Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия шумораи муҳоҷиронро зиёд, вале Тоҷикистон кам мегӯяд. Омори воқеӣ кадом аст?


Акс аз бойгонӣ

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) 16-уми август омореро нашр кард, ки мувофиқи он дар ним соли 2019-ум 447 889 шаҳрванди Тоҷикистон вориди ин кишвар шудаанд. Аммо ба ҳисоби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин муддат 293 248 нафар муҳоҷири кории тоҷик ба Русия рафтаанд.

Маълум нест, кадоме аз ин омор дуруст аст ва баназар мерасад, ки ҳарду тараф мекӯшанд, шумори муҳоҷиронро ба хости худ нишон диҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон саъй доранд, нақши муҳоҷиронро дар пешбурди иқтисоди кишвар камранг намоиш диҳанд, аммо Русия бо таъкид бар шумораи зиёди онҳо гӯё гӯшзад мекунад, ки бузургтарин кордиҳанда ва хӯронандаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Чунин як ишораи Русия дар ҷараёни нишасти матбуотии президент Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои русаш зимни сафари расмиаш ба Русия дар шаҳри Маскав дар санаи 17-уми апрели имсол садо дод.

Владимир Путин, президенти Русия, дар нутқи хеш гуфт, беш аз 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва пулҳои фиристодаашон "ёрии бузург"-е барои хонаводаҳояшон аст.

Путин: "Барои тоҷикон шароити муносиб фароҳам кардаем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Эмомалӣ Раҳмон баръакси ҳамтои хеш шумори муҳоҷиронро дар Русия 480 ҳазор нафар гуфт ва афзуд, шумори онҳо назар ба солҳои пешин ҳудуди 50 дар сад кам шудааст. Дар идома раиси ҷумҳур ба мушкилот ва масоили муҳоҷират ҳам ишора кард, ки ҳанӯз ҳалталабанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тоҷикон дигар камтар ба Русия мераванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Мақомоти Русия шеваи ҳисоби муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар ошкор накардаанд. Вале Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, воқеан, тафовут дар омори Тоҷикистон ва Русия ҷой дорад.

Ӯ гуфт: "1 миллиону 200 ҳазор ин омори умумие аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар давоми соли гузашта ба Русия рафтаанд. Ба ин қатор шаҳрвандоне, ки шиносномаи Русияро доранд, низ шомиланд. Ё онҳое, ки ба нияти таҳсил ё сафари корӣ рафтаанд. Аммо ба ҳисоби миёна дар як сол то ним миллион нафар ба Русия ба нияти кор мераванд. Масалан, дар соли гузашта 484 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта буданд."

Саидов гуфт, дар нишасту бархостҳои мақомоти муҳоҷирати ду кишвар чанд сол боз фарқият дар омор рӯ мезанад ва "вазорат талош дорад рақами дурустро ба даст оварда, номутобиқатӣ дар ҳисобҳои ду ҷонибро бартараф кунад".

Аммо коршиносон мегӯянд, раванди муҳоҷирати корӣ дар Русия таврест, ки омори расмӣ баёнгари шумораи аслӣ нест ва ба иштибоҳ мебарад.

Раҳмон Ӯлмасов, пажӯҳишгари тоҷик, ки масоили муҳоҷиратро пайгирӣ мекунад, мегӯяд: "Муҳоҷирони тоҷик, ки сари вақт шартномаи кор ва ё патентро ба даст оварда наметавонанд, ҳар се моҳ марзи Русияро боре убур карда, аз нав вориди ин кишвар шаванд. Барои мисол, нафаре дар як сол се бор марзи Русияву Қазоқистон ё Украинаро мегузарад ва се бор дар мақомоти марзбонӣ сабти ном мешавад. Ҳамингуна омори вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия меафзояд. Дар асл ин миқдор муҳоҷирон дар ин кишвар нестанд."

Пажӯҳишгари тоҷик афзуд, аз рӯи пуле, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳар сол мефиристанд, дар мавриди кам ё зиёд шудани муҳоҷирон дар Русия мешавад хулоса кард. Ӯ гуфт, беш аз ҳама муҳоҷирон соли 2014 ба Тоҷикистон беш аз 4 миллиард доллар маблағ фиристода буданд ва аз ин рӯ мешавад хулоса кард, ки шумораи муҳоҷирон дар Русия он сол зиёд буд.

Вале бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, дар муҳоҷират раванди тозае оғоз шудаст, ки муҳоҷирони тоҷик оилавӣ ба Русия мекӯчанд ва шумораи хеле ками онҳо ба Тоҷикистон пул мефиристанд.

Ба ин тартиб, омори дақиқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия маълум нест. Вале он чи ба қавли коршиносон маълум аст, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия аз муҳоҷирон баҳра мегиранд. Яке чархи иқтисоди хонаводаҳоро бо нерӯи онҳо мегардонад, дигаре аз нерӯи арзони корӣ истифода мекунад.

Шарҳҳоро бинед (19)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG