Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори таслимшавии ҷангиёни ДИИШ ба ҷиҳодиҳои Сурия нашр шуд. ВИДЕО


Рӯзи 13-уми феврал як созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия хабар дод, ки дар вилояти Идлиби ин кишвар камаш 400 силоҳбадасти гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" худро ба мухолифини ҳукумати Башор Ал-Асад таслим намуданд.

Ин созмон гуфтааст, ки минтақаи Ал-Хувайн, воқеъ дар шарқи вилояти Идлиб шоҳиди бархӯрдҳои ҷиддӣ миёни гурӯҳи тундгароёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва силоҳбадастони созмони ҷиҳодии "Таҳрири Шом" шудааст. "Таҳрири Шом", ки дар гузашта бо номи "Ҷабҳат-ун-Нусра" ваё шӯъбаи Ал-Қоида дар Сурия номида мешуд, аз ҷониби Ғарб ва бисёр кишварҳои дигар террористӣ арзёбӣ мешавад.

Дар ҳоле, ки ҳуввияти таслимшудаҳо маълум нест, аз рӯи наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки дар миёни ҷангиён афроди ғайриараб, эҳтимолан зодаҳои Осиёи Миёна ҳам мебошанд.

Дар Сурия беш аз 400 даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ба "Таҳрири Шом" таслим шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Муаллифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро ҷой додаанд, ки дар он ҷараёни халъи силоҳ ва кофтукоби силоҳбадастони гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" намоиш дода мешавад. Нозирони ҳуқуқи башар мегӯянд, чанде пеш нерӯҳои давлати Сурия ба силоҳбадастони гурӯҳи даҳшатфакан имкон дода буданд, ки минтақаҳои муҳосирашудаи вилоятҳои Ҳалаб, Идлиб ва Ҳаморо тарк кунанд.

Вилояти ҷанубии Идлиб зери назорати нерӯҳои мухолифи режими президенти сурия Башор ал-Асад қарор дорад.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз чеҳраҳои ҷангиён шиносоӣ нашуда ҳанӯз ҳеҷ давлате дар заминаи ҳуввияти таслимшудаҳо чизе нагуфтааст, тахмин зада мешавад, ки бархе аз ҷангиён - аъзои "Давлати исломӣ" аз ҳисоби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд. Мақомоти ин кишварҳо гуфтаанд, ки ба узвияти "Давлати исломӣ", ки аз соли 2014 қаламравҳои Ироқу Сурияро зери назорат гирифта танҳо охири соли 2017 макони фаъолияташ дар ин қаламравҳо маҳдуд шуд, на камтар аз 4-5 ҳазор шаҳрвандаш пайвастааст.

Аз ҷумла, беш аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба узвияти ин созмони террористӣ шомил шуда буд. Ахиран вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, ки соли 2017 дар ҷангҳои хориҷӣ 150 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд. Шумори умумии тоҷикистониҳо кушташуда дар ин ҷангҳо беш аз 300 нафар гуфта мешавад. Сарнавишти хешовандони зиндамондаи ҷангиён маълум нест. Эҳтимол меравад, ки бахше аз занону кӯдакони онҳо дар боздошт ба сар мебаранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG