Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истироҳати занони рустоӣ дар "осоишгоҳ"-и кори якумрӣ


Истироҳати зани рустоии тоҷик дар "кор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:52 0:00

Истироҳати зани рустоии тоҷик дар "кор"

Бо оғози гармои тоқатфасо ва мавсими рухсатиҳо, сокинони кишвар ҳам аз интернет ва ҳам аз дӯстони худ маълумот ҷамъ мекунанд, ки рухсатии имсоларо дар куҷо, бо кӣ ва чӣ тавр гузаронанд.

Онҳое, ки рӯзҳои рухсатии худро барои истироҳат дар фасли тобистон нигаҳ доштаанд, намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳастанд, ки барномаҳои худро баробар бо шароити молиашон тарҳрезӣ мекунанд. Афроди пулдор, маъмулан ба Аврупо ва ҷазираҳои Амрикои Марказӣ мераванд, синфи миёна рӯзҳои офтобиро дар Туркияву Дубай ва Русияву Қирғизистон сипарӣ мекунанд, дороии аҳолии миёнаҳол бошад ба истироҳат дар осоишгоҳҳои дохили кишвар кифоят мекунад.

Аммо таври маъмул бахши умдаи мардум истироҳати тобистонаро барои анҷоми корҳои нимколаи худ сарф мекунанд. Баъзеҳо хона таъмир мекунанд, баъзеи дигар аз пайи табобат мешавад.

Танҳо қишре, ки аслан ё истироҳат надорад ва ё чӣ будани мавсими истироҳатро намедонад, мардуми деҳот аст. Махсусан занони деҳот, ки аксари онҳо на танҳо мавсим, балки рӯзи истироҳат надоранд. Рӯзи онҳо аз соати 5-и саҳар бо гову мол оғоз мешавад, сипас ба ҷӯякҳои обчакорӣ мекӯчад. Муроқибат аз фарзандон, пухтупаз ва шустушӯ аз корҳои хурду резаест, ки занҳои деҳотӣ онро кор ҳам намешуморанд.

Ҳабиба Абдуллоева, сокинони 63-солаи деҳаи Бобосурхони ноҳияи Ҳисор, соҳиби як боғи калон аст ва кор дар ин боғ тамоми се моҳи тобистонашро фурӯ мебарад. Абдуллоева на боре ба театр рафтааст ва на соҳили баҳрро бо чашм дидааст. Ӯ як зарра ҳам парво надорад, ки ин ҳамаро надидааст ва худро инсони хушбахт медонад. Хушбахтии зиндагӣ барояш будан дар ҳалқаи фарзанду наберагон аст. Ӯ рӯзона дар замину боғу ошхонаву оғил машғули кор аст ва шабона сериалҳои туркиву тоҷикӣ тамошо мекунад.

Истироҳати зани рустоии тоҷик дар "кор"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:52 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG