Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ, як паноҳҷӯи бе ягон ҳуҷҷат


Ҳуҷҷатулло Ягонаӣ, шаҳрванди Эрон, ки се сол боз дар Тоҷикистон бе ягон ҳуҷҷат зиндагӣ дорад.
Ҳуҷҷатулло Ягонаӣ, шаҳрванди Эрон, ки се сол боз дар Тоҷикистон бе ягон ҳуҷҷат зиндагӣ дорад.

Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ, шаҳрванди 51-солаи Эрон, ки се сол боз “муваққатан” дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ нест, ки ӯро ба Эрон баргардонанд.

Мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ, шаҳрванди Эрон, ки шиносномаи худро дар шаҳри Душанбе гум кардааст, ба Эрон баргардонида шавад. Вале ҷаноби Ягонаӣ, ки як соли охир дар Хонаи пиронсолони Душанбе ба сар мебарад, мехоҳад, ӯро ба Амрико фиристанд ваё Созмони Милали Муттаҳид барояш ҳаққи паноҳандагӣ диҳад. Вай намехоҳад, ба Эрон баргардад, зеро мегӯяд, дар он ҷо барояш имкон нахоҳанд дод, ки ба Амрико сафар кунад.

Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ, эронии бе ягон ҳуҷҷат
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим


Ин пизишки 51-солаи эронӣ ва маъюби гурӯҳи аввал се сол пеш ба Душанбе омад ва мегӯяд, дар ин ҷо шиносномаашро гум кардааст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, борҳо ба сафорати Эрон дар Душанбе, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти Тоҷикистон муроҷиат караастд, то шиносномаашро пайдо ё барқарор кунанд, аммо бенатиҷа: «Вақте паспортамро гум карда, ба сафорат муроҷиат кардам, онҳо танҳо як бор гуфтанд, ки ба ту хат медиҳем, бо ҳамон меравӣ ба Эрон ва онҷо паспортатро дуруст мекунӣ. Аммо ман мутмаин будам, ки агар Эрон равам, наметавонам аз он берун равам. Вақте паспортамро дуздиданд, як нафаре ҳам буд, ки ба ман гуфт, ин корро одамҳои худатон карданд. Ба хотире ки ман аз инҷо дигар ҷое наравам, ба хусус давлати Амрико, ки ман зиёд мехостам, назди духтарам равам.Чун вақте дар Эрон будам, мақомоти он ба кори ман дахолат мекарданд ва ҳатто ҳамон корамро ки табибӣ мекардам, аз ман гирифтанд. Барои ҳамин ман чихел дубора ба ин кишвар равам?!»

Масъулони сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "воқеан аз ин қазия огоҳанд ва ба ин масъала расидагӣ хоҳанд кард." Онҳо аз ироаи ҷузъиёти бештари қазия худдорӣ карданд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ барои он хостори сафари Амрикост, ки духтараш аз никоҳи аввал дар он кишвар зиндагӣ мекунад ва ҳамсари дуюмаш бо як писар дар Эронанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ, агар ҳуҷҷати паноҳандагӣ надошта бошад, метавонад танҳо ба кишвари худаш ихроҷ шавад, на ба кишвари сеюм.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз аз номи ин шаҳрванди эронӣ мактубе ба онҳо нарасидааст. Оқои Қодирӣ мегӯяд, дар ҳолати дақиқ шудани он ки дар маркази пиронсолон як шаҳрванди эронӣ ба сар мебарад ва ӯ қоидаҳои будубошро дар Тоҷикистон вайрон кардаасту мӯҳлати раводидаш гузаштааст, бояд аз ин ҷо ихроҷ шавад. «Фақат ба кишвари худаш. Барои мисол, ҳеҷ вақт қонунгузории Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, нафаре ки аз Хитой аст, мо ӯро ба Амрико ё ягон кишвари дигар фиристем. Яъне тибқи қонун, бе доштани ҳуҷҷати паноҳандагӣ шаҳрванди хориҷӣ ба кишвари сеюм фиристода намешавад,» - мегӯяд Қодирӣ.

Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ ба ин вазорат муроҷиат накардааст. Қурбонбегим Толиббекова, як масъули котиботи вазорати умури дохилӣ мегӯяд, тамоми муроҷиати шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон ба ниҳоди онҳо марбут аст ва сабт мешавад. Аммо ба гуфтаи Толиббекова, феълан ин ниҳод мактуберо аз ин шаҳрванди эронӣ бо ному насаби Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ дар қайд надоранд: «Ҳамаи муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкил доранд, ба котиботи мо ворид мешавад. Ин шикоятҳо кам нестанд, шояд дар чанд соли пеш ба шӯъбаи шиносномадиҳӣ муроҷиат карда бошад. Мо танҳо ба қайд мегирем.»

Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ мегӯяд дар ду соли аввали дар Тоҷикистон буданаш иҷорашин буд ва сипас бо кумаки як сокини Душанбе ба Хонаи пиронсолон омад ва акнун дар ин ҷо ба сар мебарад. Ҳарчанд мудирияти Хонаи пиронсолон ӯро «як дарди сар» мехонад.

Мунаввара Сатторова, раҳбари Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе мегӯяд, ба хотири дар кӯча намондани ин шаҳрванди хориҷӣ дар фасли сарди зимистон ба ӯ дар ин марказ ҷой дода, сипас расман ба вазорати корҳои дохиливу кумитаи амният ва сафоратхонаи Эрон дар Душанбе муроҷиат кардаанд, то ин шаҳрванди хориҷиро барои зиндагӣ дар ин марказ ба расмият дароранд ё аз инҷо берун кунанд.
Мунаввара Сатторова, раҳбари Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе.
Мунаввара Сатторова, раҳбари Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе.
Аммо ба гуфтаи хонуми Сатторова, ин талошҳо то ҳол натиҷа надодаанд: «Меоянд, як сӯҳбат мекунанду мераванд. Сафорати Эрон ҳам таваҷҷуҳ надорад, ки ин шаҳрвандашро соҳибӣ кунад. Ба наздикӣ ҳам занг задам ба сафорат ва гуфтам, ки бародарҳо, ҳамин шаҳрванди шумо ҳаминҷост, онҳо аз ман суол мекунанд, ки ӯ ба Эрон рафтан мехоҳад ё не?! Мо ба хоҳиши ӯ ки ба кишвараш меравад ё не, кор надорем, мо бояд ба як низом дарорем.»

Ба гуфтаи Мунаввара Сатторова, рафтори ин «меҳмони нохонда» дурушт буда, ҳар чизе ки хоҳад, мегӯяд ва гӯё Тоҷикистону тоҷикҳо аз ӯ қарздор бошанд: «Шабу рӯз дар дасташ як компютер ҳамаро ҳақорат карда гаштаст. Баъзан асабонӣ мешавам, мегӯям, ҳамин ҳоло гираму аз дарвоза берунаш кунам. Намедонам, ин чӣ доду гирифт бо касе дорад, ӯро касе маблағгузорӣ мекунад, ки Интернеташ кор мекунад, ба мағоза меравад, чизи хостаашро мехарад.»

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 114 шаҳрванди хориҷиро ба далели нақзи қоидаҳои будубош аз кишвар ихроҷ кардааст ва мегӯяд, шумораи чунин афрод рӯ ба афзоиш дорад. Охирин амалиёти кашфи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар моҳи май доир шуд, вале Ҳуҷҷатуллоҳ Ягонаӣ ба сабаби иқоматаш дар Хонаи солмандон аз ин амалиёт эмин мондааст.
XS
SM
MD
LG