Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз омадани сел дар 9 ноҳияи Узбекистон


Маркази обуҳавошиносии "Узгидромет" аз эҳтимоли омадани сел дар шаҳру ноҳияҳои 9 вилояти ин кишвар ҳушдор додааст.

Ба иттилои марказ, рӯзҳои 16-22 май дар ҳудуди Узбекистон боридани борони сахт дар назар аст.

Масъулони марказ гуфтаанд, дар натиҷаи боридани борони сахт эҳтимоли омадани сел ба 8 ноҳияи вилояти Қашқадарё, 9 ноҳияи вилояти Сурхандарё, 9 ноҳияи вилояти Самарқанд, 5 ноҳияи вилояти Навоӣ, 6 ноҳияи вилояти Ҷизах, 6 ноҳияи вилояти Тошканд, 6 ноҳияи вилояти Намангон, 4 ноҳияи вилояти Фарғона ва 8 шаҳру ноҳияи вилояти Андиҷони Узбекистон вуҷуд дорад.

Аз шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои куҳӣ ба сар мебаранд ё мусофирон ва ронандагоне, ки ба он ҷойҳо сафар карданӣ ҳастанд, даъват шудааст, то эҳтиёткор бошанд.

XS
SM
MD
LG