Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли 93 нафар дар як моҳ дар Эрон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як идораи ҳуқуқи инсон дар Созмони Милал мегӯяд, дар Эрон танҳо дар моҳи август ҳукми қатли 93 нафарро иҷро кардаанд, ки мояи нигаронии ҷиддӣ аст.

Дафтари Масъули Ҳуқуқи Башари Созмони Милал рӯзи 2-юми сентябр гуфт, тамоми сол дар Эрон ҳукми қатли 400 кас иҷро шуд.

Дар баёнияи мазкур аз ҳукумати Эрон хоста шудааст, ки иҷрои ҳукми қатлро билофосила бас кунад.

Ба гуфтаи Дафтари Масъули Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, “Паймони Байнулмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ, ки Эрон узви он аст, ҳукми қатлро фақат барои ҷиноятҳои фавқулода сахт, ки қатли барқасдона дониста мешавад, раво дидааст.”

Дар моҳи август дар Эрон 41 нафар барои қочоқи маводи мухаддир эъдом кардаанд.

XS
SM
MD
LG