Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Лаҳистон узви "Гурӯҳи 24"-ро ба қатъи гуруснашинӣ даъват карданд


Мустафо Ҳаётов

Масъулони як бошгоҳи паноҳандагон дар Лаҳистон аз Мустафо Ҳаётов, ҷавони 25 солаи тоҷик, тақозо кардаанд, ки ба гуруснашинӣ хотима диҳад, вагарна маҷбуранд бо зӯр ба ӯ ғизо диҳанд, чун саломатиаш бад мешавад.

Мустафо Ҳаётов, узви "Гурӯҳи 24" -- ҳаракатест, ки дар Тоҷикистон экстремистӣ шинохта шуда, фаъолияташ мамнӯъ аст. Ӯ аз соли 2016 аз мақомоти Лаҳистон дархости паноҳандагии сиёсӣ карда, ду бор посухи рад гирифтааст ва, инак, дар ростои ихроҷ шудан ба Тоҷикистон аст.

Ҳаётов дар як бошгоҳ ё лагери муҳоҷирон дар 50-километрии шаҳри Варшава қарор дорад. Вай рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, нӯҳ рӯз боз ба нишони эътироз аз хӯрдани ғизо даст кашидааст ва пизишкон аз ӯ талаб доранд гуруснанишиниро бас кунад.

"Эътирози ман аз он аст, ки маро ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Ду бор ба ман коғази истирдод медиҳанд ва ман ҳамроҳи вакилони мудофеъ талош дорам, онро пешгирӣ кунам. Аз санаи 23-юми июли соли 2018 инҷониб дар ин лагер нигоҳдорӣ мешавам ва тақозо дорам, ки мақомоти Лаҳистон парвандаи дархости паноҳандагии маро зудтар баррасӣ кунанд", -- гуфт ӯ.

Сарсониҳои Ҳаётов дар Аврупо соли 2016 шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи ҳамсафонаш, Ҳаётов соли 2014 дар Русия ба "Гурӯҳи 24" пайваста, масъули тарғиби фаъолиятҳои ҳаракат дар шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Мегӯяд, аз "шабакаҳои иҷтимоӣ" дар бораи "Гурӯҳи 24" маълумот гирифта, ба он пайвастааст.

Ҳаётов пас аз хатми мактаби миёна мисли садҳо ҷавони дигари тоҷик соли 2011 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт. Дар мактаби олӣ таҳсил накардааст. Танҳо пас аз дархости паноҳандагӣ дар Лаҳистон каме лаҳӣ ва англисиро омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, дар Русия ҷойи кор ва даромади хуб дошт, муҳтоҷ набуд ва, тавре таъкид мекунад, танҳо "ба хотири миллат" ба "Гурӯҳи 24" пайвастааст.

Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи ин гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди фаъолиятҳои сиёсӣ ва хавфи таъқиб шудан дар Тоҷикистон, мақомоти Лаҳистон дархости Ҳаётовро барои дарёфти паноҳандагӣ рад кардаанд.

"Дар посухи расмӣ мақомоти Лаҳистон гуфтаанд, далелҳои пешниҳодкардаи Ҳаётов қонеъкунанда набуданд",-- гуфт Ашӯров.

Пас аз дарёфти посухи рад Мустафо Ҳаётов ба Олмон рафт, аммо 23-юми июни 2018 мақомоти Олмон ӯро мувофиқи созишномаи Дублин ба кишваре, ки ӯ нахуст дархости паноҳандагӣ карда буд, яъне Лаҳистон бозпас фиристоданд. Аз он сана то ба ин ҷониб Ҳаётов дар боздоштгоҳи паноҳҷӯён ба сар мебарад ва гаштугузораш дар доираи ҳамин бошгоҳ маҳдуд аст.

Саидалӣ Ашӯров иддао дорад, ки дар сурати фиристода шуданаш ба Тоҷикистон, ба Ҳаётов шиканҷа ва муддатҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, фаъолони ин гурӯҳ дар чанде аз шаҳрҳои Аврупо дар назди сафорат ва консулхонаҳои Лаҳистон эътироз карда, хостори манъи ихроҷ ва паноҳанда эътироф шудани Ҳаётов шудаанд.

Рӯзи 13-уми август чанде аз аъзои "Гуруҳи 24" дар шаҳри Кёлни Олмон дар рӯ ба рӯи консулгарии Лаҳистон ҷамъ омада, айни ин талабро баён кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Ашӯров мегӯяд, мақомот ба модари Мустафо Ҳаётов гуфтаанд, дар сурати довталабона бозгаштани ӯ ба Тоҷикистон вайро авф мекунанд. Ҳаётов мегӯяд, ба ин ваъдаҳо бовар надорад ва якуним сол боз бо модараш низ тамос нагирифтааст.

"Гурӯҳи 24--ро Умаралӣ Қувватов, тоҷири тоҷик, ки соли 2012 Тоҷикистонро тарк карда буд, дар Маскав таъсис дод. Вай баҳори соли 2015 дар Туркия кушта шуд. Аъзои ин созмон дар ташкили куштори Қувватов мақомоти Тоҷикистонро гунаҳкор карданд. Мақомот ин иддаоро рад кардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Гурӯҳи 24"-ро соли 2014 як ҳаракати экстремистӣ хонд ва фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар манъ кард. Чанде аз аъзои он боздошт ва ба солҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Моҳи феврали 2019 як идда аз пайравони "Гурӯҳи 24", ки дар Тоҷикистон мавриди афв қарор гирифтаанд, аз Додгоҳи олӣ хостанд, ҳукми худро бозбинӣ кунад ва фаъолияти гурӯҳро дубора дар кишвар иҷозат диҳад. Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ моҳи июл зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ташхис нишон дод, ки "ин танҳо дархости чанд нафар аз аъзои "Гурӯҳи 24" будааст ва аъзои дигари он бо пахши баёния, изҳор доштанд, аз ҳадафҳои худ даст намекашанд."

"Ба ин далел, Додгоҳи олӣ қарор кард, ки тасмими қаблӣ бекор карда нашавад", - гуфт Шоҳиён.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG