Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст


HRW logo
HRW logo

Дидбони ҳуқуқи башар аз вазъи бади озодии баён, афзоиши фишор болои аҳзоби сиёсии мухолифи давлат ва боздошту шиканҷаи аъзои ҳизби мухолиф ибрози нигаронӣ кардааст.

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додааст, ки афроди бо айбномаҳои сиёсӣ боздоштшударо раҳо карда, ба гурӯҳҳои, ба қавли ин созмон, муътадили ҳизби наҳзат ва Гурӯҳи 24 иҷоза ва имкони фаъолият бидиҳад.

Ин созмон дар гузориши нави худ дар бораи Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябри соли гузашта то оғози апрели соли ҷориро дар бар мегирад, аз бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар шадидан нигаронӣ кардааст. Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки дар ин марҳила боздошти даҳҳо узви ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ва таъқибу ба ватан истирдод шудани намояндагони мухолифони муътадил дар хориҷа сабт шудааст.

Ба иттилои ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар, дар ин муддат ҳудуди 200 тан аз аъзои ҲНИТ боздошт шуда, муҳокимаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсиаш ҳоло паси дарҳои баста идома дорад.

"Ба ин мурофиа ба истиснои теъдоди ками хешовандон, фаъолони ҷамъиятӣ, хабарнигнорон ва дипломатҳо роҳ наёфтаанд. Афзун бар ин, вакилони мудофеи боздоштшудагонро маҷбур кардаанд, зери санади ошкор накардани иттилоъ дар бораи ҷаласаи додгоҳ ва вазъи саломати боздоштшудагон имзо гузоранд," – гуфта шудааст дар гузориши Дидбони ҳуқуқи башар.

Дар ин гузориш дар бораи боздошти панҷ вакили мудофеъ низ таъкид шуда, аз мақомоти Тоҷикистон интиқод шудааст, ки журналистон ва шаҳрвандонро барои танқиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф қарор додаанд.

Дар моҳи декабри соли гузашта Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар Молдова ва Туркия бо 30 фаъоли сиёсии тоҷик ва пайвандони онҳо сӯҳбат кардаанд. Қаблан, ин созмонҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқот анҷом дода ва тавассути телефон бо фаъолон дар Олмон суҳбат карданд. Дар ҷараёни таҳқиқот мавридҳои зиёди вайрон кардани ҳуқуқи башар ошкор шудааст.

Ҳамчунин, дар моҳи марти соли гузашта яке аз чеҳраҳои саршиноси мухолифон Умаралӣ Қувватов дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуда, фаъоли дигар Мақсуд Иброҳимов дар Русия нопадид ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд ва дар моҳи июли соли гузашта ба муддати 17 сол равонаи зиндон гардид. Бар асоси дархости ҷониби Тоҷикистон 10 фаъоли сиёсӣ дар Русия, Беларус ва Молдова боздошт шуданд. Ҳадди ақалл 20 фаъоли муътадили сиёсӣ ба муддатҳои аз 3 то 29 сол зиндонӣ шудаанд.

Дидбони ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ҳуқуқи боздоштшудагон ва пайвандони онҳоро риоят карда, мавридҳои шиканҷа ва нопадидшавии мухолифонро баррасӣ кунад. Инчунин хоста шудааст, то таъқиби вакилони мудофеъ дар Тоҷикистонро қатъ кунанд. Илова бар ин, “вазъи озодии баён, осонӣ дар дарёфти иттилоъ аз манобеъи расмӣ, худдорӣ аз таъқиби хабарнигорони интиқодгар аз давлату сиёсатмадарон ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар кишвар” низ талаб шудааст.

Ин дуюмин гузориши Human Rights Watch (HRW), ё Дидбони ҳуқуқи башар, аз вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст. Дар гузориши қаблии созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар рӯзи 27 январ таъкид шуда буд,вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар тӯли соли 2015 бадтар шудаст. Муаллифон созмони террористӣ унвон кардану бастани умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, боздошти тақрибан 200 тан аз фаъолони мухолифин, истирдоду рабудани мунтақидони ҳукумат аз кишварҳои хориҷӣ, ба зиндон кашондани вакилони мудофеъ ва дастикам як журналист, табъизи кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ бо тафтишҳои беш аз ҳадро аз намунаҳои умдаи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ном бурдаанд.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон ҳамагуна таъқибу боздоштҳои беасосро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, тамоми боздоштҳои охир ба хотири ҳифзи амнияти митллӣ сурат гирифтааст. Мақомот аз ҷумла ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро аз муаллифони ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузашта дониста, мегӯянд, ки ин ҳизб гурӯҳи зиддидавлатиро сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG