Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет ба Тоҷикистон аз куҷо меояд?


Ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон мегӯянд, дар сурати қатъ шудани хатҳои интиқоли интернет аз сӯи Қирғизистон мушкили хосе пеш нахоҳад омад.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин баҳс ба миён омад, ки Тоҷикистон ҳудуди 80 дарсади интернеташро тариқи Қирғизистон мегирад ва бино ба ин манобеъ, гӯё намояндагони мардумии қирғиз ин масъаларо ҳам матраҳ кардаанд, ки дар баробари бастани ҳарими ҳавоӣ ба рӯи Тоҷикистон, хатти интиқоли интернетро ҳам бубанданд. Ин баҳс нигарониҳоеро дар миёни муштариён ба бор овардааст.

Аммо Тоҳир Ёқубов, сармуҳандиси «Тоҷиктелеком», бузургтарин ширкати мухобиротии Тоҷикистон, мегӯяд, Интернет асосан аз Русия ба воситаи Қазоқистон ва аз он ҷо ба воситаи Қирғизистону Ӯзбакистон ба Тоҷикистон интиқол меёбад: «Бале, кишварҳои транзитӣ манфиатдоранд, ки яккатоз бошанд, аммо мо ба ин манфиатдор нестем, ки аз як кишвар ворид кунем. Ин қабл аз ҳама ба интиқоли интернет вобаста аст, яъне агар ягон ҷо хатти нурӣ канда шавад, мо бидуни интернет мемонем. Аз ин хотир, мо аз қабл омодагӣ дидаем.»

Бо вуҷуди ин намояндагони ширкатҳои интернетрасон ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки аз ду роҳ -- Ӯзбакистон ва Қирғизистон агар ҳатто яке ҳам қатъ шавад, мушкилот пеш меояд. Ба қавли онҳо, қимати хадамот боло меравад ва ҳам суръати интернет суст мешавад, аммо қатъ шудани он даргумон аст, зеро Қирғизистон ва ҳар кишвари транзитӣ намехоҳад ин манбаи даромадро аз даст диҳад.

Беҳзод Файзуллоев, соҳибмулки «Вавилон – Т», бузургтарин ширкати интернетрасон, мегӯяд, масъалаи танаввуъ ё гуногунии манобеъро аз аввал дар мадди назар будааст: «Роҳи ниҳоӣ моҳвора аст, ки онро наметавон қатъ кард. Бале, хеле қимат мешавад, аммо ин ҳам як роҳ аст. Масалан, ширкати мо ҳам аз Қирғизистон ва ҳам Ӯзбакистон интернет мегирем. Хеле хуб мешуд, ки барои гирифтани он аз Афғонистон ҳам иҷоза медоданд.»

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011 қарор карда буд, ки тамоми шароит барои ба як кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистонро фароҳам кунанд. Дар ҳоли ҳозир, кишвар ба шабакаҳои хориҷӣ тариқи Ӯзбакистону Қирғизистон ва Афғонистон пайваст шудааст. Бино ба бархе манобеъ, сохтани хатти нурӣ ба Чин ҳам идома дорад, аммо дар ин маврид Хадамоти алоқа иттилое намедиҳад.

Беҳзод Файзуллоев мегӯяд, Чин барои ширкатҳои хеле гарон тамом мешавад, зеро фосила хеле зиёд аст, аммо истисно намедонад, ки ин як иқдоми воқеӣ аст ва замоне роҳандозӣ хоҳад шуд.

Асомуддин Атоев
Асомуддин Атоев
Дар ҳамин ҳол, Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон, мегӯяд, фаъолияти ширкатҳои маъруф, назири Tcell, Билайн, Мегафон, дар Тоҷикистон далели боризи ин аст, ки барои ширкатҳои ватанӣ майдони фарохи фаъолият фароҳам кунанд: «Онҳо моро нишон медиҳанд, ширкатҳои ватании мо метавонанд ба кишварҳои дигар мисли онҳо рафта, фаъолият кунанд ва захираи молиявии кишварро ғанӣ гардонанд. Аммо танзимгари соҳаи мо инро намебинад, гӯё барои мо ин набошад. Аз тамоми кӯшишҳои ширкатҳои ватанӣ ҷилавгирӣ мекунем, ки аз сарҳад берун нашаванд, бахусус ба самти Афғонистон. Ва мавқеъро муфт медиҳем ба Ӯзбакистон.»

Асомуддин Атоев мегӯяд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки дар гузашта дар ҳайати вазорати нақлиёт ва мухобирот буд, соли 2007 аз кӯшиш ба Афғонистон ворид шудани ширкати миллии «Вавилон – Т» ҷилавгирӣ кард ва соли 2009 «Тоҷиктелеком», ширкати давлатиро иҷоза дод. Вай афзуд, аммо дер шуда буд, зеро ширкатҳои Ӯзбакистон вориди Афғонистон шуданд ва ҳоло беҳтар аз ширкатҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд.

Дар Тоҷикистон 120 ширкати интернетрасон сабти ном шуда, аммо дар асл дар ин бозор 10 ширкат, аз қабили Babilon-T, Saturn Online, Eastera, Intercom, Telecom technology ва Tojnet бештар миёни ҳам рақобат мекунанд ва ҳар яке хатҳои нурии худро ба хориҷи кишвар доранд. Дар баробари ин, ҳамаи ширкатҳои мобилӣ интернети мобилиро роҳандозӣ кардаанд ва амалан 70 дарсади сокинони Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд.
XS
SM
MD
LG