон ошно мекунад.

Ва хостам ман ҳам аз дидаву шунидаҳоям барои ин гӯша бинависам ва шояд ҳамфикрҳое ҳам пайдо кунам.

Қиссаеро, ки мехоҳам нақл кунам, 5 сол пеш шоҳидаш шуда будам. Гузорам чандин бор ба беморхонаи марказии пойтахт ва атрофи он афтода буд ва дуртар аз даромадгоҳи асосии беморхона марди талбандаеро медидам, ки як пояш аз зону поён набуд. Ин мард ба назар хеле қавипайкару паҳлавонҷусса мерасид ва дасту бозувони бақувват дошт, ки ба қавле мушт занад, қӯҳ талқон мешавад. Либоси ин мард жандаву дарбеҳдида не, балки то надозае монанд ба одамони миёнҳол буд. Вале болои зонуҳояш ҳамеша як пораи матои фарсударо паҳн карда менишаст, ки он ҳам вазифаи дастурхон иҷро мекард ва ҳам ҷойи пулгузории роҳгузарон буд.

Марди талбанда ҳамеша сарашро поин афканда, бо чеҳраи маъюсу ғамзада менишаст. Ва ҳатто ба назар меррасид, ки кӯшиш мекунад чашмонашро аз одамон гурезонад. Вале ман ягон бор чӣ тавр омадану дар ин ҷо нишастан ва ё рафтаншро надида будам, шояд дигарон ҳам. Вай хеле барвақт меомад ва бо торик шудани рӯз макони ризқёбиашро тарк мекард.

Роҳгузарон ба як пойи аз зону кандашуда ва кӯдаки хурдсоли кӯҳнапӯше, ки баъзан марди талбандаро ҳамроҳӣ мекард, нигоҳ карда бо афсӯс сар меҷунбонданду мувофиқи тавонашон ба наздаш пул мегузоштанд. Ман низ аз қабили роҳгузароне будам, ки дилам ба ҳолаш месӯхту аз худ суол мекардам, ки чаро тақдир ин қадар бераҳм бошад?,

Боре аз дуртар истода чанд лаҳзае марди талбандаро наззора кардам. Гузаргоҳ ҳам камодам шуд. Дидам, ки марди талбанда як қабза пулро аз ҷайбаш бароварду саросемавор шумурд ва боз ба ҷайбаш пинҳон кард. Кӯдак, ки тақрибан шашсола буд, пулҳои ӯро дида гуфт, «дада, ходок мехоҳам, ходокам бихар».

Мард як ба кӯдак ало нигоҳе партофту хомӯш сарашро поин афканд. Вале кӯдак ором намешуд ва ин дафъа гиряолуд гуфт, «ман дигар қатит намеоям. Ба очам мегум, ки гушнагида мурдам, дадам ҳеч чиз нахарид».

Марди талбанда илоҷи дигареро надид, ки норозиёна ва бо чеҳраи гирифта ду сомониро ба дасти кӯдак доду гуфт, «рав, заҳри танат шава, ходок хар.»

Ман инро дидаму бо андешаҳое аз назди марди талабанда дур шудам, ки, аз хирадманде суол кардаанд, Худо боз киҳоро намебахшад? Гуфтааст, дарвешеро ки қарини қаноат нест.

Чанд фурсате аз миён гузашту боз гузорам ба он макон афтод. Дидам, ки одамони зиёде марди талбандаро иҳота кардаву сарзанишу ҳақорат мекунанд ва мард бошад хомӯшу бесадо бо ду пой давон-давон мегурехт.

Ҳайрати ман дучанд шуд ва наздиктар рафтам. Як пирмарде ба роҳгузаре, ки шояд мисли ман намедонист, ки ин ҷо чӣ мегузарад, мегуфт: «Ин хонасӯхта ҳамин қадар вақт мардума фиреб мекардааст. Бубинед, гуён он пирамард як сӯрохиро дар ҷои нишасти марди талбанда нишон дод ва гуфт. Як пояшро дар ҳамин сӯрохӣ андохта менишастааст. Вай на маъюб будаасту на бемор, балки як бекорхӯҷаи тайёрхӯр. Аммо мардум дар ҳамин шароити вазнин ҳаққи худу фарзандонашро ба даҳони ин фиребгар мегузоштаанд.

Дигарӣ мегуфт, “шармаш бод, ки бо чунин тану ҷони солиму ҳузарб чашм ба ҷайби мардум будааст.» Боқӣ мардуми гирдомада чӣ гуфтанд, на марди талбанда шуниду на ман, ки ҳайратзада аз фитнаи одамӣ, он маконро тарк кардам. Сар аз он вақт ба гадову талбандаҳо бо чашми шубҳа менигарам ва фикр мекунам, бо шунидани даъватҳо ба саховат дар раҳи Худо бояд хуб фикр кард, ки хайре, ки мо мекунем, хайр аст ё шарр.

Шабнам Комилова, сокини шаҳри Душанбе.
XS
SM
MD
LG