Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо сабаби тамдид нашудани муҷаввизи фаъолияти шаш корхонаи коркарди тилло дар ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг, 600 нафар бекор мондааст. Ин афрод мегӯянд, ки моҳе то ҳазор сомонӣ маош мегирифтанд ва аробаи зиндагиашон асосан аз ин ҳисоб мечархид. Акнун баъзеи коргарон ба чорводорӣ рӯй овардаанд, бархеи дигар ҳанӯз кор меҷӯянд.

"Панҷ оиларо мехӯрондам"

Коркарди тиллои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Азизхӯҷа Сафолов чаҳор соли ахир дар корхонаи коркарди тилои "Ганҷ" ба ҳайси ронанда фаъолият мекард. Ӯ рӯзи 7-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як сол боз дар хона машғули чорводорист. “Ман гову мол дорам ва аз ҳисоби он каме зиндагиро пеш мебарем. Баъзеи дигар аслан машғулияте надоранд, кӯчаро мегарданду боз ба хонҳояшон мераванд. Панҷ оиларо мехӯрондам, аммо баъди аз кор мондан дигар ҳар нафар ҳар тараф барои кор рафтааст", - афзуд ӯ.

“Агар мактаб мехондам...”

Азизхӯҷаи 33-сола дар идомаи сӯҳбат гуфт, афроде, ки дар корхонаҳои тиллои ин ноҳия кор мекарданду ҳоло корашонро аз даст доданд, аксаран маълумот надоранд, то дар ҷои дигар фаъолият кунанд. Азизхӯҷа аз худ мисол овард, ки то синфи се таҳсил кардааст ва агар таҳсилашро то охир мерасонд ва соҳиби маълумот мешуд, метавонист дар корхонаи давлатие кор кунад.

Баъди ба итмом расидани иҷозатнома (литсензия) корхонаҳои хусусии "Ганҷ”, “Помир”, “Союз-зар”, “Исроил-2011”, “Абдулазиз” ва “Гули Мурод”, ки ба коркарди тилло машғул буданд, ҳудуди як сол мешавад аз фаъолият мондаанд.

Мактуб ба ҳукумат

Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг дар нишасти хабарӣ гуфт, ба манзури тамдид шудани иҷозатномаи корхорнаҳои истихроҷи тилло унвонии ҳукумати кишвар расман мактуб ирсол кардаанд. Ба гуфтаи Мирзозода, шаш корхонаи тавлиди тилло сар аз моҳи январи соли 2017 ба ин тараф мутаваққиф шудаанд. Танҳо корхонаи коркарди тиллои "Одина", дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди 35 дарсад фаъолият дорад.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, дар маҷмӯъ дар 6 корхона 600 нафар кор мекард, ки муваққатан ба рухсатии бемузд ҷавоб дода шудаанд: "Дар ин корхонаҳо 600 одам кор мекард ва ҳоло онҳо як сол мешавад баъди тамдид нашудан ба рухсатии бе музд равона карда шудааст. Мо ба ҳукумати кишвар мактуб кардем ва дар онҷо комиссия амал мекунад ва гуфтанд, ки санҷида, дар сурати дуруст будан ба фаъолияташон иҷозат дода мешавад. Ҳоло мо ҳамонҳоро интизорем, ки кай ба ин корхонаҳо иҷозат дода мешавад”,--гуфт Нурулло Мирзозода.

"Иншоотҳо нотамом монданд..."

Ҳамин тавр бо тамдид нашудани муҷаввизи фаъолияти шаш корхонаи тавлиди тилло дар ноҳияи Ховалинг, чанд иншоот, ки аз сӯи соҳибони ин корхонаҳо бояд бозсозӣ мешуд, ба субут расонида нашуданд. Нурулло Мирзозода гуфт, ки роҳбарони корхонаҳои тилло дар сохтани бинои панҷтабақа дар ноҳия кӯмак мекарданд, аммо бо мутаваққиф шудани фаъолияти корхонаҳои тилло, бино нотамом мондааст. Аз ин рӯ, раиси ноҳия мегӯяд, ки ҳукумат маҷбур шудааст, то биноро худ такмил намояд.

Зимнан, ба ҳангоми фаъол будани шаш корхонаи тилло дар ноҳияи Ховалинг, садҳо нафар соҳиби ҷои кор ва ҳукумати ноҳия тавониста буд аз дотатсияи давлат берун ояд. Аммо бо аз кор мондани ин корхонаҳо, ҳоло ҳукумати ноҳия боз ба дотатсияи давлат шомил шудааст.

Бо он, ки шаш корхонаи коркарди тилло дар ноҳияи Ховалинг аз кор мондаанд, аммо афроди алоҳида дар қад-қади сангоб бо коркарди тилло машғуланд. Ин мардум, ки аз манотиқи мухталиф мебошанд ва тилло ҷуста, онро ба давлат мефурӯшанд.

Вазорати саноати Тоҷикистон соли 2016 эълон карда буд, ки истихроҷи тилло дар кишвар 11 дарсад афзуд, аммо омори чанд тонна истеҳсол шудани тиллоро ба далели сирри будани он ошкор накард. Аммо бинобар ҳисобҳои иқтисоддонҳо дар такя ба омори солҳои пешин, соли 2016 дар Тоҷикистон беш аз 5 тонна тилло истихроҷ шудааст.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло ҷойгир аст. Коркарди тилои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ тилои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт. Масъулон мегӯянд, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ Шугнов бо зӯри силоҳ моли қумандонҳо буд ва эшон аз фаъолияти худ дар ин мавзеъ ба касе ҳисобот намедонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG