Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили нақбҳои нав чист? ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон аз вазъи нигоҳдошти нақбҳои мошингузар дар кишвар ҷиддан нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки тақрибан дар ҳамаи нақбҳо хадамоти кӯмакрасон дуруст амал намекунад. Ба қавли мақомот, дар ҳамаи панҷ нақби Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд, ки бояд фавран ҳал шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ронандагон мегӯянд, ҳарчанд нақбҳо роҳи онҳоро хеле кӯтоҳ кард, аммо барояшон мушкилиҳои дигарро эҷод кардааст. Аз ҷумла, дар ҳолате, ки агар нақлиёт дар дохили нақб хароб шавад, касе ба кӯмакашон намерасад. Коршиносон мегӯянд, нақбҳои Тоҷикистон аз оғоз гирифтори мушкил ҳастанд ва танҳо бо "нигаронӣ", наметавон онҳоро ҳал кард.

Вазъи хизматрасонӣ дар нақбҳо чӣ гуна аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

"Рӯ ба раҳми Худо мемонем"

Салоҳиддин Наҷибов, сокини ноҳияи Данғара ҳамарӯза аз нақбҳои "Озодӣ" ва "Хатлон" убур мекунад. Салоҳиддин мегӯяд, ҳар боре, ки мошинаш дар дохили нақб хароб шавад, касе ба кӯмакаш намешитобад. Аз ҷумла рӯзи 17-уми октябр вақте мо аз нақби "Озодӣ" убур мекардем, Салоҳиддинро машғули дарёфти таъмири мошинаш ёфтем. Ба истилоҳ болт ё печҳои чархи автомобили ӯ ҷудо шуда, қариб буд, нақлиёти ин ҳамсуҳбати мо ба садама дучор шавад.

Салоҳиддин, ки дар даромадгоҳи нақб ягон маркази хизматрасониеро мушоҳида накарда буд, то расидани мо бо рушноии телефони мобилӣ ба таъмири мошин пардохт. Давоми қариб 40 дақиқае, ки мо дохили нақб будем, ягон ёрие аз тарафи на ронандагон ва на масъулони нақб ба Салоҳиддин нарасид.

Нарасидани кӯмак зоҳиран барои Салоҳиддин ғайричашмдошт набуд, чун аз касе ёрӣ мунтазир нашуда, худ машғули таъмири нақлиёташ буд. Ин қаҳрамони мо, ки худ собиқ корманди низомӣ аст, мегӯяд, дар дигар давлатҳо на танҳо дар дохили нақб, ҳатто дар роҳи биёбон мошинатон вайрон шавад, ба кӯмакатон мешитобанд.

"Дар давраи Шӯравӣ дар поён як нуқта буд пеш аз баландӣ баромадан мошинатро тафтиш мекардӣ, баъд мебаромадӣ. Ҳоло аз куҷо..... Ёрии аввалия барои мошин ҳатман бояд бошад. Мехоҳем дар ҳаминҷойҳо барои мошинҳо автосервис кунанд ва ёрии аввалия расонанд. Дар дигар давлатҳо, мисол дар биёбонҳои Қазоқистон, мошинат вайрон шавад, масъулин омада, ёрдам мекунанд, мошинатро мебаранд. Аммо дар мо агар мошинат вайрон шавад, натанҳо масъулини нақб, балки ҳатто ронандаҳо "сигнал" медиҳанд, ки яктараф ист, гузарем. Касе ёрдам намекунад,”-мегӯяд Салоҳиддин.

Салоҳиддин, ки давоми қариб 40 дақиқа дар дохили нақб нақлиёташро таъмир мекард, ба дасташ нигоҳ карда гуфт, панҷаҳояш сафед шудаанд, чун ҳаво дар инҷо намерасад. Ин ҳамсӯҳбати мо аз он тарс дорад, ки мошинаш дар дохили нақб агар оташ гирад, чӣ кор мекунад.

"Мошинамонро барои таъмир бурданд"

Ронандагон дар ҳоле аз набуди кӯмак дар ҳолатҳои фавқуллода дар дохили тунелҳо шикоят мекунанд, ки масъулини баъзе аз нақбҳо мегӯянд, онҳо ҳамарӯза барои кӯмак ба дармондагон омодаанд. Вақте мо ба беруни нақби “Озодӣ” баромадем, дар нуқтаи назорати нақб се корманд бо як техникаи хурд қарор доштанд. Ҷуз ин дигар нишонае аз хизматрасонӣ набуд.

Раҷабалӣ Шоназаров, як масъули нақби “Озодӣ” шикояти ронандагонро дар бораи кӯмак дарёфт накарданашонро рад карда ва мегӯяд, дар ҳолатҳои фавқуллода онҳо бо техникаҳои махсус ба кӯмаки ронандагон мешитобанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Шоназаров, "агар мошине вайрон шавад, мо ба зудӣ ёрии аввалия мерасонем, беморашро мегирем, назорати роҳро таъмин мекунем. Нигоҳ мекунем, ки ягон ҳолати фавқулоддаи дигар нашавад. Кормандони дохили нақб ду нафар ҳастанд, боз оператор бо навбат назорат мекунанд. Ҳар ҳафта то як-ду мошинро аз дохили нақб берун мебарорем."

Аммо ба пурсиши мо дар бораи дар куҷо будани нақлиёти махсусашон масъулини нақби “Озодӣ” посух доданд, ки онро барои таъмир бурдаанд ва маълум нест, ки кай меоранд. Инчунин масъулини ин нақб тасдиқ мекунанд, ки дар дохили нақб камераҳои назоратӣ надоранд, хати доимии тамос низ вуҷуд надорад ва онҳо аз дармондани ягон мошин танҳо дар он ҳолат хабардор мешаванд, ки ронандагони дигар онҳоро огоҳ кунанд.

"Муваффақияте, ки аз мушкилот раҳо нашуд"

Бунёди нақбҳои мошингузарро Ҳукумати Тоҷикистон аз муваффақиятҳои худ дар замони истиқлолият медонад. Дар Тоҷикистон панҷ нақб вуҷуд дорад, ки якеи онро Эрон ва боқиро Чин бунёд кардааст. Дар гузашта дар сурати пайдо шудани мушкил дар нақбҳо мақомоти тоҷик онро ба кори пастсифати сохтмончиён рабт медоданд. Аммо ин камназир аст, ки мақомоти тоҷик аз вазъи нигоҳдории нақбҳо бонги изтироб мезананд.

Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки нақбҳои кишвар зери назорати ин ниҳод қарор дорад, мегӯянд, масъалаи мазкур дар як ҷаласа бо ҳузури Азим Иброҳим, муовини сарвазири кишвар баррасӣ шудааст.
Масъулини Вазорати нақлиёт мегӯянд, дар ин ҷаласа, гуфта шуд, ки тақрибан дар ҳамаи 5 нақби кишвар камбудиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.

Дар Вазорати нақлиёт аз ин камбудиҳои ҷиддӣ ном бурда мегӯянд, “камераҳои мушоҳидавӣ, назорати компютерии вазъи дохили нақб, маҷмааҳои ҳаводиҳӣ бояд дар ҳолати кории доимӣ қарор дошта бошанд. Дар нақбҳои “Хатлон”, “Озодӣ”, “Истиқлол” ва “Шаҳристон” қисме аз фурӯзонакҳову ҳавотозакунакҳо ва қариб, ки ҳамаи дастакҳои сӯхторхомӯшкунӣ, ниёз ба иваз кардан доранд. Сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини коршоямии техникаю таҷҳизот ба талабот ҷавобгӯ набуда, мутахассисон ниёз ба бозомӯзӣ доранд.”

Ба таъкиди масъулин, қарор аст дар дохили ҳамаи нақбҳо, сохторҳои хизматрасон бо мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва шустани нақб, мошини махсус (гидрорукав) барои таъмиру иваз намудани фурӯзонакҳо ва ҳаводиҳандаҳои сақфи нақб ва мошин барои таҳвили воситаҳои нақлиётӣ аз дохили нақб, муҷаҳҳаз гардонида шаванд

"Сохтори алоҳида шавад, аммо на барои пулҷамъкунӣ"

Коршиносон мегӯянд, нақбҳои Тоҷикистон аз замони бунёдашон ба мушкилотҳои гуногун гирифтор буда, ҳалли фавриро тақозо мекунанд.
Усмон Ниёзов, рӯзноманигори иқтисоднависи тоҷик мегӯяд, ба ҷуз аз берун баровардани оби дохили тунелҳо, дигар масъалаҳои нақбҳо дар Тоҷикистон ҳамоно ҳалношуда боқӣ монд.

Ба таъкиди ҷаноби Ниёзов, "дар вазорати нақлиёт чандин вазир иваз шуд, вале барои беҳтар кардани хизматрасонӣ дар дохили нақбҳо ягон кори ҷиддӣ накарданд. Агар мушкил дар ширкатҳои бунёдкунандаи нақбҳо аст, пас чаро вазорати нақлиёт аз аввал ба кори ин ширкатҳо таваҷҷуҳи зиёд накард."

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, роҳи ҳалли мушкили нақбҳои Тоҷикистон дар ташкили як ниҳоди алоҳида дар сохтори Вазорати нақлиёт мебошад. Аммо дар ҳеҷ сурат ба гуфтаи Усмон Ниёзов, ин ниҳоди нав набояд ба манбаи пулситонӣ аз ронандагон табдил ёбад.

Мақомот дар ҳоле аз пайи ҳалли мушкили дохили нақбҳо шудаанд, ки қаблан ҳолатҳои ҳалокати одамон дар дохили нақбҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла соли 2013 Лутфулло Сайидов, як сокини 49-солаи шаҳри Панҷакент ҳангоми убур аз дохили нақби “Истилол” нафасгир шуда, ба ҳалокат расид.

Тибқи иттилои расмӣ, дар солҳои истиқлолият, дар Тоҷикистон 5 нақб бо дарозии 18 км сохта шудааст. Ин нақбҳо бо маблағи беш аз 248 миллион доллар, асосан бо ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёд шудаанд.

XS
SM
MD
LG