Дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, ки дар бозии ниҳоӣ тими “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисорро аз рӯйи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард, барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи фуболи Тоҷикистон)-2026 гардид.
Бозии ниҳоӣ байни дастаи лигаи олӣ – “Барқчӣ” ва тими лигаи якум – “Ҳулбук”, ки 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, пуршиддату ҷолиб сурат гирифт.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи “Барқчӣ” поён ёфт. Тӯбро Азизбек Далиев дар дақиқаи 25-ум ба самар расонд. Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 51-ум, легионери африқоӣ аз Гана Дуби Рамин ҳисобро афзун кард - 2:0. Сипас Далер Шоҳмуродов, бозигари “Ҳулбук”, ду бор аз пеналти тӯбро ба дарвозаи “Барқчӣ” ворид намуда, ҳисобро баробар намуд – 2:2.
Тақдири бозиро силсилазарбаҳои пеналти муайян кард. Футболбозони “Ҳулбук” зери раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳибибуллоев бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, бори аввал Ҷоми ФФТ-ро ба даст оварданд.
Қабл аз финал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи лигаи олӣ - «Ҳосилот»-и Фархор - дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими лигаи якум - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ – бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
Голҳоро Рудолф Нгомбе (дақиқаи 11-ум), Салоҳиддин Эргашев (74) ва Ҷозеф Акомади (82) ба самар расонданд.
Ҷоизаи мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб – “Ҳулбук” – медали тило, 50 ҳазор сомонӣ ва Ҷоми ФФТ супурда шуд.
“Барқчӣ” (сармураббиаш Алифбек Беромов) бо медалҳои нуқра ва 30 ҳазор сомонӣ, “Ҳосилот” (сармураббиаш Шамсиддин Қосимов) бо нишонҳои биринҷӣ ва 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гаштанд.
Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012-ум бори понздаҳум сурат гирифт. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе. “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳулбук”-и Восеъ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ФФТ (2012-2026):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯйи пеналти – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4
2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0
2025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0
2026 – «Барқчӣ » (Ҳисор) – “Ҳулбук” (Восеъ) – 2:2. Аз рӯйи пеналти - 2:4