Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир


Дар Тоҷикистон соли гузашта панҷ гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо афроди ҷиноятпешаи кишварҳои хориҷаи наздик маводи мухаддирро ба берун аз кишвар интиқол медоданд.

Яке аз ин гурӯҳҳо, ки дастикам нӯҳ узваш боздошт шудааст, тавонистааст ба ин ҷиноят даҳҳо сокинони ноҳияи Ёвонро ҳам ҷалб кунад. Дар ин бора рӯзи 24-уми январ дар Душанбе раҳбарияти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир хабар дод.

Ба гуфтаи масъулон, маъмулан аъзои ин гурӯҳ тавассути паёмакрасонҳое назири Viber ва WhatApp иртибот доштанд ва маблағҳои аз фурӯши мухаддирот ба даст омадаро тавассути бонкҳо ва ҳатто “пардохтҳои интернетие назири “Киви кошелек” дарёфт мекарданд.

Ноҳияи Ёвон, ки дар 60-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон воқеъ ва як минтақаи кишоварзиву саноатии кишвар мебошад, дар чанд соли охир маҳалли фаъолияти як гурӯҳи фаромиллилии қочоқчиёни маводди мухаддир будааст. Муртазо Ҳайдарзода, муовини раиси Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар як нишасти хабарии рӯзи 24-уми январ ба хабарнигорон аз як амалиёти дарозмуддати пайгирии гурӯҳи қочоқчиён хабар дод.

Вай гуфт, ки сари калобаи ҷиноят моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия зимни фурӯши ҳудуди 5 килограмм ҳероин боз шуд ва баъди ин дар давоми як соли гузашта 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 табааи Русия ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шудаанд.

Муртазо Ҳайдарзода дар шарҳи парвандаи қочоқчиён, ки ҳанӯз ниҳоӣ нашуда дар дасти тафтишот аст, чунин гуфт: "Интиқоли анвои мухталифи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба Русия сурат мегирифт, ки таҳти назорати маъмурони ин Оҷонсии анҷом дода мешуд. Дар тобистони соли гузашта ва то моҳи декабр мо тавонистем 7 узви ин гурӯҳро бо шумули Мусалмон Холиқов, раҳбари онро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия боздошт кунем. Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар иртибот ба ин парванда ҳанӯз ҷустуҷӯ мешаванд."

Боздошти 5 гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Муовини раиси Оҷонсии задди маводи мухаддир дар идома афзуд, метавон иддао кард, ки дар интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Русия бархе кормандони сохторҳои интизомии афғону рус ва Қазоқистон ҳамкорӣ мекарданд. "Далелҳои даст доштани масъулони тоҷик дар ин ҷиноятҳоро мо ошкор накардаем”,-афзуд вай.

Муовини раиси Оҷонсии зидди маводи мухаддир гуфт, ки ин гурӯҳ дар давоми сол садҳо килограмм маводи мухаддирро қочоқ мекард ва миқдори дақиқи маводи мусодирашуда эҳтимолан дар поёни тафтишот мушаххас мешавад.

Муртазо Ҳайдарзода
Муртазо Ҳайдарзода

Ба бовари Муртазо Ҳайдарзода, маъмулан аъзои ин гурӯҳ тавассути паёмакрасонҳое назири Viber ва WhatApp иртибот доштанд ва маблағҳои аз фурӯши мухаддирот ба даст омадаро тавассути бонкҳо ва ҳатто “пардохтҳои интернетие назири “Киви кошелек” дарёфт мекарданд. Ба гуфтаи ин мақоми Оҷонсӣ, дар чанд соли ахир танҳо дар Русия 163 нафар сокинони ноҳияи Ёвон, ки бо ин гурӯҳи қочоқчиён ҳамкорӣ мекарданд, боздошт ва бо ҳукмҳои додгоҳ равонаи зиндон шудаанд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, феълан тафтиши ин парванда ба мавзӯи пулҳои аз фурӯши маводди мухаддир ба даст омада тамаркуз кардааст. Ба иттилои як манбаъ дар ин Оҷонсӣ, ошкор шудааст, ки даромади гурӯҳи Мусалмон Холиқов аз фурӯши маводди мухаддир дар Русия ҳадди аққал ҳудуди 30 миллион рубли русиро ташкил додааст. Манбаъ афзуд, ки ҳоло тафтишот роҳҳои дигари интиқоли пулҳои Холиқовро мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар бораи шахсияти раҳбари ин гурӯҳ Мусалмон Холиқов ҳам феълан танҳо иттилои расмӣ дар даст аст. Заррух Саидзода, раҳбари бахши тафтишотии Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 24-юми январ тавзеъ дод, ки Мусалмон Холиқов соли 1983 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шуда, қаблан барои роҳзанӣ суд шуда буд. Ба гуфтаи ин манбаъ, то замони боздошти ахираш Холиқов шуғле надошт ва танҳо машғули амалҳои ҷиноятӣ будааст. Ҳарчанд оиладор мебошад, вале дар ҳеҷ ҷой расман кор намекардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, гурӯҳи Мусалмон Холиқов аз соли 2010 то замони боздошташ садҳо килограмм маводи мухаддиро ба Русия интиқол додааст, вале муҳим ин нукта мебошад, ки вай тавонистааст фурӯши густурдаи чаканаи онро дар манотиқи мухталифи Русия тавассути гурӯҳҳои ҷинояткор роҳандозӣ кунад.

Санҷиши дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Инчунин маълум нест, ки то куҷо худи Холиқов ва боздоштшудаҳо иттиҳоми ворида нисбати худро эътироф мекунанд ё на. То лаҳзаи омода шудани гузориш тамос бо хешовандони боздоштшудаҳо ҳам даст надод. Мақомот нагуфтанд, ки оё афроди боздоштуда ба вакили дифоъ дастрасӣ доранд ё на.

Дар нишасти матбуотии солонае, ки Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон доир кард, гуфта шуд, ки маводи мусодирашуда аз дасти аъзои ин гурӯҳ бахше аз 4,5 тонна маводи мухаддирест, ки соли 2017 аз дасти қочоқчиён мусодира шудааст. Дар ошкор ва мусодира шудани ин мавод ҳамаи сохторҳои интизомии Тоҷикистон иштирок кардаанд. Ин нишондод нисбати як соли пеш тақрибан як тонна бештар будааст.

Баъди нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон 341 килограмм анвои мухталифи маводди мухаддир, ки нисбати соҳибонаш додгоҳҳои Тоҷикистон ҳукм содир кардаанд, ба оташ андохта шуд.

XS
SM
MD
LG